https://sputnik.tj/20230222/najotbakhshon-tojikistoni-turkiya-1055113028.html
Наҷотбахшони тоҷикистонӣ аз Туркия бармегарданд
Наҷотбахшони тоҷикистонӣ аз Туркия бармегарданд
Sputnik Тоҷикистон
Ҳайати имдодгарону табибони Тоҷикистон, ки дар амалиёти ҷустуҷӯ ва наҷот дар Туркия давоми ду ҳафтаи охир иштирок доштанд, ба Ватан бармегарданд
2023-02-22T13:35+0500
2023-02-22T13:35+0500
2023-02-22T13:35+0500
дар тоҷикистон
кҳф
амният ва мудофиа
маҷруҳ
наҷот
имдодрасонӣ
заминларза
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e7/02/09/1054801810_206:0:1084:494_1920x0_80_0_0_3705cb420cd4a14f497c947d8e017a1b.jpg
ДУШАНБЕ, 22 фев — Sputnik. Гурӯҳи наҷотбахшони КҲФ Тоҷикистон пас аз анҷоми кор дар ду вилояти бар асари заминларза харобшудаи Туркия ба Душанбе бармегарданд. Ба иттилои дафтари матбуоти КҲФ, ҳавопаймои ҳомили наҷотдиҳандагони тоҷик шаби 23 феврал дар пойтахти Тоҷикистон фуруд хоҳад омад. Наҷотдиҳандагони Тоҷикистон давоми ду ҳафтаи охир дар корҳои ҷустуҷӯӣ ва наҷот дар вилоятҳои Қаҳрамонмараш ва Хатой фаъолона иштирок намуданд. Тайи ин муддат тавонистаанд чанд нафарро зинда аз зери харобаҳо наҷот диҳанд ва инчунин беш аз 200 ҷасадро берун овардаанд. Маврид ба зикр аст, ки ҳайати 50-нафарӣ аз Тоҷикистон, ки шомили имдодгарону масъулини тиб буд, 9 феврал озими Туркия гардида буд. Дар рӯзҳои аввали баъди заминларза наҷотдиҳандагон дар як муддати кӯтоҳ се нафарро дар Қаҳрамонмараш зинда аз зери биноҳои фурӯрехта берун оварданд, ки миёнашон ду кӯдак буданд.Ахиран раисҷумҳури Туркия Раҷаб Тайиб Эрдуғон ҳангоми боздидҳои худ аз минтақаҳои зилзилазадаи кишвараш ба вилояти Хатой омад ва бо кору фаъолияти наҷотдиҳандагони КҲФ аз наздик шуда, сипосгузорӣ намуд. Заминларзаи фоҷиабор Туркияро субҳи 6 феврал такон дод, ки дар натиҷа беш аз 40 ҳазор нафар кушта шуда, садҳо ҳазори дигар маҷруҳу бехона гардидаанд. Дар Туркия ҳафт рӯз мотами миллӣ эълон шуда, дар даҳ музофоте, ки аз ҳама беш хароб гардиданд, се моҳ вазъи фавқулодда ҷорӣ гардид.
https://sputnik.tj/20230219/kori-najotdihandagoni-tojik-turkiya-video-1055045505.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2023
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e7/02/09/1054801810_315:0:974:494_1920x0_80_0_0_547bebee101a1d1db7309536dd840d83.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
анҷом, рисолат, имдодгарон, тоҷик, туркия
анҷом, рисолат, имдодгарон, тоҷик, туркия
Наҷотбахшони тоҷикистонӣ аз Туркия бармегарданд
Ҳайати имдодгарону табибони Тоҷикистон, ки дар амалиёти ҷустуҷӯ ва наҷот дар Туркия давоми ду ҳафтаи охир иштирок доштанд, ба Ватан бармегарданд
ДУШАНБЕ, 22 фев — Sputnik. Гурӯҳи наҷотбахшони КҲФ Тоҷикистон пас аз анҷоми кор дар ду вилояти бар асари заминларза харобшудаи Туркия ба Душанбе бармегарданд.
Ба иттилои дафтари матбуоти КҲФ, ҳавопаймои ҳомили наҷотдиҳандагони тоҷик шаби 23 феврал дар пойтахти Тоҷикистон фуруд хоҳад омад.
Наҷотдиҳандагони Тоҷикистон давоми ду ҳафтаи охир дар корҳои ҷустуҷӯӣ ва наҷот дар вилоятҳои Қаҳрамонмараш ва Хатой фаъолона иштирок намуданд.
Тайи ин муддат тавонистаанд чанд нафарро зинда аз зери харобаҳо наҷот диҳанд ва инчунин беш аз 200 ҷасадро берун овардаанд.
Маврид ба зикр аст, ки ҳайати 50-нафарӣ аз Тоҷикистон, ки шомили имдодгарону масъулини тиб буд, 9 феврал озими Туркия гардида буд.
Дар рӯзҳои аввали баъди заминларза наҷотдиҳандагон дар як муддати кӯтоҳ се нафарро дар Қаҳрамонмараш зинда аз зери биноҳои фурӯрехта берун оварданд, ки миёнашон ду кӯдак буданд.
Ахиран раисҷумҳури Туркия Раҷаб Тайиб Эрдуғон ҳангоми боздидҳои худ аз минтақаҳои зилзилазадаи кишвараш ба вилояти Хатой омад ва бо кору фаъолияти наҷотдиҳандагони КҲФ аз наздик шуда, сипосгузорӣ намуд.
Заминларзаи фоҷиабор Туркияро субҳи 6 феврал такон дод, ки дар натиҷа беш аз 40 ҳазор нафар кушта шуда, садҳо ҳазори дигар маҷруҳу бехона гардидаанд.
Дар Туркия ҳафт рӯз мотами миллӣ эълон шуда, дар даҳ музофоте, ки аз ҳама беш хароб гардиданд, се моҳ вазъи фавқулодда ҷорӣ гардид.