https://sputnik.tj/20221129/maqomdoron-az-rushdi-sanoat-ba-prezident-khabar-dodand-1053155719.html
Мақомдорон аз рушди саноат ба Президент хабар доданд
Мақомдорон аз рушди саноат ба Президент хабар доданд
Sputnik Тоҷикистон
Мақомдорони Тоҷикистон дар ҷаласаи ахири ҳукумат эълон карданд, ки рушди саноати сабук дар Тоҷикистон сол ба сол тамоюли афзоиш дорад
2022-11-29T21:20+0500
2022-11-29T21:20+0500
2022-11-29T21:20+0500
дар тоҷикистон
маҷлиси ҳукумат
президент
эмомалӣ раҳмон
саноат
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/0b/1d/1053155565_92:263:2983:1889_1920x0_80_0_0_96052b34c5c3d312b34a8c7cb9daf120.jpg
ДУШАНБЕ, 29 ноя — Sputnik. Дар маҷлиси ҳукумат, ки имрӯз бо ҳузури раисҷумҳур баргузор шуд, хабар дода шуд, ки ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноати сабук дар давраи амалишавии Барнома рушди саноати сабук дар Тоҷикистон сол ба сол тамоюли афзоиш дорад, аз 2,7 млрд сомонии соли 2018 соли 2021 ба 4,1 млрд сомонӣ расонида шудааст.Суръати афзоиш нисбат ба соли 2018 1,5 маротиба зиёд гардидааст.Аз ҷумла, дар давраи амалигардонии Барномаи соҳа яъне солҳои 2018-2021 ва 8 моҳи соли 2022 нишондиҳандаи дурнамои ресмони пахтагин 103,5 фоиз, маҳсулоти дӯзандагӣ 115,3 фоиз, маснуоти ҷӯробу пайпоқ 209,5 фоиз, маҳсулоти кешбофӣ 141,4 фоиз, пойафзол 101,1 фоиз, мебел 216,8 фоиз ва матои адрас 167,1 фоиз иҷро гардиданд.Ҳамзамон ҳаҷми истеҳсоли либоси мактабӣ аз 1 млн 128 ҳазор дона дар соли 2018 соли 2021 ба 2 млн 670 ҳазор дона расонида шуд, ки суръати афзоиш 2,4 маротиба зиёд мебошад.Дар ҳашт моҳи соли 2022 ҳаҷми истеҳсоли либоси мактабӣ ба 3 млн 18 ҳазор дона расонида шуд, ки суръати афзоиш назар ба ҳамин давраи соли гузашта 20,0 фоиз зиёд таъмин гардидааст.Дар давраи амалишавии Барномаи мазкур дар маҷмуъ дар ҷумҳурӣ 245 корхонаю коргоҳ бо 3872 ҷойи корӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтааст.Аз ҷумла, 38 корхонаю коргоҳ бо 730 ҷойи корӣ дар соли 2018, 50 корхонаю коргоҳ бо 820 ҷойи корӣ дар соли 2019, 32 корхонаю коргоҳ бо 534 ҷойи корӣ соли 2020, 87 корхонаю коргоҳ бо 1326 ҷойи корӣ соли 2021 ва 38 корхонаю коргоҳ бо 462 ҷойи корӣ давоми моҳҳои январ-августи соли 2022 ба истифода дода шудаанд.Самти фаъолияти корхонаю коргоҳҳои болозикр ба коркарди пахта, нахи пахта, пӯст, истеҳсоли пахтаи кӯрпабоб, маҳсулоти дӯзандагӣ, ҷӯроб, халтаҳои полипропиленӣ, пойафзол ва мебел равона карда шудаанд.
https://sputnik.tj/20221129/majlis-hukumat-barguzor-shud-masala-1053155345.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/0b/1d/1053155565_0:212:2449:2048_1920x0_80_0_0_eb63ec4f9aa70930f91e2793c19a71fe.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоҷикистон, саноат, рушд, президент, хабар, мақомдорон
тоҷикистон, саноат, рушд, президент, хабар, мақомдорон
Мақомдорон аз рушди саноат ба Президент хабар доданд
Мақомдорони Тоҷикистон дар ҷаласаи ахири ҳукумат эълон карданд, ки рушди саноати сабук дар Тоҷикистон сол ба сол тамоюли афзоиш дорад
ДУШАНБЕ, 29 ноя — Sputnik. Дар маҷлиси ҳукумат, ки имрӯз бо ҳузури раисҷумҳур баргузор шуд, хабар дода шуд, ки ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноати сабук дар давраи амалишавии Барнома рушди саноати сабук дар Тоҷикистон сол ба сол тамоюли афзоиш дорад, аз 2,7 млрд сомонии соли 2018 соли 2021 ба 4,1 млрд сомонӣ расонида шудааст.
Суръати афзоиш нисбат ба соли 2018 1,5 маротиба зиёд гардидааст.
Аз ҷумла, дар давраи амалигардонии Барномаи соҳа яъне солҳои 2018-2021 ва 8 моҳи соли 2022 нишондиҳандаи дурнамои ресмони пахтагин 103,5 фоиз, маҳсулоти дӯзандагӣ 115,3 фоиз, маснуоти ҷӯробу пайпоқ 209,5 фоиз, маҳсулоти кешбофӣ 141,4 фоиз, пойафзол 101,1 фоиз, мебел 216,8 фоиз ва матои адрас 167,1 фоиз иҷро гардиданд.
Ҳамзамон ҳаҷми истеҳсоли либоси мактабӣ аз 1 млн 128 ҳазор дона дар соли 2018 соли 2021 ба 2 млн 670 ҳазор дона расонида шуд, ки суръати афзоиш 2,4 маротиба зиёд мебошад.
Дар ҳашт моҳи соли 2022 ҳаҷми истеҳсоли либоси мактабӣ ба 3 млн 18 ҳазор дона расонида шуд, ки суръати афзоиш назар ба ҳамин давраи соли гузашта 20,0 фоиз зиёд таъмин гардидааст.
Дар давраи амалишавии Барномаи мазкур дар маҷмуъ дар ҷумҳурӣ 245 корхонаю коргоҳ бо 3872 ҷойи корӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтааст.
Аз ҷумла, 38 корхонаю коргоҳ бо 730 ҷойи корӣ дар соли 2018, 50 корхонаю коргоҳ бо 820 ҷойи корӣ дар соли 2019, 32 корхонаю коргоҳ бо 534 ҷойи корӣ соли 2020, 87 корхонаю коргоҳ бо 1326 ҷойи корӣ соли 2021 ва 38 корхонаю коргоҳ бо 462 ҷойи корӣ давоми моҳҳои январ-августи соли 2022 ба истифода дода шудаанд.
Самти фаъолияти корхонаю коргоҳҳои болозикр ба коркарди пахта, нахи пахта, пӯст, истеҳсоли пахтаи кӯрпабоб, маҳсулоти дӯзандагӣ, ҷӯроб, халтаҳои полипропиленӣ, пойафзол ва мебел равона карда шудаанд.