https://sputnik.tj/20230205/rusiya-avrupo-ifrotgaroyon-quron-suzondand-jazo-dihad-1054688561.html
Русия аз Аврупо хост ифротгароёнеро, ки Қуръонро сӯзонданд ҷазо диҳад
Русия аз Аврупо хост ифротгароёнеро, ки Қуръонро сӯзонданд ҷазо диҳад
Sputnik Тоҷикистон
Раиси Шӯрои Федератсияи Русия аз парлумони Аврупо даъват кард, онҳоеро, ки Қуръонро оташ заданд, ошкоро маҳкум ва муҷозот кунанд 05.02.2023, Sputnik Тоҷикистон
2023-02-05T09:30+0500
2023-02-05T09:30+0500
2023-02-08T19:47+0500
қуръон
аврупо
ифротгароён
ҷазо
рӯйдод, ҷиноят ва ҳолатҳои фавқулода
дар русия
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/02/0a/1045731544_0:60:2502:1467_1920x0_80_0_0_3a91dd256d7480b7d8cd3e745ba964ba.jpg
ДУШАНБЕ, 5 фев — Sputnik. Валентина Матвиенко, раиси Шӯрои Федератсия аз вакилони порлумони Аврупо даъват мекунад, ки масъулони таҳқири ёдгориҳои динӣ, ба мисли сӯзондани Қуръон дар Шветсияро ошкоро маҳкум ва муҷозот кунанд. "Сенаторҳои Русия аз вакилони порлумони аврупоӣ даъват мекунанд, ки амалҳои ифротгароёни радикалиро ҳамчун зуҳуроти таҳаммулнопазирии мазҳабӣ маҳкум кунанд ва барои ҳифзи ҳуқуқи мусулмонон ва намояндагони динҳои дигар ба озодии эътиқод чораҳо андешанд, инчунин масъулони иғвогаронаро ба ҷавобгарӣ кашанд”, - навиштааст Матвиенко дар Telegram-и худ. Дипломати рус қайд кард, ки "набудани вокуниши муносиб ба амалҳои ифротгароён аз ҷониби ҳукуматҳо ва порлумонҳои кишварҳои аврупоӣ нигаронкунанда аст.Вай таъкид кард, ки "Русия як кишвари беназирест, ки дар он мардуми миллату мазҳабҳои гуногун тӯли асрҳо дар сулҳу осоиштагӣ ва эҳтиром ба ҳамдигар зиндагӣ мекунанд.Ёдовар мешавем, Расмус Палудан, фаъоли ростгарои даниягӣ рӯзи 21 январ дар назди сафорати Туркия дар Стокҳолм Қуръонро сӯзонд. Ӯ қаблан барои ин амали худ аз мақомоти Шветсия иҷозат гирифта буд.Қаблан раиси Шӯрои Федератсия ба кумитаҳои дахлдор дастур дода буд, ки пешниҳоди маҳкум кардани сӯзондани Қуръон аз Шветсияро омода кунанд. Ба гуфтаи вай, ин гуна амалҳо куфр, ҷиноят ва барангехтани адовати миллӣ мебошанд.
https://sputnik.tj/20230122/vokunishi-tolibh-patriarkhati-maskav-quron-1054401660.html
аврупо
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2023
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/02/0a/1045731544_0:0:2223:1667_1920x0_80_0_0_9f2d7345cb2de8b3948e95face002b80.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
қуръон, аврупо, ифротгароён, ҷазо, рӯйдод, ҷиноят ва ҳолатҳои фавқулода, дар русия
қуръон, аврупо, ифротгароён, ҷазо, рӯйдод, ҷиноят ва ҳолатҳои фавқулода, дар русия
Русия аз Аврупо хост ифротгароёнеро, ки Қуръонро сӯзонданд ҷазо диҳад
09:30 05.02.2023 (Навсозишуда: 19:47 08.02.2023) Раиси Шӯрои Федератсияи Русия аз парлумони Аврупо даъват кард, онҳоеро, ки Қуръонро оташ заданд, ошкоро маҳкум ва муҷозот кунанд
ДУШАНБЕ, 5 фев — Sputnik. Валентина Матвиенко, раиси Шӯрои Федератсия аз вакилони порлумони Аврупо даъват мекунад, ки масъулони таҳқири ёдгориҳои динӣ, ба мисли сӯзондани Қуръон дар Шветсияро ошкоро маҳкум ва муҷозот кунанд.
"Сенаторҳои Русия аз вакилони порлумони аврупоӣ даъват мекунанд, ки амалҳои ифротгароёни радикалиро ҳамчун зуҳуроти таҳаммулнопазирии мазҳабӣ маҳкум кунанд ва барои ҳифзи ҳуқуқи мусулмонон ва намояндагони динҳои дигар ба озодии эътиқод чораҳо андешанд, инчунин масъулони иғвогаронаро ба ҷавобгарӣ кашанд”, - навиштааст Матвиенко дар Telegram-и худ.
Дипломати рус қайд кард, ки "набудани вокуниши муносиб ба амалҳои ифротгароён аз ҷониби ҳукуматҳо ва порлумонҳои кишварҳои аврупоӣ нигаронкунанда аст.
Вай таъкид кард, ки "Русия як кишвари беназирест, ки дар он мардуми миллату мазҳабҳои гуногун тӯли асрҳо дар сулҳу осоиштагӣ ва эҳтиром ба ҳамдигар зиндагӣ мекунанд.
"Таҳқири Қуръон на танҳо мусалмонон, балки намояндагони дигар ақалиятҳои динниро такон медиҳад", - тавзеҳ додааст Матвиенко.
Ёдовар мешавем, Расмус Палудан, фаъоли ростгарои даниягӣ рӯзи 21 январ дар назди сафорати Туркия дар Стокҳолм Қуръонро сӯзонд. Ӯ қаблан барои ин амали худ аз мақомоти Шветсия иҷозат гирифта буд.
Қаблан раиси Шӯрои Федератсия ба кумитаҳои дахлдор дастур дода буд, ки пешниҳоди маҳкум кардани сӯзондани Қуръон аз Шветсияро омода кунанд. Ба гуфтаи вай, ин гуна амалҳо куфр, ҷиноят ва барангехтани адовати миллӣ мебошанд.