https://sputnik.tj/20230221/rohi-stalin-sherali-kabir-mafkurai-istehsoli-1055099744.html
“Роҳи Сталин”: Шералӣ Кабир дар бораи мафкураи истеҳсолӣ
“Роҳи Сталин”: Шералӣ Кабир дар бораи мафкураи истеҳсолӣ
Sputnik Тоҷикистон
Вазири саноат ва технологияҳои нав эҷоди мафкураи истеҳсолиро барои рушди саноату иқтисод, афзойиши содирот ва коҳиши бекорӣ дар Тоҷикистон муҳим хонд
2023-02-21T20:35+0500
2023-02-21T20:35+0500
2023-02-22T09:22+0500
дар тоҷикистон
саноат
истеҳсол
шералӣ кабир
коргоҳ
технология
содирот
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e7/01/18/1054447955_0:0:3076:1730_1920x0_80_0_0_dbe7727a8a88dd6833cb8d30b51abac1.jpg
ДУШАНБЕ, 21 фев – Sputnik. Шералӣ Кабир дар ин бора дар нишасти матбуотии ниҳодаш ба рӯзноманигорон изҳори назар кард, вақте аз ӯ суол шуд, ки чӣ тур метавон маҳсулоти ватаниро дар дохил коркард карда, содиротро афзуд.Вазири саноат ва технологияҳои нав гуфт, қудрат ва рушди иқтисодии Чин аз ислоҳоти саноати сабук шуруъ шудааст, зеро нуфуси зиёд дорад ва бо истифода аз захираҳои инсонӣ нахуст саноати сабук ва дар заминаи он соҳоти дигарро рушд дод ва муваффақ ба коҳиши бекориву афзойиши содирот шуд ва ин таҷриба барои ҳар кишвар, аз ҷумла Тоҷикистон низ мувофиқ аст.“Мехоҳам фалсафаи онро баён кунам. Нахуст бояд инро арзёбӣ кунем, ки маҳсулоти асосии мо чиҳо ҳастанд. Пеш аз ҳама, пахта. Мо соли гузашта 281 миллион доллар, 4,4 миллион доллар кам дар қиёс бо соли 2021, аксаран нахи пахта, ресмон, матоъи пахтагӣ, ҷӯроб ва маҳсулоти дӯзандагӣ содир кардем. Истеҳсоли матоъи пахтагӣ 3,6 баробар зиёд шуд”, - гуфт Шералӣ Кабир.Ин ҳам дар ҳоле ки соли гузашта Тоҷикистон 404,7 ҳазор тон, ё 4,7% кам дар қиёс бо соли 2021 пахта тавлид кард ва фақат 25%-и пахта дар худи Тоҷикистон коркард мешавад.Вазир гуфт, дар Стратегияи миллии ҷадиде, ки ба ҳукумати Тоҷикистон пешниҳод мешавад, ҳадафи ниҳоӣ ба вуҷуд овардани ҷойҳои нави корӣ ва таъмини мардум бо шуғл дар истеҳсолот аст.Аммо ин кластерҳо чистанд?Қаблан вазири кишоварзӣ Қурбон Ҳакимзода гуфта буд, ки бино ба қарори ҳукумати Тоҷикистон, дар тамоми соҳот, назири пахтапарварӣ, ғаллапарварӣ ва сабзавоткорӣ, дар кишвар агрокластерҳо таъсис хоҳанд ёфт, ки дар онҳо кишту истеҳсол ва коркарди маҳсулоту содирот дар як низом ба роҳ монда хоҳанд шуд.“Ин таҷриба дар кишварҳои ғарбӣ роиҷ аст ва имрӯз дар Ӯзбекистон роҳандозӣ шудааст, ки рушди муштараки кишоварзиву саноатро таъмин мекунад. Аз сӯи дигар, як гуна манфиати муштараки саҳҳомон низ ба вуҷуд меояд то ба ҳадде, ки як нафар метавонад аз як-ду метри мураббаъ то як ҳазор гектар замин дошта, саҳҳом шавад”, - гуфт Қурбон Ҳакимзода.Дар ин кластерҳо қарор аст як ширкат ҳудуди 15 ҳазор гектар заминро гирифта, дар он пахта кишт кунад. Кишоварзон ин интизорро доранд, ки ба ҷои 20-25 сентнери имрӯз он замон 40-45 тон пахта аз ҳар гектар ба даст хоҳад омад.Аммо чӣ тур?“Муъҷиза”-и кластерҳоОгаҳони ҳол бар инанд, ки барои роҳандозии чунин тарҳҳои бузург дар Тоҷикистон пайдо намудани маблағ имкон надорад ва зарурат ба сармояи хориҷӣ аст. Ва на фақат сармоя. Технология, инфрасохторҳо барои обёриву барқ ва роҳро низ бояд сармоягузор фароҳам созад. Ба қавли онҳо, Тоҷикистон дар ҳоли ҳозир ба ҷуз сармоя, вақт низ надорад, ки ин тарҳҳоро бо нерӯи молии худ амалӣ кунад.Бино ба иттилои вазорати саноат ва технологияҳои нав, Тоҷикистон қарор аст коркарди пахтаро дар бо ширкати “БТК Груп” (Балтийская текстильная компания) – и Русия, ки таҷрибаи ғанӣ дар ин соҳа дорад, ба роҳ андозад.Ва бино ба таҳлилҳо, Тоҷикистон фақат аз ҳисоби тавлидоти пахтагӣ метавонад солона ками кам 1,5 миллиард доллар ва бо иттифоқи дигар фаровардаҳои кишоварзӣ ҳадди аксар беш аз 3 миллиард доллар (чизе бештар аз нисфи маболиғи муҳоҷирини меҳнатӣ), зиёда аз даҳ баробар бештар аз имрӯз содирот кунад, ки худ як “мӯъҷизаи иқтисодӣ” хоҳад буд.Шералӣ Кабир гуфт, кор дар ин самт зина ба зина ва амалӣ бояд пеш равад, то дастандаркорон ҳам худро нафиребанд ва ҳам талаботи ҷомеаро бароварда кунанд, аз ин хотир, ислоҳоте, ки барои рушди саноати сабук пешбинӣ шудаанд, хеле муҳиманд.“Ҳамоно барои эҷоди мафкураи истеҳсолӣ фақат эҷоди ҷои корӣ ва таъмини мардум бо кор кофӣ нест. Онҳое, ки соҳиби кор мешаванд, бояд касбият низ ҳосил кунанд ва дар дарозмуддат тамоми истеҳсолот аз сӯи худи мардуми маҳаллӣ ба роҳ монда шавад, бидуни кӯмаки хориҷӣ. То он замон сармояи худӣ низ пайдо мешавад. Расидан ба мафкураи истеҳсолӣ як роҳи дурудароз аст”, - гуфт ӯ.Вазири саноат ва технологияҳои нав мисоли ҷолиберо овард. Вай гуфт, вақте барномаи истифода аз конҳои тило оғоз шуд, бузургтарин саҳми Тоҷикистон дар ширкати “Зарафшон” 30% буд.“Соли гузашта “Талко голд” ба кор шуруъ кард, ки он ҷо саҳми Тоҷикистон 50% аст. Хушбахтона, 98% дарсади раванди истеҳсолиро коргарони мо анҷом медиҳанд. Барнома дорем, ки тарҳи Кони Мансурро пурра ба дасти мутахассисони худ амалӣ кунем ва 100% - и саҳм аз худи мо бошад”, - гуфт Шералӣ Кабир.Ҳарфи доҳӣВазири саноат ва технологияҳои нав аз сафари худ ба Минск, пойтахти Белорус, қиссаи ҷолибе кард. Вай гуфт, дар Минск ба ман қисса карданд, ки вақте нерӯҳои Шӯравӣ соли 1944 шаҳри Минскро аз нерӯҳои нозиёни ҳитлерӣ озод карданд, Сталин он ҷо рафт ва аз раҳбарони Белорус пурсид, ки оё мефаҳмед, чаро сокинон чаро Минскро ба зудӣ таслим карданд?“Ишораи ӯ ба ин буд, ки вақте нерӯҳои Олмони нозӣ ба Минск ҳамла карданд, шаҳр зуд таслим шуд. Сталин гуфт, барои он ки дар он ҷо мафкураи истеҳсолӣ набуд. Истеҳсолот, ки набуд, мардум, ки мафкураи истеҳсолӣ надоштанд, шаҳрро гузошта фирор карданд. Аммо дар муқобил сокинони Киев бо нозиён муқовимат карданд. Ва супориш медиҳад, ки дар Минск як корхонаи калони тракторсозӣ бунёд намоянд, ки то ба ҳол кор мекунад”, - гуфт Шералӣ Кабир.Ба қавли ӯ, мафкураи истеҳсолӣ руҳу равони мардумро тағйир медиҳад, ононро водор мекунад, ки барои беҳбуди рӯзгор аз имконоту шароити ватани худ истифода кунанд ва ватандӯстии отифии онҳо ҷанбаи иқтисодӣ ва манфиатӣ пайдо кунад.“Ман шахсан дар Ширкати алюминиуми тоҷик (“Талко”) кор кардаам. Дар шаҳри Регар мардум хеле мутафовит ҳастанд, мафкура ва фаҳмиши дигар доранд, зеро он ҷо истеҳсолоти калони саноатӣ ҳаст. Мо сад дар сад дарк мекунем, ки бояд истеҳсолоти калони саноатӣ ба вуҷуд оварда шавад. Бовар дорам, ки муваффақ мешавем”, - гуфт вазири саноат ва технологияҳои нав.Тоҷикистон соли 2020 ин барномаро рӯи даст гирифт, ки тавлидоти саноатии худро то соли 2025 баробар ба 30 соли гузашта кунад, ба гунаи дигар, роҳеро, ки 30 соли пеш тай кардаастро дар 5 сол паймояд. Ба ин хотир, ҳамасола дар кишвар даҳҳо корхонаи хурду бузург эҷод мешаванд, абаркорхонаҳои саноатӣ, назири “Талко”, “Азот” ва ғайра ба фанновариҳои ҷадид мегузаранд.Тибқи иттилои вазорати саноат ва технологияҳои нав, ҳаҷми маҳсулоти саноатӣ дар соли 2022 (бидуни соҳаи энергетика) ба 120% расида, тавлид 43 миллиард сомонӣ, ё 5, 7 миллиард сомонӣ (15,4%) бештар аз соли 2021 будааст. Тоҷикистон аз рӯи суръати рушди саноат дар миёни кишварҳои собиқ Шӯравӣ пешгом аст.Тибқи додаҳои оморӣ, фақат дар соли 2022 505 корхонаи нави саноатӣ (306 – 2022, 269 – 2020) дар кишвар эҷод шуда, 2 миллиард сомонӣ (муодили 200 миллион доллар) ё 5% аз ҳаҷми умумии тавлидоти саноатиро таъмин кардаанд. Теъдоди кормандони ин корхонаҳо 5475 нафарро ташкил додааст (соли 2021 – 4957, 2020 – 3718).Ин афзойиш, зоҳиран, баёнгари рушди мафкураи истеҳсолӣ дар ҷомиаи Тоҷикистон низ ҳаст.
https://sputnik.tj/20230124/rahmon-kori-vazorat-sanoat-dastur-sherali-kabir-1054448861.html
https://sputnik.tj/20221226/buja-khatlon-sanoat-hisobot-hakimzoda-1053800720.html
https://sputnik.tj/20221129/maqomdoron-az-rushdi-sanoat-ba-prezident-khabar-dodand-1053155719.html
https://sputnik.tj/20220626/mutakhassis-geolog-sanoat-peshnihod-sherali-kabir-dom-khorugh-1049518181.html
https://sputnik.tj/20220611/viloyati-khatlon-sanoat-1049117600.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2023
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e7/01/18/1054447955_0:0:2729:2047_1920x0_80_0_0_6932897840a426d30d0241e16459047a.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоҷикистон, саноат, истеҳсол, иқтисод, шералӣ кабир, вазири саноат, содирот, коҳиши бекорӣ
тоҷикистон, саноат, истеҳсол, иқтисод, шералӣ кабир, вазири саноат, содирот, коҳиши бекорӣ
“Роҳи Сталин”: Шералӣ Кабир дар бораи мафкураи истеҳсолӣ
20:35 21.02.2023 (Навсозишуда: 09:22 22.02.2023) Эксклюзив
Вазири саноат ва технологияҳои нав эҷоди мафкураи истеҳсолиро барои рушди саноату иқтисод, афзойиши содирот ва коҳиши бекорӣ дар Тоҷикистон муҳим хонд
ДУШАНБЕ, 21 фев – Sputnik. Шералӣ Кабир дар ин бора дар нишасти матбуотии ниҳодаш ба рӯзноманигорон изҳори назар кард, вақте аз ӯ суол шуд, ки чӣ тур метавон маҳсулоти ватаниро дар дохил коркард карда, содиротро афзуд.
Вазири саноат ва технологияҳои нав гуфт, қудрат ва рушди иқтисодии Чин аз ислоҳоти саноати сабук шуруъ шудааст, зеро нуфуси зиёд дорад ва бо истифода аз захираҳои инсонӣ нахуст саноати сабук ва дар заминаи он соҳоти дигарро рушд дод ва муваффақ ба коҳиши бекориву афзойиши содирот шуд ва ин таҷриба барои ҳар кишвар, аз ҷумла Тоҷикистон низ мувофиқ аст.
“Мехоҳам фалсафаи онро баён кунам. Нахуст бояд инро арзёбӣ кунем, ки маҳсулоти асосии мо чиҳо ҳастанд. Пеш аз ҳама, пахта. Мо соли гузашта 281 миллион доллар, 4,4 миллион доллар кам дар қиёс бо соли 2021, аксаран нахи пахта, ресмон, матоъи пахтагӣ, ҷӯроб ва маҳсулоти дӯзандагӣ содир кардем. Истеҳсоли матоъи пахтагӣ 3,6 баробар зиёд шуд”, - гуфт Шералӣ Кабир.
Ин ҳам дар ҳоле ки соли гузашта Тоҷикистон 404,7 ҳазор тон, ё 4,7% кам дар қиёс бо соли 2021 пахта тавлид кард ва фақат 25%-и пахта дар худи Тоҷикистон коркард мешавад.
Вазир гуфт, дар Стратегияи миллии ҷадиде, ки ба ҳукумати Тоҷикистон пешниҳод мешавад, ҳадафи ниҳоӣ ба вуҷуд овардани ҷойҳои нави корӣ ва таъмини мардум бо шуғл дар истеҳсолот аст.
“Масалан, вижаи пахта, қарор аст дар саросари кишвар шаш кластер - Хатлон (3), Суғд (2) ва Душанбе (1) - эҷод шавад. Масалан, барнома ин аст, ки дар шаҳри Кӯлоб 6 ҳазор ҷои корӣ ба вуҷуд орем, зеро нерӯи корӣ ва зарурати фаро гирифтани он бо кор вуҷуд дорад”, - гуфт Шералӣ Кабир.
Аммо ин кластерҳо чистанд?
Қаблан вазири кишоварзӣ Қурбон Ҳакимзода гуфта буд, ки бино ба қарори ҳукумати Тоҷикистон, дар тамоми соҳот, назири пахтапарварӣ, ғаллапарварӣ ва сабзавоткорӣ, дар кишвар агрокластерҳо таъсис хоҳанд ёфт, ки дар онҳо кишту истеҳсол ва коркарди маҳсулоту содирот дар як низом ба роҳ монда хоҳанд шуд.
“Ин таҷриба дар кишварҳои ғарбӣ роиҷ аст ва имрӯз дар Ӯзбекистон роҳандозӣ шудааст, ки рушди муштараки кишоварзиву саноатро таъмин мекунад. Аз сӯи дигар, як гуна манфиати муштараки саҳҳомон низ ба вуҷуд меояд то ба ҳадде, ки як нафар метавонад аз як-ду метри мураббаъ то як ҳазор гектар замин дошта, саҳҳом шавад”, - гуфт Қурбон Ҳакимзода.
Дар ин кластерҳо қарор аст як ширкат ҳудуди 15 ҳазор гектар заминро гирифта, дар он пахта кишт кунад. Кишоварзон ин интизорро доранд, ки ба ҷои 20-25 сентнери имрӯз он замон 40-45 тон пахта аз ҳар гектар ба даст хоҳад омад.
Огаҳони ҳол бар инанд, ки барои роҳандозии чунин тарҳҳои бузург дар Тоҷикистон пайдо намудани маблағ имкон надорад ва зарурат ба сармояи хориҷӣ аст. Ва на фақат сармоя. Технология, инфрасохторҳо барои обёриву барқ ва роҳро низ бояд сармоягузор фароҳам созад. Ба қавли онҳо, Тоҷикистон дар ҳоли ҳозир ба ҷуз сармоя, вақт низ надорад, ки ин тарҳҳоро бо нерӯи молии худ амалӣ кунад.
Бино ба иттилои вазорати саноат ва технологияҳои нав, Тоҷикистон қарор аст коркарди пахтаро дар бо ширкати “БТК Груп” (Балтийская текстильная компания) – и Русия, ки таҷрибаи ғанӣ дар ин соҳа дорад, ба роҳ андозад.
Ва бино ба таҳлилҳо, Тоҷикистон фақат аз ҳисоби тавлидоти пахтагӣ метавонад солона ками кам 1,5 миллиард доллар ва бо иттифоқи дигар фаровардаҳои кишоварзӣ ҳадди аксар беш аз 3 миллиард доллар (чизе бештар аз нисфи маболиғи муҳоҷирини меҳнатӣ), зиёда аз даҳ баробар бештар аз имрӯз содирот кунад, ки худ як “мӯъҷизаи иқтисодӣ” хоҳад буд.
Шералӣ Кабир гуфт, кор дар ин самт зина ба зина ва амалӣ бояд пеш равад, то дастандаркорон ҳам худро нафиребанд ва ҳам талаботи ҷомеаро бароварда кунанд, аз ин хотир, ислоҳоте, ки барои рушди саноати сабук пешбинӣ шудаанд, хеле муҳиманд.
“Ҳамоно барои эҷоди мафкураи истеҳсолӣ фақат эҷоди ҷои корӣ ва таъмини мардум бо кор кофӣ нест. Онҳое, ки соҳиби кор мешаванд, бояд касбият низ ҳосил кунанд ва дар дарозмуддат тамоми истеҳсолот аз сӯи худи мардуми маҳаллӣ ба роҳ монда шавад, бидуни кӯмаки хориҷӣ. То он замон сармояи худӣ низ пайдо мешавад. Расидан ба мафкураи истеҳсолӣ як роҳи дурудароз аст”, - гуфт ӯ.
Вазири саноат ва технологияҳои нав мисоли ҷолиберо овард. Вай гуфт, вақте барномаи истифода аз конҳои тило оғоз шуд, бузургтарин саҳми Тоҷикистон дар ширкати “Зарафшон” 30% буд.
“Соли гузашта “Талко голд” ба кор шуруъ кард, ки он ҷо саҳми Тоҷикистон 50% аст. Хушбахтона, 98% дарсади раванди истеҳсолиро коргарони мо анҷом медиҳанд. Барнома дорем, ки тарҳи Кони Мансурро пурра ба дасти мутахассисони худ амалӣ кунем ва 100% - и саҳм аз худи мо бошад”, - гуфт Шералӣ Кабир.
Вазири саноат ва технологияҳои нав аз сафари худ ба Минск, пойтахти Белорус, қиссаи ҷолибе кард. Вай гуфт, дар Минск ба ман қисса карданд, ки вақте нерӯҳои Шӯравӣ соли 1944 шаҳри Минскро аз нерӯҳои нозиёни ҳитлерӣ озод карданд, Сталин он ҷо рафт ва аз раҳбарони Белорус пурсид, ки оё мефаҳмед, чаро сокинон чаро Минскро ба зудӣ таслим карданд?
“Ишораи ӯ ба ин буд, ки вақте нерӯҳои Олмони нозӣ ба Минск ҳамла карданд, шаҳр зуд таслим шуд. Сталин гуфт, барои он ки дар он ҷо мафкураи истеҳсолӣ набуд. Истеҳсолот, ки набуд, мардум, ки мафкураи истеҳсолӣ надоштанд, шаҳрро гузошта фирор карданд. Аммо дар муқобил сокинони Киев бо нозиён муқовимат карданд. Ва супориш медиҳад, ки дар Минск як корхонаи калони тракторсозӣ бунёд намоянд, ки то ба ҳол кор мекунад”, - гуфт Шералӣ Кабир.
Ба қавли ӯ, мафкураи истеҳсолӣ руҳу равони мардумро тағйир медиҳад, ононро водор мекунад, ки барои беҳбуди рӯзгор аз имконоту шароити ватани худ истифода кунанд ва ватандӯстии отифии онҳо ҷанбаи иқтисодӣ ва манфиатӣ пайдо кунад.
“Ман шахсан дар Ширкати алюминиуми тоҷик (“Талко”) кор кардаам. Дар шаҳри Регар мардум хеле мутафовит ҳастанд, мафкура ва фаҳмиши дигар доранд, зеро он ҷо истеҳсолоти калони саноатӣ ҳаст. Мо сад дар сад дарк мекунем, ки бояд истеҳсолоти калони саноатӣ ба вуҷуд оварда шавад. Бовар дорам, ки муваффақ мешавем”, - гуфт вазири саноат ва технологияҳои нав.
Тоҷикистон соли 2020 ин барномаро рӯи даст гирифт, ки тавлидоти саноатии худро то соли 2025 баробар ба 30 соли гузашта кунад, ба гунаи дигар, роҳеро, ки 30 соли пеш тай кардаастро дар 5 сол паймояд. Ба ин хотир, ҳамасола дар кишвар даҳҳо корхонаи хурду бузург эҷод мешаванд, абаркорхонаҳои саноатӣ, назири “Талко”, “Азот” ва ғайра ба фанновариҳои ҷадид мегузаранд.
Тибқи иттилои вазорати саноат ва технологияҳои нав, ҳаҷми маҳсулоти саноатӣ дар соли 2022 (бидуни соҳаи энергетика) ба 120% расида, тавлид 43 миллиард сомонӣ, ё 5, 7 миллиард сомонӣ (15,4%) бештар аз соли 2021 будааст. Тоҷикистон аз рӯи суръати рушди саноат дар миёни кишварҳои собиқ Шӯравӣ пешгом аст.
Тибқи додаҳои оморӣ, фақат дар соли 2022 505 корхонаи нави саноатӣ (306 – 2022, 269 – 2020) дар кишвар эҷод шуда, 2 миллиард сомонӣ (муодили 200 миллион доллар) ё 5% аз ҳаҷми умумии тавлидоти саноатиро таъмин кардаанд. Теъдоди кормандони ин корхонаҳо 5475 нафарро ташкил додааст (соли 2021 – 4957, 2020 – 3718).
Ин афзойиш, зоҳиран, баёнгари рушди мафкураи истеҳсолӣ дар ҷомиаи Тоҷикистон низ ҳаст.