Миллиардҳо: маълум шуд, ки дар Хатлон аз соҳаи саноат чӣ миқдор маблағ ба даст омад

© Sputnik / Варвара Гертье / Гузариш ба медиабонкПроизводство тканей
Производство тканей  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 11.06.2022
Обуна шудан
Дар вилояти Хатлон фаъолияти панҷмоҳаи соҳаи саноат дар соли 2022 ҷамъбаст гардидаааст ва мувофиқи гузоришҳо, натиҷааш мусбӣ мебошад
ДУШАНБЕ, 11 июн — Sputnik. Дар вилояти Хатлон давоми 5 моҳи соли ҷорӣ ба маблағи 3 миллиарду 470 миллиону 455,8 ҳазор сомонӣ маҳсулот истеҳсол шудааст.
Дар муқоиса ба ҳамин давраи соли гузашта, ин нишондиҳанда 534 миллиону 784 ҳазор сомонӣ зиёд мебошад, хабар медиҳад мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон.
Гуфта мешавад, ки дар баробари ин, суръати афзоиш бо назардошти нархҳои қиёсӣ дар сатҳи 13,7 фоиз таъмин гардидааст.
Манбаъ афзуда, ки суръати афзоиши ҳаҷми маҳсулоти саноатиро дар ноҳияҳои Вахш, Восеъ, Хуросон, Кӯшониён, Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ, Фархор, Панҷ, Ховалинг, Шамсиддини Шоҳин аз 121 то 222 фоиз таъмин кардаанд.
Дарахти зардолу - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 08.06.2022
Содироти 420 тонна зардолу аз Конибодом ба кишварҳои хориҷ
Ҳамчунин мувофиқи оморӣ расмӣ, дар давоми панҷ моҳи соли равон аз ҷониби соҳибкорони маҳаллӣ дар шаҳру ноҳияҳои вилоят 45 корхонаву коргоҳҳои истеҳсолӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифта, дар ин замина 420 нафар шаҳрвандони маҳаллӣ бо ҷойи корӣ таъмин гаштаанд.
Дар ҷаласа инчунин ба раисони шаҳру ноҳияҳо барои бунёди корхонаю коргоҳҳои саноатӣ дар ҳамкорӣ бо бахши хусусӣ, дастуру сопоришҳо дода шудааст.
Ҳамзамон аз ширкаткунандагони нишаст даъват шудааст, ки ҳар як ваҷаб замин, аз ҷумла замиинҳои наздиҳавлигӣ, заминҳои назди ташкилоту муассисаҳо истифода шаваду дар таъмини бозори истеъмолӣ саҳмгузор бошанд.
Лентаи хабарҳо
0