Шабаҳи гуруснагӣ. Паёмадҳои таҳримҳо алайҳи Русия дар Аврупо чӣ гуна хоҳанд буд

© Sputnik / Sergey Pivovarov / Гузариш ба медиабонкПустые полки в супермаркете в Мадриде
Пустые полки в супермаркете в Мадриде - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 04.03.2023
Обуна шудан
Дар Британия сабзавот камёфт шуду нархаш чаҳор маротиба боло рафт. Шабакаҳои фурӯшгоҳҳои калонтарин иҷборан фурӯши ин намуди маҳсулотро ба меъёр дароварданд
ДУШАНБЕ, 4 мар — Sputnik, Надежда Сапина. Иттифоқи фермерони кишвар аз ҳукумат даъват дорад истеҳсоли маҳсулоти кишоварзии серхароҷотро дастгирӣ намояд. Ҳукумат бошад ба аҳолӣ тавсия додааст, ки ба ҷои сабзавот бехмева истеъмол намояд.

Ҷабр ба чони худ

Седонагӣ бодирингу помидор ва ё қаламфур ба ҳар як харидор – чун дар солҳои аввали баъдиҷангӣ.Фурӯши хуриш, гулкарам, боимҷон ва тамашк низ маҳдудият дорад. Аммо сокинон решаи ҳамаи бадбахтиҳоро дар сиёсати саҳлангоронаи Лондон мебинанд: аввал - Brexit, акнун–даст кашидан аз харидории захираҳои энергетикии Русия.
Малышева: страны ЦА находятся в достаточно уязвимом положении - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 29.06.2022
Коршинос гуфт, кадом кишварҳои Осиёи Марказӣ эҳтимол таҳрим шаванд - видео
Арзиши барқ якчанд маротиба боло рафт, доштани гармхонаҳо гарон меафтад.
Аммо дар ҷавоб ба мурочиатҳои фермерон бобати дастгирии давлатӣ вазири муҳити зист Тереза Коффи эълон дошт, ки "наметавонад обу ҳаворо дар Испания назорат кунад", ва маслихат дод, хуришу помидорро ба шалғам ва дигар бехмева иваз намоянд.Ба гуфти ӯ камчинӣ таи як моҳ давом хоҳад кард. Ба онҳое, ки маблағашон ба харидани хӯрок намерасад,Тереза Коффи тавсия дод бештар меҳнат кунанд.
“Як роҳи зиёд намудани даромад- ин якчанд соат бештар кор кардан ва ҳам баланд намудани ихтисос мебошад,”-ишора кард вазир.
Раиси Иттифоки миллии фермерон Миннет Беттерс огоҳ менамояд: бемулоҳизагӣ дар муносибат ба соҳаи кишоварзӣ ба заиф гардидани иқтисодиёт мерасонад.Баромадан аз Иттиҳоди Аврупо расонидани озуқа ба Британияро беманфиат гардонид.
Мошинҳои боркаш наметавонанд дар бозгашт аз кишвари бор бурдаашон бори дигар биёранд ва маҷбуранд холӣ баргарданд. Кишвар аз воридоти озуқа вобастагии калон дорад ва амнияти озуқаворӣ зери хатар аст.
Саммит G7 - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 28.06.2022
"Ҳафтгонаи бузург" аз таҳрим кардани Путин тарсид
Ба андешаи директори Ассотсиатсияи бритонии истеҳсолкунандагон Ҷек Уорд яке аз сабабҳои душвориҳои пешомада - ин беқурбшавии пул ҳам хаст.

Ҳашамати дигар

Ҳарчанд дар кишварҳои дигари ин минтақа ба монанди Испания ва Франсия камбуди маводи озуқа ҷой надорад, лек дар он ҷо низ нархҳо ба осмон дакка задаанд.
МУдири фонди рушди энергетикӣ Сергей Пикин дар он назар аст,ки аз ҷиҳати захираҳои энергетикӣ дар ИА корҳо хубанд, захираи гази моеъ ҳоло ба миқдори зарурӣ мавчуд аст. Муаммо дар сари нарх аст.
”Ба Британия гази Русия ворид намегардад.Нафт ва маҳсулоти нафтӣ тавассути кишварҳои сеюм,азҷумла – Ҳиндустон,харидорӣ карда мешаванд. Ин ба он расонидааст, ки масофаи байни истеҳсолкунанда ва истеъмолкунанда ва арзиши интиқоли сӯзишворӣ меафзояд.Ва дар охир вазнинӣ чайби истеъмолкунанда мерасад ”- шарҳ медиҳад ӯ.
Иностранный бизнес уходит из России - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 11.06.2022
Ширкатҳои хориҷӣ дар Русия бар асари таҳрим хисороти зиёд диданд
Гап агар дар сари сабзавот бошад, харидории он аз Чин арзонтар мефарояд.
“Барои ин азнавсозии системаи интиқолу махсулот-логистика лозим меояд.Тахмин мезанам, ки ҳукумати Британия метавонад дар ин маврид ба фермерон кумак расонад.Гап дар сари афзалияти маблағгузорӣ аст-ба взорати дифоъ сарф кунад ё ба соҳаи кишоварзӣ”, - чунин назар дорад Пикин.
Коршиноси мустақил Леонид Хазанов ёдрас менамояд, ки дар Лондон ҳар замон дар бораи дастгирии кишоварзони ватанӣ ҷор мезананд, лек дар ин самт кам амале ба сомон расонида мешавад.
Соли сипарӣ иҷозаи истифодаи пестидсиди безаҳрро ҳини парвариши лаблабуи қанд доданд. Аммо боҷи баландшудаи воридотӣ барои нуриҳои минералиро аз байн набардоштанд, ҳарчанд фермерон аз гаронии арзиши он азият мекашанд.
Арзиши баланди газ бошад имкон намедихад, ки ба пуррагӣ истеҳсоли дохилии нуриҳои минералиро барои баровардани ниёзи кишоварзон ва паррандапарварон ба роҳ монанд. Ва табиист, ки ангушти ишора сӯи Украина доранд.
Премьер-министр Венгрии Виктор Орбан  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 20.02.2023
Орбан: Агар Аврупо ҷанг мехоҳад, бигзор бо таваррум мубориза барад
Фермерони лаҳистони ба намоишҳои эътирозӣ баромаданд, то воридоти гандум аз Украина пешгирӣ карда шавад. Зеро гандуми пастсифату арзони украинӣ истеҳсолкунандагони лаҳистониро ба муфлисшавӣ наздик бурдааст.
Лаҳистониҳо ҳосили гандумашонро ҳатто бо арзиши сеяки давраи мавсим наметавонанд фурӯшанд. Бо вуҷуди ин, Комиссияи Аврупо барои Киев имтиёзҳои содиротиро ба мӯхлати боз як соли дигар дароз намуд.

Тарҳҳои минбаъда

Фикри наве пешниҳод намудаанд, ки дар мавриди бӯҳрони озуқаворӣ аз маҳсулоти аз ҳашароти коркардшуда истифода бурда шавад. Дар Варшава дар фурӯшгоҳҳои калон ҳашароти чирчиракро дар шакли ордкардашуда аз ширкати финнии Griidy пешниҳод менамоянд.
Ҳамчунин,омехтаҳо барои омода намудани угро ва пухтупаз мавҷуданд.Дар ИА барои ба ҷои гӯшт ба сифати илова истифода бурдани сафедаҳо, чирчирак, хока аз кирм, кирм ва митта ичозат хаст. Ин амал,гуё партови гази азот ба атмосфераро аз чорводорӣ кам менамуда бошад.
Хокаи аз ҳашарот омодашударо ба орди ғалладонагиҳо барои пухтани нон,печени ва угро омехта менамоянд. Барои ин тамғазании махсус лозим аст, зеро реаксияи ғайритабиӣ (аллергия) рух доданаш мумкин аст. Хулласи калом,назарпурсиҳо нишон доданд, ки аврупоиён аз чунин ғизо хушнуд хам нестанд
Председатель Совета Федерации РФ Валентина Матвиенко  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 05.02.2023
Русия аз Аврупо хост ифротгароёнеро, ки Қуръонро сӯзонданд ҷазо диҳад
.Рӯзномаи бритонии Express хабар медиҳад,ки ҳатто дар байни ҷавонон – синни аз 18 то 24-сола -на хама хоҳиши чашидани гӯшти сунъиро доранд (49%). Факат 26%-и истеъмолкунандагони синнашон аз 65 боло омодаанд гӯшти сунъиро харидорӣ намоянд.
"Беҳуда интизори он шудан лозим нест, ки ғизо аз ҳашарот дар Британия ва дигар кишварҳои Ғарб сар то сар паҳн мешавад", - мегӯяд Леонид Хазанов.
Ба гуфти ӯ, аҳолӣ аз ҷиҳати психологӣ ба ин омода нест, фермаҳо оид ба парвариши ҳашароти серкаллория низ ба зудӣ пайдо намешванд - ин намуди тиҷорат на камтар аз паррандапарварӣ серхарочот аст. Шалғам ҳам, бидуни хоҳиши вазири муҳити зист, наметавонад сабзавоти маъмулиро иваз намояд: ин бехмева хусусиятҳои хоси худро дорад ва истеъмоли онро ҳини бемориҳои рӯдаву меъда ва гурдаву ҷигар тавсия намедиҳанд.
Беамалии ҳукумат бадбахтиҳои зиёдеро, чун камшавии бемайлони майдони кишт, паст шудани ҳосилнокӣ, муфлисшавии фермерон ва баландшавии нарху наво - паёмад дошта метавонад.
Лентаи хабарҳо
0