Кашфи 10 кони нави тило дар Тоҷикистон

© Pixabay / Stevebidmead Слитки золото, архивное фото
Слитки золото, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 01.02.2023
Обуна шудан
Мақомоти Тоҷикистон идао дорад, ки дар қаламрави кишвар 10 кони нави тило кашф шудааст, ки захираҳои онҳо пас аз таҳқиқоти дахлдор дақиқан муайн карда мешаванд
ДУШАНБЕ, 1 фев — Sputnik. Дар қаламрави Тоҷикистон 10 кони нави тило кашф шудааст, гуфт зимни нишасти матбуотӣ дар Душанбе сардори Саридораи геологияи кишвар Илҳомҷон Оймуҳаммадзода.
Ба гуфтаи вай конҳои нав дар қисмати марказии Тоҷикистон ва ВМКБ ҷойгир буда, захираҳои онҳо пас аз таҳқиқоти дахлдор дақиқан муайн карда мешаванд.
Ҳамзамон оқои Оймуҳаммадзода қайд кард, ки ғайр аз ин, дар ноҳияҳои Муъминобод ва Шамсиддин Шоҳин дар масофаи умумии 52,5 километр 13 қитъаи тилои рехта ошкор шуда, ба Вазорати молия ҷиҳати додани иҷоза ба аҳолӣ барои гирифтани он пешниҳод шуд.
Ёдовар мешавем, ки дар қаламрави Тоҷикистон 137 кон бо захираҳои ҳисобшудаи тилои саноатӣ ва 127 кон бо захираҳои тиллои ғайрисаноатӣ мавҷуданд.
Золотоизвлекательная фабрика СП Зарафшон. Архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 18.07.2022
Тавлиди тило дар Тоҷикистон бештар шуд: Саҳми Чин чанд аст?
Корхонаи асосии истихроҷ ва истеҳсоли тилло дар Тоҷикистон корхонаи муштараки Тоҷикистону Чин – “Зарафшон” ба шумор меравад, ки аз ҳаҷми умумии истеҳсоли ин металли гаронбаҳо наздики 70 дарсади ҳиссааш ба ин корхона рост меояд.
Дар маҷмӯъ дар Тоҷикистон зиёда аз 10 корхона ба истеҳсоли металлҳои қиматбаҳо, аз ҷумла истихроҷи тило машғуланд, ки бузургтарини онҳо дар баробари КМ “Зарафшон”, КМ “Апрелевка”, корхонаи давлатии “Тиллои тоҷик”, корхонаи заршӯйӣ (артел)-и “Одина”, инчунин ширкати “Пакрут”мебошанд.
Лентаи хабарҳо
0