https://sputnik.tj/20230219/kori-najotdihandagoni-tojik-turkiya-video-1055045505.html
Кори наҷотдиҳандагони тоҷик дар макони нав дар Туркия - видео
Кори наҷотдиҳандагони тоҷик дар макони нав дар Туркия - видео
Гурӯҳи наҷотбахшони Тоҷикистон корро дар шаҳри Қаҳрамонмараши Туркия ба анҷом расонда, дар шаҳри Хатой ба бартарафсозии оқибатҳои заминларза пардохтаанд
2023-02-19T18:30+0500
2023-02-19T18:30+0500
2023-02-19T18:30+0500
видео
зилзила
заминларза
кҳф
туркия
/html/head/meta[@name='og:title']/@content
/html/head/meta[@name='og:description']/@content
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e7/02/13/1055042515_0:0:1099:619_1920x0_80_0_0_89f55f6a46f8980cd43b01eaad1858f2.png
Имдодгарони Тоҷикистон аз зери харобаҳо дар шаҳри Хатой то ҳол 15 ҷасадро берун оварданд, иттилоъ дод Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании ҶТ. Ба иттилои манбаъ, гурӯҳи наҷотбахшони Тоҷикистон аз Қаҳрамонмараши Туркия ба шаҳри Хатой ба хотири бартараф кардани оқибатҳои заминларзаи даҳшатбор сафарбар шуданд.Таъкид шудааст, ки то ҳол имдодгарон 208 ҷасадро аз зери харобаҳо дар Туркия берун овардаанд. Миннатдории генерали турк ба имдодгарони ТоҷикистонДар рӯзҳои аввали баъди заминларза наҷотдиҳандагон дар як муддати кӯтоҳ се нафарро дар Қаҳрамонмараш зинда аз зери биноҳои фурӯрехта берун оварданд, ки миёнашон ду кӯдак буданд.Ёдовар мешавем, ки субҳи барвақти рӯзи 6 феврал дар вилояти Қаҳрамонмараш заминларза ба шиддати 7,8 дараҷа рух дод. Дар пайи ин 30 зилзилаи сусттар ва нимаи рӯз замин боз бо қувваи 7.6 бал ларзид.Дар Туркия ҳафт рӯз мотами миллӣ эълон шуда, дар даҳ музофоте, ки аз ҳама беш хароб гардиданд, се моҳ вазъи фавқулодда ҷорӣ гардид.Тибқи маълумотҳои охир, бар асари ин офати табиӣ дар Туркия наздики 41 ҳазор нафар ба ҳалокат расид.
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rosiya Segodnya“
2023
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rosiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rosiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e7/02/13/1055042515_111:0:1074:722_1920x0_80_0_0_a85d991434ab9ab575f553e5c9c9bf47.pngSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rosiya Segodnya“
натиҷа, кор, наҷотдиҳандагон, тоҷик, хатой, туркия
натиҷа, кор, наҷотдиҳандагон, тоҷик, хатой, туркия
Кори наҷотдиҳандагони тоҷик дар макони нав дар Туркия - видео
Гурӯҳи наҷотбахшони Тоҷикистон корро дар шаҳри Қаҳрамонмараши Туркия ба анҷом расонда, дар шаҳри Хатой ба бартарафсозии оқибатҳои заминларза пардохтаанд
Имдодгарони Тоҷикистон аз зери харобаҳо дар шаҳри Хатой то ҳол 15 ҷасадро берун оварданд, иттилоъ дод Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании ҶТ.
Ба иттилои манбаъ, гурӯҳи наҷотбахшони Тоҷикистон аз Қаҳрамонмараши Туркия ба шаҳри Хатой ба хотири бартараф кардани оқибатҳои заминларзаи даҳшатбор сафарбар шуданд.
Таъкид шудааст, ки то ҳол имдодгарон 208 ҷасадро аз зери харобаҳо дар Туркия берун овардаанд.
Дар рӯзҳои аввали баъди заминларза наҷотдиҳандагон дар як муддати кӯтоҳ се нафарро дар Қаҳрамонмараш зинда аз зери биноҳои фурӯрехта берун оварданд, ки миёнашон ду кӯдак буданд.
Ёдовар мешавем, ки субҳи барвақти рӯзи 6 феврал дар вилояти Қаҳрамонмараш заминларза ба шиддати 7,8 дараҷа рух дод. Дар пайи ин 30 зилзилаи сусттар ва нимаи рӯз замин боз бо қувваи 7.6 бал ларзид.
Дар Туркия ҳафт рӯз мотами миллӣ эълон шуда, дар даҳ музофоте, ки аз ҳама беш хароб гардиданд, се моҳ вазъи фавқулодда ҷорӣ гардид.
Тибқи маълумотҳои охир, бар асари ин офати табиӣ дар Туркия наздики 41 ҳазор нафар ба ҳалокат расид.