https://sputnik.tj/20230222/omodagii-artishi-ukraina-baroi-amaliyothoi-hamlai-1055124537.html
Омодагии артиши Украина барои амалиётҳои ҳамлаӣ
Омодагии артиши Украина барои амалиётҳои ҳамлаӣ
Sputnik Тоҷикистон
Яке аз фармондеҳи қувваҳои муштараки артиши Украина эълон кард, ки Киев ба амалиётҳои ҳамлаӣ омодааст ва дар оянда онро анҷом хоҳад дод
2023-02-22T18:25+0500
2023-02-22T18:25+0500
2023-02-22T18:25+0500
амалиёти вижаи русия барои ҳимояи донбасс: охирин хабарҳо
донбасс
украина
ҷанг
амалиёт
ҳамлагарон
артиш
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/05/1b/1048760362_0:157:3083:1891_1920x0_80_0_0_8bf3786783e6203eeb8e2997bd602819.jpg
ДУШАНБЕ, 22 фев – Sputnik. Фармондеҳи нерӯҳои муштараки артиши Украина Сергей Наев гуфт, ки Киев ба ҳамла омодагӣ мегирад, аммо замони он махфӣ аст, иттилоъ додааст хабаргузории РИА “Новости”.Пештар раиси хадамоти давлатии кашшофии Украина Кирилл Буданов гуфта буд, ки набардҳои ҳалкунанда дар Украина то охири баҳор сурат хоҳанд гирифт.Наев дар мусоҳиба бо Укринформ гуфт, ки дар мавриди омодагии ҳамлаи артиши Украина, нерӯҳои мувофиқро барои ин омода кардаем, аммо кай баргузор мешавад, ин маълумоти махфӣ аст.Вай дар шарҳи авзоъ дар марз бо Беларус гуфтааст, ки дар сурати афзоиши шумори нерӯҳои Русия ва Беларус дар наздикии он, Киев низ ҳамин корро хоҳад кард."Ин иқдоми ҷавобӣ хоҳад буд: онҳо сатҳи таҳдидро зиёд мекунанд - мо сатҳи вокуниши худро ба ин афзоиш медиҳем", - гуфт Наев.Русия аз рӯзи 24 феврали соли гузашта дар Украина амалиёти вижаи низомӣ оғоз кард. Раисиҷумҳури Русия Владимир Путин вазифаи онро "ҳифозати одамоне номид, ки дар тӯли ҳашт сол таҳти таъқиб ва наслкушӣ аз ҷониби режими Киев қарор доштанд".Ба гуфтаи раисҷумҳур, ҳадафи ниҳоии амалиёт озодсозии Донбасс фароҳам овардани шароитест, ки амнияти Русияро кафолат медиҳад.
https://sputnik.tj/20230220/vazorti-difo-rusiya-talafoti-artishi-ukraina-1055070230.html
украина
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2023
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/05/1b/1048760362_176:0:2907:2048_1920x0_80_0_0_e3109dbfabcf2d8608623f14f83e26c9.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
украина, донбасс, артиш, амалиёти ҳамлаӣ, қувваҳои мусаллаҳ, киев
украина, донбасс, артиш, амалиёти ҳамлаӣ, қувваҳои мусаллаҳ, киев
Омодагии артиши Украина барои амалиётҳои ҳамлаӣ
Яке аз фармондеҳи қувваҳои муштараки артиши Украина эълон кард, ки Киев ба амалиётҳои ҳамлаӣ омодааст ва дар оянда онро анҷом хоҳад дод
ДУШАНБЕ, 22 фев – Sputnik. Фармондеҳи нерӯҳои муштараки артиши Украина Сергей Наев гуфт, ки Киев ба ҳамла омодагӣ мегирад, аммо замони он махфӣ аст, иттилоъ додааст хабаргузории РИА “Новости”.
Пештар раиси хадамоти давлатии кашшофии Украина Кирилл Буданов гуфта буд, ки набардҳои ҳалкунанда дар Украина то охири баҳор сурат хоҳанд гирифт.
Наев дар мусоҳиба бо Укринформ гуфт, ки дар мавриди омодагии ҳамлаи артиши Украина, нерӯҳои мувофиқро барои ин омода кардаем, аммо кай баргузор мешавад, ин маълумоти махфӣ аст.
Вай дар шарҳи авзоъ дар марз бо Беларус гуфтааст, ки дар сурати афзоиши шумори нерӯҳои Русия ва Беларус дар наздикии он, Киев низ ҳамин корро хоҳад кард.
"Ин иқдоми ҷавобӣ хоҳад буд: онҳо сатҳи таҳдидро зиёд мекунанд - мо сатҳи вокуниши худро ба ин афзоиш медиҳем", - гуфт Наев.
Русия аз рӯзи 24 феврали соли гузашта дар Украина амалиёти вижаи низомӣ оғоз кард. Раисиҷумҳури Русия Владимир Путин вазифаи онро "ҳифозати одамоне номид, ки дар тӯли ҳашт сол таҳти таъқиб ва наслкушӣ аз ҷониби режими Киев қарор доштанд".
Ба гуфтаи раисҷумҳур, ҳадафи ниҳоии амалиёт озодсозии Донбасс фароҳам овардани шароитест, ки амнияти Русияро кафолат медиҳад.