Снаряженные магазины от автомата Калашникова  - Sputnik Тоҷикистон, 1920
Амалиёти вижаи Русия барои ҳимояи Донбасс: охирин хабарҳо
Дар пасманзари зӯргӯиҳои мақомоти Киев алайҳи Донетску Луганск, Русия мустақилияти ин ҷумҳуриҳоро эътироф кард. Бо дархости роҳбарони ҶХЛ ва ҶХД, Владимир Путин, президенти Русия 24 феврал барои амалиёти вижаи ҳимоя аз Донбасс дастур дод, ки феълан идома дорад

Вазорти дифои Русия талафоти артиши Украина дар ду ҷабҳаи ҷангро расонаӣ кард

© Sputnik / Евгений Биятов / Гузариш ба медиабонкАртиллерийский расчет ВС РФ
Артиллерийский расчет ВС РФ - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 20.02.2023
Обуна шудан
Вазорати дифои Русия мегӯяд, ки артиши Украина наздик ба 150 сарбозашро дар ҷабҳаи Купянск ва Краснолиман аз даст додааст
ДУШАНБЕ, 20фев — Sputnik. Киев дар самтҳои Купянск ва Краснолиман дар як рӯз ҳудуди то 150 сарбозашро аз даст додааст, иттилоъ додааст Вазорати дифои Русия.
“Дар самти Купянск бо оташи тӯпхонаӣ ва амалиёти фаъолонаи “гурӯҳи кувваҳои" ғарб дар маҳалҳои аҳолинишини Новоселовски Ҷумҳурии мардумии Луганск, Масютовка ва Крахмалноеи вилояти Харков неруҳову техникаи душманро торумор карданд. Дар як рӯз то 50 низомии украинӣ, як танк ва се мошин дар ин самт нобуд карда шуд”, - гуфт вазорат.
Вазорати дифоъ хабар дод, ки дар самти Краснолиманский дар натиҷаи зарбаҳои ҳавоӣ, оташи тӯпхонаӣ ва мушакандозҳои чандгонаи шадиди гурӯҳи нерӯҳои "Марказ" дар манотиқи шаҳракҳои Ямполовка Ҷумҳурии Мардумии Донетск, Стелмаховка ва Червоная ДиброваиҶумҳурии Мардумии Луганск, то 100 низомии украинӣ, ду мошини зиреҳпӯши ҷангӣ, ду тӯпи Д-30 ва инчунин як радари истеҳсоли ИМА AN/TPQ-37-и нобуд карда шуданд.
Военные ВСУ в Буче с флагами Украины - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 18.02.2023
Амалиёти вижаи Русия барои ҳимояи Донбасс: охирин хабарҳо
Киев дар Снигиревка иғвои навбатӣ омода дорад
Русия аз рӯзи 24 феврали соли гузашта дар Украина амалиёти вижаи низомӣ оғоз кард. Раисиҷумҳури Русия Владимир Путин вазифаи онро "ҳифозати одамоне номид, ки дар тӯли ҳашт сол таҳти таъқиб ва наслкушӣ аз ҷониби режими Киев қарор доштанд".
Ба гуфтаи раисҷумҳур, ҳадафи ниҳоии амалиёт озодсозии Донбасс фароҳам овардани шароитест, ки амнияти Русияро кафолат медиҳад.
Лентаи хабарҳо
0