https://sputnik.tj/20230217/sad-nafar-digar-tojikiston-ijozat-zarshui-1055006138.html
Садҳо нафари дигар дар Тоҷикистон иҷозати заршӯӣ гирифтаанд
Садҳо нафари дигар дар Тоҷикистон иҷозати заршӯӣ гирифтаанд
Sputnik Тоҷикистон
Бештари онҳое, ки дар соли гузашта иҷозати истихроҷи канданиҳои фоиданок бо роҳи худфаъолию худбиёриро гирифтаанд, ба ВМКБ рост меояд
2023-02-17T13:50+0500
2023-02-17T13:50+0500
2023-02-17T14:57+0500
дар тоҷикистон
иқтисод
тилло
вазорати молия
иҷозатнома
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e4/07/1c/1031647482_0:159:3076:1889_1920x0_80_0_0_5f91b7e196bf448db0c532b1ebdc0469.jpg
ДУШАНБЕ, 17 фев — Sputnik. Вазорати молияи Тоҷикистон дар соли гузашта ба 262 нафар иҷозати мустақилона машғул шудан ба заршӯиро додааст. Ин нуктаро вазири молияи Тоҷикистон, Файзиддин Қаҳҳорзода зимни нишасти матбуотӣ иттилоъ дода, афзуд, ки иҷозатномаҳо бар асоси қарори ҳукумат дар бораи қоидаҳои додани иҷозат ба шахсони воқеӣ барои истихроҷу коркарди канданиҳои фоиданоки пошхӯрда бо усули худфаъолию худбиёрӣ дода шудааст. Дар таносуби минтақаҳо хабар дода шуд, ки соли гузашта дар ВМКБ - 74 нафар, дар Хатлон - 35 нафар, дар Суғд - 42 нафар ва дар Душанбе - 55 нафар иҷозати заршӯӣ бо роҳи худфаъолӣ гирифтаанд. Шаҳрвандон бо гирифтани иҷозатнома аз Вазорати молия метавонанд, мустақилона металлҳои ранга ва қиматбаҳо, сангҳои қиматбаҳо ва нимқиматбаҳо истихроҷ кунанд.Дар зимн Саридораи геологияи Тоҷикистон таъкид намуда буд, ки барои фаъолияти фардии тиллошӯӣ баъзе талабот ҷорӣ карда шудааст, ки бояд риоя гарданд. Аз ҷумла техникаи истифодашаванда набояд аз 50 қувваи асп зиёд бошад.Ахиран вазири саноат ва технологияҳои нави Тоҷикистон, Шералӣ Кабир гуфт, ҳадафи иҷозат додан ба шаҳрвандон барои истихроҷи канданиҳои фоиданоки пошхӯрда таъмини мардум бо ҷои кор аст. Ӯ афзуд, ният доранд, корҳои фаҳмондадиҳиро барои таҳкими малакаи заршӯии шаҳрвандон бештар созанд. Қаблан Вазорати молияи Тоҷикистон хабар дода буд, ки дар маҷмуъ аз соли 2019 ба зиёда 7 ҳазор шаҳрванд иҷозат дода шудааст, ки мустақилона ба истихроҷи тилою канданиҳои фоиданок машғул шаванд.Таъкид шуда буд, ки ҳамчунин дар минтақаҳои кишвар наздики 30 нуқтаи хариди тило ташкил карда шудааст, ки аз шаҳрвандон бемаҳдудият тилои ёфтаашонро мехарад.
https://sputnik.tj/20230201/kashfi-koni-tillo-nav-tojikiston-1054620049.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2023
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e4/07/1c/1031647482_174:0:2903:2047_1920x0_80_0_0_3b9c7938e8ab5e75c13c2e29027cabac.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоҷикистонӣ, заршӯӣ, иҷозат
тоҷикистонӣ, заршӯӣ, иҷозат
Садҳо нафари дигар дар Тоҷикистон иҷозати заршӯӣ гирифтаанд
13:50 17.02.2023 (Навсозишуда: 14:57 17.02.2023) Бештари онҳое, ки дар соли гузашта иҷозати истихроҷи канданиҳои фоиданок бо роҳи худфаъолию худбиёриро гирифтаанд, ба ВМКБ рост меояд
ДУШАНБЕ, 17 фев — Sputnik. Вазорати молияи Тоҷикистон дар соли гузашта ба 262 нафар иҷозати мустақилона машғул шудан ба заршӯиро додааст.
Ин нуктаро вазири молияи Тоҷикистон, Файзиддин Қаҳҳорзода зимни нишасти матбуотӣ иттилоъ дода, афзуд, ки иҷозатномаҳо бар асоси қарори ҳукумат дар бораи қоидаҳои додани иҷозат ба шахсони воқеӣ барои истихроҷу коркарди канданиҳои фоиданоки пошхӯрда бо усули худфаъолию худбиёрӣ дода шудааст.
Дар таносуби минтақаҳо хабар дода шуд, ки соли гузашта дар ВМКБ - 74 нафар, дар Хатлон - 35 нафар, дар Суғд - 42 нафар ва дар Душанбе - 55 нафар иҷозати заршӯӣ бо роҳи худфаъолӣ гирифтаанд.
Шаҳрвандон бо гирифтани иҷозатнома аз Вазорати молия метавонанд, мустақилона металлҳои ранга ва қиматбаҳо, сангҳои қиматбаҳо ва нимқиматбаҳо истихроҷ кунанд.
Дар зимн Саридораи геологияи Тоҷикистон таъкид намуда буд, ки барои фаъолияти фардии тиллошӯӣ баъзе талабот ҷорӣ карда шудааст, ки бояд риоя гарданд. Аз ҷумла техникаи истифодашаванда набояд аз 50 қувваи асп зиёд бошад.
Ахиран вазири саноат ва технологияҳои нави Тоҷикистон, Шералӣ Кабир гуфт, ҳадафи иҷозат додан ба шаҳрвандон барои истихроҷи канданиҳои фоиданоки пошхӯрда таъмини мардум бо ҷои кор аст. Ӯ афзуд, ният доранд, корҳои фаҳмондадиҳиро барои таҳкими малакаи заршӯии шаҳрвандон бештар созанд.
Қаблан Вазорати молияи Тоҷикистон хабар дода буд, ки дар маҷмуъ аз соли 2019 ба зиёда 7 ҳазор шаҳрванд иҷозат дода шудааст, ки мустақилона ба истихроҷи тилою канданиҳои фоиданок машғул шаванд.
Таъкид шуда буд, ки ҳамчунин дар минтақаҳои кишвар наздики 30 нуқтаи хариди тило ташкил карда шудааст, ки аз шаҳрвандон бемаҳдудият тилои ёфтаашонро мехарад.