https://sputnik.tj/20230228/tojikistoniyon-okhirin-ruz-zimiston-sanginro-garm-gusel-1055209719.html
Тоҷикистониён охирин рӯзи зимистони сангинро чӣ гуна гусел мекунанд?
Тоҷикистониён охирин рӯзи зимистони сангинро чӣ гуна гусел мекунанд?
Sputnik Тоҷикистон
Зимистоне, ки барои тоҷикистониён ғофилгиркунанда, сарду сербориш буд ва харобиву қурбониҳо низ дошт бо гармӣ ба итмом мерасад
2023-02-28T11:02+0500
2023-02-28T11:02+0500
2023-02-28T11:36+0500
дар тоҷикистон
обу ҳаво
агентии ҳавосанҷӣ
бебориш
гарм
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/01/13/1032654892_0:158:3001:1846_1920x0_80_0_0_7aff40ebb86c247e662e15858946d68a.jpg
ДУШАНБЕ, 28 фев — Sputnik. Билохира сокинони Тоҷикистон охирин рӯзи зимистонро пушти сар мекунанд.Маврид ба зикр аст, ки зимистони соли 2022-2023 такрори зимистони соли 2028 буд, ки сардӣ дар сатҳи миёна беш аз 20 дараҷа, аммо дар баландкуҳҳо то 50 дараҷа расид.Тармафароиву харобӣ ва беобии сокинони шаҳрҳо дар пайи сардиҳо назир надошт. Қурбониҳои тармарезӣ ва харобиҳои он дар ВМКБ бошад, назир надошт.Ҳамин тариқ, ба иттилои Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон ҳавои хирин рӯзи зимистон дар ҷумҳурӣ то 19 дараҷа гарм мешавад дар Тибқи иттилои манбаъ, дар ВМКБ ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад. Ҳаво дар ғарби вилоят шабона аз 1 дараҷа хунук то 4 дараҷа гарм ва рӯзона 0+5 дараҷа гарм мешавад. Дар шарқи вилоят ҳаво шабона 20-25 ва рӯзона 3-8 дараҷа хунук пешгӯӣ мегардад.Суғдро бошад, ҳавои камабри бебориш фаро гирифта, дар баъзе ноҳияҳо туман мефарояд. Ҳаво дар водиҳо шабона аз 1 дараҷа хунук то 4 дараҷа гарм ва рӯзона 9+14 дараҷа гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 5-10 дараҷа хунук ва рӯзона 2+7 дараҷа гарм пешгӯӣ шудааст.Хатлониёнро низ, ҳавои бебориш, аммо сокинони баъзе ноҳияҳоро туман интизор аст. Дар водиҳо ҳаво шабона 3+8 ва рӯзона 16+21 дараҷа гарм, дар доманакӯҳҳо шабона 0+5 ва рӯзона 10+15 дараҷа гарм мешавад.Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ низ боришот намешавад. Ҳаво дар водиҳо шабона 2+7 ва рӯзона 14+19 дараҷа гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 0-5 дараҷа хунук ва рӯзона 5+10 дараҷа гарм мешавад.Пойтахтро бошад, ҳавои камабри бебориш ва туман фаро мегирад. Ҳаво шабона 3+5 ва рӯзона 17+19 дараҷа гарм мешавад.
https://sputnik.tj/20230222/nihoyat-jasadi-halokshudagon-tarma-khorugh-murghob-1055113945.html
https://sputnik.tj/20230131/chand-fisad-peshgui-havoshinoson-tojik-durust-sheralizoda-1054600507.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2023
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/01/13/1032654892_164:0:2835:2003_1920x0_80_0_0_818f8bc50c03f689542798a676b96de3.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоҷикистониён рӯз зимистони сангин
тоҷикистониён рӯз зимистони сангин
Тоҷикистониён охирин рӯзи зимистони сангинро чӣ гуна гусел мекунанд?
11:02 28.02.2023 (Навсозишуда: 11:36 28.02.2023) Зимистоне, ки барои тоҷикистониён ғофилгиркунанда, сарду сербориш буд ва харобиву қурбониҳо низ дошт бо гармӣ ба итмом мерасад
ДУШАНБЕ, 28 фев — Sputnik. Билохира сокинони Тоҷикистон охирин рӯзи зимистонро пушти сар мекунанд.
Маврид ба зикр аст, ки зимистони соли 2022-2023 такрори зимистони соли 2028 буд, ки сардӣ дар сатҳи миёна беш аз 20 дараҷа, аммо дар баландкуҳҳо то 50 дараҷа расид.
Тармафароиву харобӣ ва беобии сокинони шаҳрҳо дар пайи сардиҳо назир надошт. Қурбониҳои тармарезӣ ва харобиҳои он дар ВМКБ бошад, назир надошт.
Ҳамин тариқ, ба иттилои Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон ҳавои хирин рӯзи зимистон дар ҷумҳурӣ то 19 дараҷа гарм мешавад дар
Тибқи иттилои манбаъ, дар ВМКБ ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад.
Ҳаво дар ғарби вилоят шабона аз 1 дараҷа хунук то 4 дараҷа гарм ва рӯзона 0+5 дараҷа гарм мешавад. Дар шарқи вилоят ҳаво шабона 20-25 ва рӯзона 3-8 дараҷа хунук пешгӯӣ мегардад.
Суғдро бошад, ҳавои камабри бебориш фаро гирифта, дар баъзе ноҳияҳо туман мефарояд.
Ҳаво дар водиҳо шабона аз 1 дараҷа хунук то 4 дараҷа гарм ва рӯзона 9+14 дараҷа гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 5-10 дараҷа хунук ва рӯзона 2+7 дараҷа гарм пешгӯӣ шудааст.
Хатлониёнро низ, ҳавои бебориш, аммо сокинони баъзе ноҳияҳоро туман интизор аст. Дар водиҳо ҳаво шабона 3+8 ва рӯзона 16+21 дараҷа гарм, дар доманакӯҳҳо шабона 0+5 ва рӯзона 10+15 дараҷа гарм мешавад.
Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ низ боришот намешавад. Ҳаво дар водиҳо шабона 2+7 ва рӯзона 14+19 дараҷа гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 0-5 дараҷа хунук ва рӯзона 5+10 дараҷа гарм мешавад.
Пойтахтро бошад, ҳавои камабри бебориш ва туман фаро мегирад. Ҳаво шабона 3+5 ва рӯзона 17+19 дараҷа гарм мешавад.