https://sputnik.tj/20230217/internet-rushd-bosurat-tijorati-elektroni-tojikiston-1055015401.html
“Зинда бод интернет!”: Рушди босуръати тиҷорати электронӣ дар Тоҷикистон
“Зинда бод интернет!”: Рушди босуръати тиҷорати электронӣ дар Тоҷикистон
Sputnik Тоҷикистон
Кумитаи андози Тоҷикистон аз рушди босуръати тиҷорати электронӣ дар кишвар хабар дод. Ҳамасола даҳҳо субъект дар кишвар арзи вуҷуд мекардааст
2023-02-17T18:40+0500
2023-02-17T18:40+0500
2023-02-17T18:40+0500
дар тоҷикистон
андоз
кумитаи андоз
электронӣ
тиҷорат
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102669/61/1026696147_0:100:1921:1180_1920x0_80_0_0_9cfcc46262a2670783d532a0a8764544.jpg
ДУШАНБЕ, 17 февр – Sputnik. Бино ба маълумоти ин ниҳод, теъдоди субъектҳои соҳибкорие, ки бо тиҷорати электронӣ машғуланд, соли гузашта аз марзи ҳазор убур кард.Нусратулло Давлатзода, раиси Кумитаи андози Тоҷикистон, зимни нишасти матбуотии ниҳодаш гуфт, ҳамасола даҳҳо субъект дар кишвар арзи вуҷуд мекунанд, ки бо ин навъи тиҷорат машғуланд, аммо ҳамоно теъдоди қобили мулоҳазае аз онҳо аз пардохти андоз фирор мекунанд.Тибқи иттилои Кумитаи андоз, соли гузашта зиёда аз 170 шахси ҳуқуқӣ ва соҳибкори инфиродӣ ба сафи андозсупорандагони кишвар пайвастанд, ки дар пайи он теъдоди субъектҳои соҳибкории машғул бо тиҷорати электронӣ дар шабакаҳои интернетӣ ба 1145 адад расид.Дар ҳамин ҳол, раиси Кумитаи андози Тоҷикистон гуфт, ширкатҳои интернетие ҳастанд, ки аз сӯи мақомоти андоз сабти давлатӣ шудаанд, аммо аз пардохти андоз фирор мекунанд.“Ҳарчанд ба қайд гирифта шудаанд, аммо ба далели ин ки маҳалли маъмурии андозбандиашон дар Тоҷикистон вуҷуд надорад, андоз насупоридаанд. Огоҳинома медиҳем, даъват мекунем, ба мақомоти андоз ҳозир намешавад, худро ба қайд намегирад. Мо сари ин масъала бо институтҳои молиявӣ кор мекунем”, - гуфт Нусратулло Давлатзода.Тибқи иттилои Кумитаи андоз, дар Тоҷикистон 28 ширкати интернетӣ, назири Гуглу Ютуб ва ғайра сабти давлатӣ шудаанд, аммо фақат 17 адади онҳо эъломия пешниҳод кардаанд ва ширкатҳои сабти номнашуда 20 миллион сомонӣ аз ҳисоб андоз қарздоранд, аммо аз ҳисоби ширкатҳои сабтшуда 3,4 миллион сомонӣ ба буҷет ворид шудааст.Раиси Кумитаи андози Тоҷикистон мегӯяд, тиҷорати электронӣ хеле ба суръат рушд карда, ҷои тиҷорати суннатиро дар ҳоли гирифтан аст.“Таҳлили фаъолияти ашхоси машғул дар тиҷорати электронӣ тайи ду-се соли ахир нишон медиҳад, ки аксарияти номгӯи хизматрасониҳо аз сӯи сокинон дар маҳдудаи хонавода истифода мешаванд. Ҳоло ҳар кас шуруъ аз хӯроку маводи ғизоӣ то молу колоро тариқи интернет супориш медиҳад ва ба даст меорад”, - гуфт Нусратулло Давлатзода.Вай дар бораи мавориде, ки мизоҷон аз кайфияти паст ва мувофиқат накардани мол ба нархаш шикоят мекунанд, гуфт, чунин маворид низ вуҷуд доранд.“Аммо мардум ё ба мақомоти зидахл шикоят намекунанд, ҳарчанд ҳар кас ҳақ дорад, ки дар сурати мувофиқат накардани нарху сифат даъво кунад. Моли бебозгашт вуҷуд надорад, албатта, агар қоидаҳои истифодаи он низ муроот шавад”, - гуфт раиси Кумитаи андози Тоҷикистон.Тибқи иттилои Кумитаи андоз, танҳо се маврид дар соли гузашта сабт шудааст, ки мизоҷон аз кайфияти моли тоҷирони электронӣ шикоят кардаанд.
https://sputnik.tj/20230216/kumita-andoz-blogeron-tojik-moliyot-pardokht-1054963438.html
https://sputnik.tj/20230123/daromadi-khujand-namudi-andoz-ijro-1054406248.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2023
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102669/61/1026696147_106:0:1813:1280_1920x0_80_0_0_825164592b0531b7f753d18b585564ab.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоҷикистон, рушд, электронӣ, тиҷорат, андоз, кумитаи андоз
тоҷикистон, рушд, электронӣ, тиҷорат, андоз, кумитаи андоз
“Зинда бод интернет!”: Рушди босуръати тиҷорати электронӣ дар Тоҷикистон
Кумитаи андози Тоҷикистон аз рушди босуръати тиҷорати электронӣ дар кишвар хабар дод. Ҳамасола даҳҳо субъект дар кишвар арзи вуҷуд мекардааст
ДУШАНБЕ, 17 февр – Sputnik. Бино ба маълумоти ин ниҳод, теъдоди субъектҳои соҳибкорие, ки бо тиҷорати электронӣ машғуланд, соли гузашта аз марзи ҳазор убур кард.
Нусратулло Давлатзода, раиси Кумитаи андози Тоҷикистон, зимни нишасти матбуотии ниҳодаш гуфт, ҳамасола даҳҳо субъект дар кишвар арзи вуҷуд мекунанд, ки бо ин навъи тиҷорат машғуланд, аммо ҳамоно теъдоди қобили мулоҳазае аз онҳо аз пардохти андоз фирор мекунанд.
“Мо ин қабил субъектҳоро дар пайи корҳои фаҳмондаҳиҳӣ ва назоратӣ дар шабакаҳои интернетӣ пайдо мекунем. Аксари онҳо бо тиҷорати электронӣ машғуланд, аммо дар қайди мақомоти андоз нестанд ва эъломия пешниҳод накардаанд”, - гуфт Нусратулло Давлатзода.
Тибқи иттилои Кумитаи андоз, соли гузашта зиёда аз 170 шахси ҳуқуқӣ ва соҳибкори инфиродӣ ба сафи андозсупорандагони кишвар пайвастанд, ки дар пайи он теъдоди субъектҳои соҳибкории машғул бо тиҷорати электронӣ дар шабакаҳои интернетӣ ба 1145 адад расид.
Дар ҳамин ҳол, раиси Кумитаи андози Тоҷикистон гуфт, ширкатҳои интернетие ҳастанд, ки аз сӯи мақомоти андоз сабти давлатӣ шудаанд, аммо аз пардохти андоз фирор мекунанд.
“Ҳарчанд ба қайд гирифта шудаанд, аммо ба далели ин ки маҳалли маъмурии андозбандиашон дар Тоҷикистон вуҷуд надорад, андоз насупоридаанд. Огоҳинома медиҳем, даъват мекунем, ба мақомоти андоз ҳозир намешавад, худро ба қайд намегирад. Мо сари ин масъала бо институтҳои молиявӣ кор мекунем”, - гуфт Нусратулло Давлатзода.
Тибқи иттилои Кумитаи андоз, дар Тоҷикистон 28 ширкати интернетӣ, назири Гуглу Ютуб ва ғайра сабти давлатӣ шудаанд, аммо фақат 17 адади онҳо эъломия пешниҳод кардаанд ва ширкатҳои сабти номнашуда 20 миллион сомонӣ аз ҳисоб андоз қарздоранд, аммо аз ҳисоби ширкатҳои сабтшуда 3,4 миллион сомонӣ ба буҷет ворид шудааст.
Раиси Кумитаи андози Тоҷикистон мегӯяд, тиҷорати электронӣ хеле ба суръат рушд карда, ҷои тиҷорати суннатиро дар ҳоли гирифтан аст.
“Таҳлили фаъолияти ашхоси машғул дар тиҷорати электронӣ тайи ду-се соли ахир нишон медиҳад, ки аксарияти номгӯи хизматрасониҳо аз сӯи сокинон дар маҳдудаи хонавода истифода мешаванд. Ҳоло ҳар кас шуруъ аз хӯроку маводи ғизоӣ то молу колоро тариқи интернет супориш медиҳад ва ба даст меорад”, - гуфт Нусратулло Давлатзода.
Вай дар бораи мавориде, ки мизоҷон аз кайфияти паст ва мувофиқат накардани мол ба нархаш шикоят мекунанд, гуфт, чунин маворид низ вуҷуд доранд.
“Аммо мардум ё ба мақомоти зидахл шикоят намекунанд, ҳарчанд ҳар кас ҳақ дорад, ки дар сурати мувофиқат накардани нарху сифат даъво кунад. Моли бебозгашт вуҷуд надорад, албатта, агар қоидаҳои истифодаи он низ муроот шавад”, - гуфт раиси Кумитаи андози Тоҷикистон.
Тибқи иттилои Кумитаи андоз, танҳо се маврид дар соли гузашта сабт шудааст, ки мизоҷон аз кайфияти моли тоҷирони электронӣ шикоят кардаанд.