Нақшаи кишти пиёз дар Тоҷикистон мушаххас шуд: Чанд гектар?

© Пресс-служба президента РТПосадка картофеля в Согдийской области
Посадка картофеля в Согдийской области - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 05.03.2023
Обуна шудан
Соли равон дар бисёре аз кишварҳои Осиёи Марказӣ камбуди захоири пиёз ба мушоҳида расид, ки дар натиҷа давлатҳо содироти ин маҳсулотро маҳдуд карданд
ДУШАНБЕ, 5 мар — Sputnik. Соли 2023 дар хоҷагиҳоиТоҷикистон дар майдони беш аз 17 ҳазор гектар кишти пиёз гузаронида мешавад, хабар дод "Ховар" аз қавли Вазорати кишоварзии ҷумҳурӣ.
Ба иттилои манбаъ, аз ин майдон зиёда аз 11 ҳазор гектарро пиёзи барвақтӣ ташкил медиҳад,.
Зикр гардидааст, ки соли сипаригардида дар ҷумҳурӣ зиёда аз 672 ҳазор тонна пиёз истеҳсол шуда, зиёда аз 66 ҳазор тоннаи он ба хориҷ содир гардидааст.
Дурнамои кишти пиёз дар ҳоле эълон гардид, ки феълан дар Тоҷикистон мавсими кишти он идома дорад.
Сельскохозяйственная ярмарка в Ялте - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 26.02.2023
Буҳрони сабзӣ намешавад: Нақшаи вазорати кишоварзии Тоҷикистон барои кишти бештар
Ба иттилои масъулини Вазорати кишоварзӣ, дар шароити Тоҷикистон пиёзро дар се давра - аввали баҳор, тирамоҳ ва зимистон мекоранд. Ғайр аз ин, барои гирифтани пиёзи тирамоҳӣ ва аввали баҳор тухмиро моҳи август мекоранд.
Кишти пиёзи аввали баҳорро охири феврал-аввали март гузаронда мешавад, ки дар Тоҷикистон хеле вусъат ёфтааст. Гуфта мешавад, ки дар сурати дертар кишт намудан, яъне дар моҳи апрел ҳосили пиёз кам мешавад.
Тавзеҳ дода шудааст, ки дар ҳарорати баланд қисми рӯихокии пиёз назар ба бехаш зудтар инкишоф меёбад ва маҳз ба ҳамин далел ҳосил камтар хоҳад буд.
Ин дар ҳолест, ки соли равон дар бисёре аз кишварҳои Осиёи Марказӣ камбуди захоири пиёз ба мушоҳида расид, ки дар натиҷа давлатҳо содироти ин маҳсулотро маҳдуд карданд.
Лентаи хабарҳо
0