ИМА пешниҳодҳои сулҳи Чинро рад кард: Байден гуфт, ин ба нафъи Русия аст

© AP / Evan VucciПрезидент Джо Байден выступает с речью в Варшаве
Президент Джо Байден выступает с речью в Варшаве - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 25.02.2023
Обуна шудан
Раисҷумҳури Амрико ахиран ба расонаҳои амрикоӣ гуфт, нақшаи сулҳи пешниҳодкардаи Чин танҳо ба фоидаи як кишвар, яъне Русия аст
ДУШАНБЕ, 25 фев — Sputnik. Раисиҷумҳури ИМА Ҷо Байден дар мусоҳиба бо телевизиони ABC гуфт, нақшаи пешниҳодкардаи Чин барои ҳалли низоъ дар Украина танҳо барои Русия фоидаовар аст.
"Ман фикр мекунам, ки шумо ба саволи худ ҷавоб додед. Путин аз он (нақшаро) истиқбол мекунад. Ин чӣ фоида дорад? <...> Ман дар ин нақша чизе надидам, ки иҷрои он ягон фоидае дошта бошад ба ғайр гирифтани суд аз ҷониби Русия”, - гуфт Байден.
Дар ҳамин ҳол, раисҷумҳури Русия то ҳол дар бораи иқдоми Пекин изҳори назар накардааст.
Раҳбари Амрико мантиқӣ намедонад, ки Чин бо Украина барои хатми низоъ музокира кунад.
Китайский флаг на одной из улиц Пекина - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 24.02.2023
Амалиёти вижаи Русия барои ҳимояи Донбасс: охирин хабарҳо
Чин нақшаи ҳалли бӯҳрони Украинаро интишор кард
Ин нақша, ки субҳи рӯзи 24 феврал дар сомонаи вазорати хориҷаи Чин нашр шудааст, аз 12 банд иборат аст.
Миёни бандҳо пешниҳодҳои хотима додани ҷанг, азсаргирии музокирот, даст кашидан аз тафаккури "ҷанги сард", кам кардани хавфи стратегӣ, эҳтиром кардани соҳибихтиёрии ҳамаи кишварҳо дида мешавад.
Ҳамчунин дар ин санад дар бораи рафъи бӯҳрони башарӣ, иҷрои созиши ғалла, барқарории Украина ва таъмини амнияти нерӯгоҳҳои атомӣ гуфта мешавад. Худи Чин изҳори омодагӣ кард, ки бо ҷомеаи ҷаҳонӣ ҳамкорӣ кунад ва дар ҳалли низоъ нақши созанда бозӣ кунад.
Лентаи хабарҳо
0