Мусодираи антифризҳои пастсифат дар Кӯлоб

© Sputnik Снегопад в Душанбе
Снегопад в Душанбе - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 19.02.2023
Обуна шудан
Дар фасли сармо антифриз, яке аз маҳсулоти серталаб ба шумор меравад, ки дар сурати сифати пасти онҳо, мусофирону ронандагон метавонанд дучори мушкил гарданд
ДУШАНБЕ, 19 фев – Sputnik. Дар Кӯлоб 2 тонна антифризи пастсифат, ки ба стандарт ҷавобгӯ набудааст, аз муомилот гирифта шуд.
Дар ин бора дар идораи "Тоҷикстандарт" дар минтақа хабар дода, таъкид гардидаст, ки дастандаркорон ба ҷавобгарӣ кашида шуданд.
"Ҳангоми санҷиш 2 тонна антифризи пастсифат муайян ва аз муомилот гирифта шуд. Фурӯшандагони беинсоф ҷарима баста шуданд", - омадаст дар матлаб.
Зикр гардид, ки фаъолияти тамоми бозору нуктаҳои савдо таҳти назорати зарурӣ қарор дорад.
Дар фасли сармо антифриз, яке аз маҳсулоти серталаб ба шумор меравад, ки дар сурати сифати пасти онҳо, мусофирону ронандагон метавонанд дучори мушкил гарданд
Сармои шадиди як моҳи пеш, хабарҳо атрофи ба фурӯш даромадани антифризҳои тақаллубӣ ва аз ин ҳисоб яхбандии автомобилҳо дар шабакаҳои интернетӣ зиёд чарх мезад.
Лавина на трассе Душанбе - Чанак - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 19.02.2023
Идомаи тармафароиҳои харобиовар дар Бартангу Дарвоз
Қаблан сардори "Тоҷикистандарт" дар вилояти Суғд,Ғайбулло Муҳиддинов, дар посух ба суоли рӯзноманигорон гуфт, ки дар се ҳолат ҳудуди ним тон чунин маводи бесифати зиддияхбандии автомобилҳоро мусодира шудааст.
“Давоми соли 2022 дар умум 468 протоколҳои ташхиси сифати маҳсулот тартиб дода шудааст, ки дар 28 протокол антифризҳо мебошанд ва аз ин шумора дар протокол 500 кило антифризҳои номутобиқ ва пастсифат ошкор гардид” – гуфт ӯ.
Муҳиддинов гуфт, зимни санҷиши онҳо ошкор шудааст, ки дар таркиби чунин маводи ба фурӯш баровардашуда мавриди кристалшавӣ зиёд дида мешуд, ки ин ҳолат дар сармои шадид қобилияти гармнигоҳдории радиатори автомобилро кам намуда боиси яхкунӣ мешавад.
Лентаи хабарҳо
0