Раҷабов размикори шикастнадидаро дар UFC мағлуб карду рекорд гузошт

© Foto / Шабакаҳои иҷтимоии Лоиқ РаҷабовБоец Лоик Раджабов
Боец Лоик Раджабов - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 05.03.2023
Обуна шудан
Размикори тоҷик дар нахустин набардаш дар созмони бонуфузи UFC бар паҳлавони аргентинӣ пирӯз гардид, ки то ҳол дар фаъолияти касбияш ҳеч шикаст надошт
ДУШАНБЕ, 5 мар — Sputnik. Дар пайи зӯрозмоии седаврӣ бо қарори якдилонаи доварон, размикори тоҷик, Лоиқ Раҷабов ғолиби нахустин сабқаташ дар созмони UFC эълон гардид.
Размикори кори тоҷик дар рақобати дебютиаш дар ташкилоти UFC дар шаҳри Лас-Вегас бо варзишкори аргентинӣ Эстебан Рибовичи 26-сола вориди майдон шуд. Сабқати онҳо оғози мусобиқаи UFC 285 гардид.
Эстебан Рибович то ин зӯрозмоияш ҳеч бохте надошт ва ҳамаи 11 сабқаташро бо пирӯзӣ анҷом дода буд. Раҷабов дар ин сабқат бо текдаунҳо ё аз по заданҳои ҳариф, ки 11 бор дар 3 давр анҷом додаст, рекорд гузоштаст.
Лоиқ Раҷабов бо шикаст додани Рибович шумораи пирӯзиҳояшро ба 17 адад расонд. Вай ҳамчунин то ҳол 4 шикаст ва 1 мусовӣ дорад.
Нурулло Алиев - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 26.02.2023
Набарди таърихӣ: Нурулло Алиев дар нахустин рақобаташ дар UFC пирӯз шуд-видео
Қаблан гуфта мешуд, ки амали Конор Макгрегор имкони роҳ ёфтани Лоиқ Раҷабов ба UFC-ро халалдор кард. Размикори тоҷик мебоист барои роҳ ёфтан дар ташкилоти бузург дар The Ultimate Fighter 31 ширкат мекард, аммо Макгрегор ба ҷои ӯ намояндагони худашро овардааст.
Аммо дар пайи он, ки рақиби Рибович аз мусобиқа даст кашид, Раҷабов ҳамчун ивазкунанда ба майдон баромаду пирӯз шуд.
Раҷабов қаблан дар PFL ширкат мекард ва бори охир дар лигаи Eagle FC дар ташкилоти Ҳабиб Нурмуҳаммадов мубориза бурдааст. Ӯ 32 сол дошта, бо лақаби Jaguar Paw машҳур аст.
Лентаи хабарҳо
0