https://sputnik.tj/20230220/musodira-gusht-zararnok-furushanda-vahdat-1055053752.html
Мусодираи беш аз 2 тон гӯшти зарарнок аз фурӯшанда дар Ваҳдат
Мусодираи беш аз 2 тон гӯшти зарарнок аз фурӯшанда дар Ваҳдат
Sputnik Тоҷикистон
Масъулини Маркази ташхиси санитарию эпидемиологии шаҳри Ваҳдат фаъолияти бархе аз нуқтаҳои гӯштфурӯширо дар бозори марказӣ боздоштаанд 20.02.2023, Sputnik Тоҷикистон
2023-02-20T13:00+0500
2023-02-20T13:00+0500
2023-02-20T13:00+0500
дар тоҷикистон
тандурустӣ
гӯшт
санитарӣ
гӯшт
гӯшти мурғ
мусодира
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/101361/44/1013614493_0:160:3073:1888_1920x0_80_0_0_93867427e27e4114f76b1a08475b07d5.jpg
ДУШАНБЕ, 20 фев — Sputnik. Аз нуқтаи гӯштфурӯшии як шаҳрванд беш аз 2,2 тон гӯшти мурғи пастсифат ошкор гардида, аз муомилот гирифта шуд. Дар ин бора хабаргузории "Ховар" аз қавли мутахассисони Маркази ташхиси санитарию эпидемиологии шаҳри Ваҳдат хабар додаст. Таъкид шудааст, ки мавод барои чораандешӣ нисбат ба шаҳрванд ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ пешниҳод гардидаст. Назари худи фурӯшанда дар бораи ин иттиҳом маълум нест. Тибқи иттилои манбаъ, аз ҷумла наздики 1 тон гӯшти мурғ, беш аз 1 тон ҷигари мурғ мусодира гардидааст. Масъулин мегӯянд, муайян шудааст, ки маҳсулоти мазкур дар ҳолати ғайрисанитарӣ нигоҳ дошта шудаанд. Дар натиҷаи гузаронидани ташхис он, ҳамчун маҳсулоти хатарнок барои ҷомеа муайян гардид, омадааст дар иттилоия. Таъкид шудааст, ки маблағи умумии гӯшти мусодирашуда наздики 56 ҳазор сомониро ташкил додааст. Дар маҷмуъ иттилоъ дода шуд, ки мутахассисони Маркази ташхиси санитарию эпидемиологии шаҳр фаъолияти 8 нуқтаи гӯштфурӯшии Бозори марказии шаҳри Ваҳдат бо сабаби ба талаботи санитарӣ ҷавобгӯ набудани онҳо мутаваққиф кардаанду, соҳибонашон ба маблағи 1700 сомонӣ ҷаримабандӣ шудаанд. Дар умум тайи як соли охир барои нақзи қоидаҳои санитарӣ нисбат ба 45 нафар санадҳои маъмурӣ тартиб дода шуда, аз онҳо ба маблағи умумии 25,5 ҳазор сомонӣ ҷарима ситонда шудааст.
https://sputnik.tj/20230219/musodira-antifriz-pastsifat-kulob-1055047246.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2023
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/101361/44/1013614493_170:0:2901:2048_1920x0_80_0_0_19ec88c7b4a5f4aa255e3df0e0f27149.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
дар тоҷикистон, тандурустӣ, гӯшт, санитарӣ, гӯшт, гӯшти мурғ, мусодира
дар тоҷикистон, тандурустӣ, гӯшт, санитарӣ, гӯшт, гӯшти мурғ, мусодира
Мусодираи беш аз 2 тон гӯшти зарарнок аз фурӯшанда дар Ваҳдат
Масъулини Маркази ташхиси санитарию эпидемиологии шаҳри Ваҳдат фаъолияти бархе аз нуқтаҳои гӯштфурӯширо дар бозори марказӣ боздоштаанд
ДУШАНБЕ, 20 фев — Sputnik. Аз нуқтаи гӯштфурӯшии як шаҳрванд беш аз 2,2 тон гӯшти мурғи пастсифат ошкор гардида, аз муомилот гирифта шуд.
Дар ин бора хабаргузории "Ховар" аз қавли мутахассисони Маркази ташхиси санитарию эпидемиологии шаҳри Ваҳдат хабар додаст.
Таъкид шудааст, ки мавод барои чораандешӣ нисбат ба шаҳрванд ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ пешниҳод гардидаст. Назари худи фурӯшанда дар бораи ин иттиҳом маълум нест.
Тибқи иттилои манбаъ, аз ҷумла наздики 1 тон гӯшти мурғ, беш аз 1 тон ҷигари мурғ мусодира гардидааст.
Масъулин мегӯянд, муайян шудааст, ки маҳсулоти мазкур дар ҳолати ғайрисанитарӣ нигоҳ дошта шудаанд. Дар натиҷаи гузаронидани ташхис он, ҳамчун маҳсулоти хатарнок барои ҷомеа муайян гардид, омадааст дар иттилоия.
Таъкид шудааст, ки маблағи умумии гӯшти мусодирашуда наздики 56 ҳазор сомониро ташкил додааст.
Дар маҷмуъ иттилоъ дода шуд, ки мутахассисони Маркази ташхиси санитарию эпидемиологии шаҳр фаъолияти 8 нуқтаи гӯштфурӯшии Бозори марказии шаҳри Ваҳдат бо сабаби ба талаботи санитарӣ ҷавобгӯ набудани онҳо мутаваққиф кардаанду, соҳибонашон ба маблағи 1700 сомонӣ ҷаримабандӣ шудаанд.
Дар умум тайи як соли охир барои нақзи қоидаҳои санитарӣ нисбат ба 45 нафар санадҳои маъмурӣ тартиб дода шуда, аз онҳо ба маблағи умумии 25,5 ҳазор сомонӣ ҷарима ситонда шудааст.