Размоиши кишварҳои узви СПАД барои амнияти ҳастаӣ ва радиатсионӣ

© Foto / Министерство обороны РФУчения с Коллективными силами быстрого развертывания Центрально-Азиатского региона "Рубеж-2022"
Учения с Коллективными силами быстрого развертывания Центрально-Азиатского региона Рубеж-2022 - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 22.02.2023
Обуна шудан
Маълум шуд, ки машқҳо дар Беларус, ки тирамоҳи соли 2023 ба нақша гирифта шудаанд, ба тамрини амнияти ҳастаӣ ва радиатсионӣ бахшида шудаанд
ДУШАНБЕ, 22 фев – Sputnik. Кишварҳои Созмони Паймони Амнияти Дастаҷамъӣ “Скала-2023” барои тамрини амнияти ҳастаӣ ва радиатсионӣ анҷом дода мешавад.
Дар ин бора вазири ҳолатҳои фавқулодаи Беларус Вадим Синявский дар мусоҳиба бо шабакаи телевизионии Беларус-1 хабар дод.
Машқҳои воҳидҳои наҷотдиҳии кишварҳо моҳи сентябри соли 2023 баргузор мешаванд.
"Мо машқҳои ҷиди “Скала-2023”, моҳи сентябр дар ин ҷо бо иштироки ҳамкасбони аз дигар кишварҳо ташкил мекунем. Мавзӯи машқҳои мо радиатсионӣ ва амнияти ҳастаӣ мебошад", - гуфт сардори Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи Русия.
Қаблан ӯ ҳамчунин изҳор дошт, ки дар доираи машқҳои низомии кишварҳои СПАД дар назар аст, ҳамоҳангсозии амалиёти муштараки наҷотдиҳандагон ҳангоми вокуниш ба ҳолатҳои мураккаби изтирорӣ анҷом дода шавад.
Флаг ОДКБ - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 02.02.2023
СПАД ҳамкориҳояшро дар пасманзари фишори Ғарб тақвият медиҳад
Дар чаҳорчӯби раёсати Минск дар ин созмон имсол корҳо барои баланд бардоштани самаранокии идораи оперативӣ дар ҳолатҳои изтирорӣ анҷом дода мешаванд.
Илова бар ин, дар тирамоҳ дар Минск баргузории як чорабинии дигар - ҷаласаи навбатии Шӯрои ҳамоҳангсозии ҳолатҳои изтирории кишварҳои узви СПАД дар назар аст.
Ба ин шӯро раҳбарони бахшҳои наҷотдиҳии кишварҳои узви ин созмон – Русия, Беларус, Тоҷикистон, Арманистон, Қазоқистон ва Қирғизистон шомиланд.
Ёдовар мешавем, ки дар соли 2023 тавассути СПАД дар Беларус 4 размоиши низомӣ баргузор мешавад: “Ҳамоҳангӣ – 2023”, “Ҷустуҷӯ – 2023”, “Эшелон – 2023” ва “Монеа – 2023”.
Лентаи хабарҳо
0