https://sputnik.tj/20230222/nihoyat-jasadi-halokshudagon-tarma-khorugh-murghob-1055113945.html
Ниҳоят ҷасади ҳалокшудагони тарма дар Хоруғ ба Мурғоб расонда шуданд
Ниҳоят ҷасади ҳалокшудагони тарма дар Хоруғ ба Мурғоб расонда шуданд
Sputnik Тоҷикистон
Раиси Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон далели нисбатан дер расондани ҷасадро ба фаромадани тармаҳои зиёд ва набудани шароити парвози чархбол рабт дод
2023-02-22T14:10+0500
2023-02-22T14:10+0500
2023-02-22T14:10+0500
дар тоҷикистон
иҷтимоъ
ҳалок
тарма
мурғоб
вмкб
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e7/02/16/1055113401_0:0:961:540_1920x0_80_0_0_54f67c46708051450309a84b1e38eb06.jpg
ДУШАНБЕ, 22 фев – Sputnik. Ҷасади 9 сокини Мурғоб, ки муваққатан дар шаҳри Хоруғ истиқомат намуда, бар асари фаромадани тарма дар маҳаллаи Носири Хусрав ҷони худро аз даст доданд, ба аҳли хонаводаҳояшон супорида шудандДар ин бора дафтари матбуоти ҳукумати ВМКБ иттилоъ дода, афзуд, ки барои расондани таслияти раисҷумҳури Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон як гуруҳи корӣ таҳти роҳбарии раиси вилоят, Алишер Мирзонабот ба хонаҳои оилаҳои мусибатзада рафт. "Бо ин мақсад давоми руз гурӯҳи корӣ ба ҷамоатҳои деҳоти Гожо Бердибаев ва Қизилработ сафар намуд", - омадааст дар иттилоия. Дар ҷамоати деҳоти Аличур низ ду хонавода мусибатзада мебошанд, чун 2 узви оилаашонро аз даст доданд. Раиси вилоят изҳор доштаст, ки аз лаҳзаҳои аввали дарёфт шудани ҷасадҳо тамоми кӯшишҳо ба хотири сари вақт дастрас намудани онҳо ба ноҳияи Мурғоб кӯшишҳои зиёд ба харҷ дода шуданд."Мутаассифона, бо сабаби фаромадани тармаҳои пай дар пай дар роҳи самти Хоруғ-Мурғоб ва набудани ҳавои мусоид барои парвози чархбол барои ин монеа эҷод намуд", - гуфтаст ӯ. Вай ҳамчунин бо таассуф таъкид намудаст, ки аз даст додани наздикону пайвандонро бо ягон восита наметавон ҷуброн намуд, лекин аз ҷиҳати моддию молявӣ ин оилаҳо ҳамаҷониба аз ҷониби ҳукумати Тоҷикистон дастгирӣ хоҳанд ёфт.Дар марҳилаи аввал барои оилаҳои фавтидагон аз номи президент 40 ҳазор сомонӣ ва кӯмаки яквақта дар намуди маҳсулоти озуқаворӣ дастрас карда шуд.Маврид ба зикр аст, ки ахиран навоҳии ВМКБ-ро тармафароиҳои зиёд фаро гирифтанд, ки дар пайи якеаш даҳҳо нафар дар шаҳри Хоруғ ҳалоку маҷруҳ шудаанд.
https://sputnik.tj/20230221/ayodat-kudake-soat-tarma-aks-rasulzoda-khorugh-1055084078.html
вмкб
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2023
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e7/02/16/1055113401_95:0:848:565_1920x0_80_0_0_5dca9ce140b3cb8fdf5db81d2751a811.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
раис, вмкб, ҷасад, қурбониён, хоруғ, тарма
раис, вмкб, ҷасад, қурбониён, хоруғ, тарма
Ниҳоят ҷасади ҳалокшудагони тарма дар Хоруғ ба Мурғоб расонда шуданд
Раиси Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон далели нисбатан дер расондани ҷасадро ба фаромадани тармаҳои зиёд ва набудани шароити парвози чархбол рабт дод
ДУШАНБЕ, 22 фев – Sputnik. Ҷасади 9 сокини Мурғоб, ки муваққатан дар шаҳри Хоруғ истиқомат намуда, бар асари фаромадани тарма дар маҳаллаи Носири Хусрав ҷони худро аз даст доданд, ба аҳли хонаводаҳояшон супорида шуданд
Дар ин бора дафтари матбуоти ҳукумати ВМКБ иттилоъ дода, афзуд, ки барои расондани таслияти раисҷумҳури Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон як гуруҳи корӣ таҳти роҳбарии раиси вилоят, Алишер Мирзонабот ба хонаҳои оилаҳои мусибатзада рафт.
"Бо ин мақсад давоми руз гурӯҳи корӣ ба ҷамоатҳои деҳоти Гожо Бердибаев ва Қизилработ сафар намуд", - омадааст дар иттилоия.
Дар ҷамоати деҳоти Аличур низ ду хонавода мусибатзада мебошанд, чун 2 узви оилаашонро аз даст доданд.
Раиси вилоят изҳор доштаст, ки аз лаҳзаҳои аввали дарёфт шудани ҷасадҳо тамоми кӯшишҳо ба хотири сари вақт дастрас намудани онҳо ба ноҳияи Мурғоб кӯшишҳои зиёд ба харҷ дода шуданд.
"Мутаассифона, бо сабаби фаромадани тармаҳои пай дар пай дар роҳи самти Хоруғ-Мурғоб ва набудани ҳавои мусоид барои парвози чархбол барои ин монеа эҷод намуд", - гуфтаст ӯ.
Вай ҳамчунин бо таассуф таъкид намудаст, ки аз даст додани наздикону пайвандонро бо ягон восита наметавон ҷуброн намуд, лекин аз ҷиҳати моддию молявӣ ин оилаҳо ҳамаҷониба аз ҷониби ҳукумати Тоҷикистон дастгирӣ хоҳанд ёфт.
Дар марҳилаи аввал барои оилаҳои фавтидагон аз номи президент 40 ҳазор сомонӣ ва кӯмаки яквақта дар намуди маҳсулоти озуқаворӣ дастрас карда шуд.
Маврид ба зикр аст, ки ахиран навоҳии ВМКБ-ро тармафароиҳои зиёд фаро гирифтанд, ки дар пайи якеаш даҳҳо нафар дар шаҳри Хоруғ ҳалоку маҷруҳ шудаанд.