СПАД ҳамкориҳояшро дар пасманзари фишори Ғарб тақвият медиҳад

© Sputnik / Михаил ВоскресенскийФлаг ОДКБ
Флаг ОДКБ - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 02.02.2023
Обуна шудан
Кишварҳои ба истилоҳ Ғарб фишори таҳримиро ба ин иттифоқ дар равобити иқтисодӣ, сиёсӣ, дипломатӣ ва низомӣ афзоиш медиҳанд
ДУШАНБЕ, 2 фев — Sputnik. Созмони Паймони Амнияти Дастаҷамъӣ ният дорад ҳамкориҳоро ҳам дар доираи иттиҳодия ва ҳам бо дигар кишварҳои дӯст таҳким бахшад.
Дар ин бора хабаргузории ТАСС бо такя ба Сергей Рачков, узви комиссияи доимии Ассамблеяи порлумонии СПАД оид ба масъалаҳои сиёсӣ ва ҳамкориҳои байналмилалӣ хабар дод.
"Мо дар навбати аввал таҳкими ҳамбастагӣ дар дохили созмон, баъдан мавқеъгирии созмони худро дар арсаи байналмилалӣ, тавсеаи ҳамкориҳои байналмилалӣ бо он кишварҳо ва блокҳои низомию сиёсӣ, ки ба ҳамкорӣ бо СПАД манфиатдор ҳастанд, баррасӣ мекунем", - гуфт Рачков.
Ба гуфтаи вай, ин стратегияи паймон бо афзоиши фишори таҳримии Ғарб дар равобити иқтисодӣ, сиёсӣ, дипломатӣ ва низомӣ рабт дорад.
Военнослужащий армии Таджикистана  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 31.01.2023
Консерни "Калашников" қарордодҳоеро барои таъмини силоҳ ба кишварҳои СПАД имзо кард
"Ин албатта на ба Беларус, на ба Федератсияи Русия ва на ба кишварҳои аъзои СПАД қобили қабул нест", - таъкид кард Рачков.
СПАД соли 1992 таъсис ёфта, Арманистон, Беларус, Қазоқистон, Қирғизистон, Русия ва Тоҷикистон узви он ҳастанд.
Лентаи хабарҳо
0