Буҳрони сабзӣ намешавад: Нақшаи вазорати кишоварзии Тоҷикистон барои кишти бештар

© Sputnik / Константин Михальчевский / Гузариш ба медиабонкСельскохозяйственная ярмарка в Ялте
Сельскохозяйственная ярмарка в Ялте - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 26.02.2023
Обуна шудан
Тоҷикистон нақша дорад, барои пешгирӣ аз норасоии сабзӣ дар бозори истеъмолӣ кишти онро ба таври қобили мулоҳиза афзоиш диҳанд
ДУШАНБЕ, 26 фев- Sputnik. Кишоварзони Тоҷикистон нақша доранд, ки соли 2023 дар майдони 4938 гектар сабзӣ кишт кунанд.
Барои таъмини пештари бозор интизор меравад, ки дар 1770 гектари онро кишти барвақтӣ сурат бигирад, хабар медиҳад, АМИТ "Ховар" ба нақл аз Вазорати кишоварзии ҷумҳурӣ.
Ин нишондиҳанда нисбат ба соли 2021, ки он замон бинобар камчинӣ қимати он то 10 сомонӣ расида буд, 200 гектар бештар аст.
Ба иттилои манбаъ, соли 2022 кишоварзони кишвар 499 ҳазору 170 тонна сабзӣ ҷамъоварӣ намуданд, ки тибқи мушоҳидаҳо ҳоло дар бозорҳом камбуд ба назар намерасад.
Ҳамчунин кишвар тавонистаас дар ин муддат ба хориҷи мамлакат 5 ҳазору 600 тонна аз ин маҳсулот содирот кардааст.
Торговля на рынке Истарвашана - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 31.01.2023
Маълум шуд, чаро нархи пиёз дар Тоҷикистон гарон шуд - видео
Қаблан масъулини Иттифоқи "Тоҷикматлубот" гуфта буданд, ки ҳоло дар анбору сардхонаҳои ин ниҳод дар ҳамкорӣ бо соҳибкорон 100 тонна сабзӣ нигоҳдорӣ мешавад.
"Дар айни замон дар анбору чоҳҳои нигоҳдории махсус миқдори зиёди сабзӣ низ мавҷуд аст. Аз ин рӯ мо давра ба давра бозори истеъмолиро бо ин навъи маҳсулот таъмин менамоем", — гуфтанд аз "Тоҷикматлубот".
Бар фарқ аз сабзӣ ин шабу рӯзҳо Тоҷикистон ва ҳатто кишварҳои минтақа мқшкили камбуди пиёзро пушти сар мекунанд, ки нархи он низ ба таври боварнокарданӣ боло рафт.
Бинобар ин гароншавӣ (100-12 сомонӣ барои ҳар кило) масъулини соҳаи кишоварзиро водор намудааст, ки майдони кишти ин навъ зироатро бештар кунанд.
Масалан дар Суғд мехоҳанд, ки барои рафъи ин камбуд соли ҷорӣ дар майдони 4171 га кишти пиёз гузаронанд. Ин рақам аз нақшаи соли қаблӣ 730 га зиёд мебошад.
Лентаи хабарҳо
0