https://sputnik.tj/20230222/yovon-korkhonai-nav-gajkarton-bunyod-1055106721.html
Дар Ёвон корхонаи нави гаҷкартон бунёд мегардад
Дар Ёвон корхонаи нави гаҷкартон бунёд мегардад
Sputnik Тоҷикистон
Ноҳияи Ёвон яке аз минтақаҳои саноатии кишвар ба шумор меравад, ки феълан дар он ҷо корхонаҳои зиёди саноатӣ, аз ҷумла тавлиди масолеҳи сохтмонӣ фаъолият доранд
2023-02-22T13:00+0500
2023-02-22T13:00+0500
2023-02-22T13:00+0500
дар тоҷикистон
сохтмон
маҳсулот
саноат
семент
ёвон
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102851/25/1028512573_0:161:3071:1888_1920x0_80_0_0_02e8f3a27c2731b714cba14c91a8d060.jpg
ДУШАНБЕ, 22 фев — Sputnik. Дар ноҳияи Ёвон корхонаи ҷадиди истеҳсоли гаҷкартон бунёд хоҳад шуд, иттилоъ дод нашрияи расмии вилоятӣ - "Хатлон". Ба иттилои манбаъ, корхонаи ҷадид дар доираи дастури раисҷумҳури Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон барои зиёд кардани истеҳсоли маҳсулоти сохтмонӣ бунёд мегардад. Мақомоти Хатлон интизор доранд, корхонаи мазкур то моҳи апрели соли равон фаъол гардад. Бунёди корхонаи мазкурро ҷамъияти “Моҳир” дар ноҳияи Ёвон ба уҳда дорад, ки молики корхонаҳои дигари тавлиди маҳсулоти сохтмонӣ дар минтақа мебошад. Интизор меравад, ки корхонаи ҷадиди ширкат иқтидори коркарди 200 ҳазор тонна гаҷ ва истеҳсоли 30 млн метри мураббаъ гаҷкартонро дар як сол хоҳад дошт. Мақомоти саноат ва технологияҳои нави Тоҷикистон мегӯянд, корхонаи мазкур бо харҷи 23 млн доллари амрикоӣ бунёд ёфта, дар 150 ҷойи кории нав фароҳам хоҳад шуд. Фаъолсозии корхонаи ҷадид дар Ёвон дар ҳолест, ки Тоҷикистон тавлидоти масолеҳи сохтмониро солҳои охир вусъат дода, содироти онҳоро ба роҳ мондаст. Аз ҷумла дар ин бахши саноат, тавлиди маҳсулоти воридотивазкунанда, ба монанди семент, коркарди санг, гаҷкартон, шифер, қубурҳои асбестӣ, амстронг, бомпӯши битумӣ, рангҳои акрилию эмулсионӣ ва андоваҳои минералӣ роҳандозӣ гардидаанд.
https://sputnik.tj/20230124/rahmon-kori-vazorat-sanoat-dastur-sherali-kabir-1054448861.html
ёвон
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2023
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102851/25/1028512573_170:0:2901:2048_1920x0_80_0_0_689733d888bcc5a056c1c1046ef35fe3.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
корхона, нав, ёвон, фаъол, хатлон
корхона, нав, ёвон, фаъол, хатлон
Дар Ёвон корхонаи нави гаҷкартон бунёд мегардад
Ноҳияи Ёвон яке аз минтақаҳои саноатии кишвар ба шумор меравад, ки феълан дар он ҷо корхонаҳои зиёди саноатӣ, аз ҷумла тавлиди масолеҳи сохтмонӣ фаъолият доранд
ДУШАНБЕ, 22 фев — Sputnik. Дар ноҳияи Ёвон корхонаи ҷадиди истеҳсоли гаҷкартон бунёд хоҳад шуд, иттилоъ дод нашрияи расмии вилоятӣ - "Хатлон".
Ба иттилои манбаъ, корхонаи ҷадид дар доираи дастури раисҷумҳури Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон барои зиёд кардани истеҳсоли маҳсулоти сохтмонӣ бунёд мегардад.
Мақомоти Хатлон интизор доранд, корхонаи мазкур то моҳи апрели соли равон фаъол гардад.
Бунёди корхонаи мазкурро ҷамъияти “Моҳир” дар ноҳияи Ёвон ба уҳда дорад, ки молики корхонаҳои дигари тавлиди маҳсулоти сохтмонӣ дар минтақа мебошад.
Интизор меравад, ки корхонаи ҷадиди ширкат иқтидори коркарди 200 ҳазор тонна гаҷ ва истеҳсоли 30 млн метри мураббаъ гаҷкартонро дар як сол хоҳад дошт.
Мақомоти саноат ва технологияҳои нави Тоҷикистон мегӯянд, корхонаи мазкур бо харҷи 23 млн доллари амрикоӣ бунёд ёфта, дар 150 ҷойи кории нав фароҳам хоҳад шуд.
Фаъолсозии корхонаи ҷадид дар Ёвон дар ҳолест, ки Тоҷикистон тавлидоти масолеҳи сохтмониро солҳои охир вусъат дода, содироти онҳоро ба роҳ мондаст.
Аз ҷумла дар ин бахши саноат, тавлиди маҳсулоти воридотивазкунанда, ба монанди семент, коркарди санг, гаҷкартон, шифер, қубурҳои асбестӣ, амстронг, бомпӯши битумӣ, рангҳои акрилию эмулсионӣ ва андоваҳои минералӣ роҳандозӣ гардидаанд.