Набарди таърихӣ: Нурулло Алиев дар нахустин рақобаташ дар UFC пирӯз шуд-видео

© из личного архиваНурулло Алиев
Нурулло Алиев - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 26.02.2023
Обуна шудан
Ин 9-умин пирӯзии размикори тоҷик Нурулло Алиев дар фаъолияти касбиаш аст. Ӯ варзишкори бразилӣ - Рафаэл Алвесиро аз "пой афтонд"
ДУШАНБЕ, 26 фев — Sputnik. Нурулло Алиев дар нахустин рақобаташ дар UFC бар рақиби бразилияш Рафаэл Алвеси пирӯз шуд.
Ин 9-умин пирӯзии Алиев дар фаъолияти касбиаш аст. Ӯ бо қарори якдилонаи доварон пирӯзиро ба даст овард.

"Ман фахр мекунам, ки фарзанди арзандаи халқам ҳастам. Ташаккур ба ҳар касе, ки нигарон буд. Тоҷикистон, ман дастгирии шуморо ҳис кардам", - гуфт Алиев.

Муҳорибаи размикори тоҷик дар Лас Вегас дар доираи мусобиқаи UFC Fight Night 220 сурат гирифт.
Алиеви 22-сола аввалин тоҷикест, ки моҳи сентябр бо шикаст додани рақиби амрикоиаш Ҷош Уик бо ташкилоти бонуфузи UFC шартнома баст.
Рақиби Алиев дар нахустин сабқаташ дар UFC маълум шуд
Ӯ то кунун ҳафт рақобат доир карда бохтро надидааст ва пас аз дарёфти шартнома гуфт, камарбанди қаҳрамонии ташкилоти Дана Уайтро ду сол пас хоҳад гирифт.
Лентаи хабарҳо
0