Снаряженные магазины от автомата Калашникова  - Sputnik Тоҷикистон, 1920
Амалиёти вижаи Русия барои ҳимояи Донбасс: охирин хабарҳо
Дар пасманзари зӯргӯиҳои мақомоти Киев алайҳи Донетску Луганск, Русия мустақилияти ин ҷумҳуриҳоро эътироф кард. Бо дархости роҳбарони ҶХЛ ва ҶХД, Владимир Путин, президенти Русия 24 феврал барои амалиёти вижаи ҳимоя аз Донбасс дастур дод, ки феълан идома дорад

Чин нақшаи ҳалли бӯҳрони Украинаро интишор кард

© Sputnik / Анна Раткогло / Гузариш ба медиабонкКитайский флаг на одной из улиц Пекина
Китайский флаг на одной из улиц Пекина - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 24.02.2023
Обуна шудан
Изҳороти вазорати хориҷаи Чин аз 12 банд иборат аст. Нақши асосӣ ин ҷилавгирӣ аз авҷгирифтани минбаъда ва бурунрафт аз бӯҳрони Украина аст
ДУШАНБЕ, 24 фев — Sputnik. Вазорати умури хориҷаи Чин бо интишори баёнияе дар мавриди ҳалли сиёсии бӯҳрони Украина барномаи ҳалли ин вазъро расонаӣ кардааст.
Санади мазкур дар сомонаи Вазорати корҳои хориҷии Чин интишор шуда, аз 12 банд иборат аст.
Дар банди якум зарурати эхтиром кардани сохибихтиёрй ва тамомияти қаламрави хамаи кишварҳо кайд карда шудааст.
"Ҳамаи кишварҳо новобаста аз андоза, қудрат ва сарваташон баробаранд", гуфта мешавад дар сандаи мазкур.
Чин пешниҳод кардааст, ки кишварҳо аз истифодаи стандартҳои дугона ва “тафаккури ҷанги сард” даст кашад. Таъкид мешавад, ки амнияти минтакавиро бо рохи мустахкам намудан ва васеъ кардани паймонҳои низомӣ таъмин кардан мумкин нест.
Дар санад кайд шудааст, ки "дар низоъҳо ва ҷангҳо касе ғолиб намебарояд".
Украинские военнослужащие - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 22.02.2023
Амалиёти вижаи Русия барои ҳимояи Донбасс: охирин хабарҳо
Омодагии артиши Украина барои амалиётҳои ҳамлаӣ
Чин бар ин назар аст, ки ҳама ҷонибҳо аз ҷанг худдорӣ кунанд ва ба оташ равған нарезанд ва нагузоранд вазъ ва ҳатто бӯҳрони Украина шиддат гирад ва аз назорат берун шавад.
Дар ин санад ҳамчунин зарурати аз сар гирифтани муколамаи мустақими Маскаву Киев таъкид шудааст.
Ҷониби Чин дар банди чаҳорум таъкид мекунад, ки муколама ва музокира ягона роҳи воқеии раҳоӣ аз бӯҳрони Украина аст.
Пекин дар навбати худ итминон дод, ки тамоми чораҳоро барои коҳиш додани оқибатҳои бӯҳронҳои башардӯстонаро дастгирӣ хоҳад кард ва сиёсӣ шудани масъалаҳои башардӯстонаро ғайри қобили қабул донистааст.
Банди шашум ба асирони низомӣ дахл дорад. Қайд карда мешавад, ки тамоми ҷонибҳо бояд барои асирон шароити мусоидтар фароҳам оранд.
Чин инчунин ба зарурати мукобилият ба ҳуҷуми мусаллаҳона ба объектҳои осоиштаи атомӣ, монанди иншоотҳои ҳастаӣ таъкид кард. Дар санад ба истифода накардани силоҳи ҳастаӣ ишора шудааст.
Артиллерийский расчет ВС РФ - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 20.02.2023
Амалиёти вижаи Русия барои ҳимояи Донбасс: охирин хабарҳо
Вазорти дифои Русия талафоти артиши Украина дар ду ҷабҳаи ҷангро расонаӣ кард
Дар санади мазкур дар бораи созишномаи интиқоли ғалла тавассути Баҳри Сиёҳ низ ишора шудааст.
Пекин аз сӯиистифода аз таҳримҳои якҷониба дар заминаи муноқишаи Украина розӣ нест, зеро ин ба ҳалли бӯҳрон мусоидат намекунад, балки танҳо мушкилоти навро эҷод мекунад.
Дар банди 11-ум Чин даъват мекунад ба сиёси кардани низоми ҷаҳонии иқтисодӣ муқовимат кунанд ва дар банди 12 изҳор дошт, ки омода аст дар барқарорсозии баъдиҷангии минтақа кумак расонад ва нақши созанда бозӣ намояд.
Лентаи хабарҳо
0