Чанд фисади пешгӯии ҳавошиносони тоҷик дар соли 2022 дуруст буд: посухи Шерализода

© Комитет охраны окружающей среды при Правительстве РТУстановка 7 автоматических метеорологических станций в стране
Установка 7 автоматических метеорологических станций в стране
 - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 31.01.2023
Обуна шудан
Кумитаи ҳифзи муҳити зисти Тоҷикистон гузориш дод, ки чанд дарсади пешгӯии ҳавошиносони кишвар дар соли 2022 дуруст баромадааст
ДУШАНБЕ, 31 янв — Sputnik. Обуҳавошиносони тоҷик дар соли 2022 ҳудуди 365 пешгӯии якшабонарӯзиро таҳия карданд, ки 93%-и онҳо дуруст баромад, хабар дод раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зист Баҳодур Шерализода, зимни нишасти хабарияш..
Ӯ таъкид намуд, ки сатҳи дурустии пешгӯиҳои ҳавошиносони кишвар дар соли 2022 дар муқоиса бо соли пешӣ 2% афзудааст.
Ба таъкиди ӯ, дар ҷумҳурӣ ҳамчунин 800 зуҳуроти хавфноки обуҳавосанҷӣ ба қайд гирифта шуд, ки нисбат ба соли 2021 91 ҳодиса зиёд мебошад.
Дурустии пешгӯии зуҳуроти хавфнок 74% арзёбӣ гардид, ки нисбат ба нишондоди соли пешӣ 4,7% зиёд мебошад, авзуд манбаъ.
Дорожная техника расчищает автомобильную дорогу от лавины, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 31.01.2023
Ҳушдори КҲФ аз сангфароиву тармарезӣ пас аз гармиҳо
Маврид ба зикр аст, ки ба иттилои расмӣ, дар шуъбаи пешгӯии обуҳаво 54 нуқтаи бодуҳовасанҷӣ ва 29 нуқтаи худкор мавҷуд аст, ки ҳар рӯз вазъи обуҳаво, ҳарорати ҳаво, боришот, самту суръати шамол, чангу ғубор, тормеғ ва ғайраро мавриди омӯзиш қарор медиҳанд.
Дар маҷмуъ ҳоло дар ҷумҳурӣ 54 шабакаи давлатии обуҳавосанҷӣ, 96 дидбонгоҳи обченкунӣ, 21 нуқтаи ченкунии сифати фазои ҳаво дар шаҳрҳои калон ва саноатии ҷумҳурӣ фаъолият мекунанд.
Ба таъкиди ӯ дар давраи ҳисоботӣ оид ба якбора баландшавии сатҳи оби дарёҳои ҷумҳурӣ ва эҳтимолияти бавуҷудоии обхезӣ 11 маротиба огоҳӣ дода шуд, ки дар 9 ҳолат якбора баландшавии оби дарёҳо ва бавуҷудоии обхезӣ ба қайд гирифта шуд.
"Натиҷаи пешгӯиҳо нишон медиҳад, ки дурустии онҳо ба 82% баробар буда, нисбат ба соли 2021 4% зиёд мебошад", - афзудааст манбаъ.
Лентаи хабарҳо
0