https://sputnik.tj/20230123/daromadi-khujand-namudi-andoz-ijro-1054406248.html
Даромади Хуҷанд аз як намуди андоз иҷро нашуд
Даромади Хуҷанд аз як намуди андоз иҷро нашуд
Sputnik Тоҷикистон
Дар 12 моҳи соли гузашта аз 10 намуди даромадҳои андозии ба нақша гирифташуда, дар Хуҷанд даромадҳо аз як манбаи воридоти буҷет таъмин нагардид
2023-01-23T09:45+0500
2023-01-23T09:45+0500
2023-01-23T09:45+0500
дар тоҷикистон
иқтисод
нақша
хуҷанд
воридот
воридот
пул
маблағ
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/0c/11/1044218926_0:0:3072:1728_1920x0_80_0_0_daa86218f8cac7e7786c4bd352f5451a.jpg
ДУШАНБЕ, 23 янв — Sputnik. Даромади умумиӣ буҷети шаҳри Хуҷанд дар соли сипаришуда ба маблағи беш аз 574 млн сомонӣ таъмин гардид. Дар ин бора шаҳрдории Хуҷанд иттилоъ дода, афзуд, ки ин нишондод дар муқоиса ба нақша беш аз 17 млн сомонӣ ё 3,2% зиёд мебошад. "Воридоти даромадҳои андозӣ ва ғайриандозии буҷети умумӣ нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта маблағи 52 млн сомонӣ зиёд мебошад, ки ин 110%-ро ташкил медиҳад", - омадааст дар иттилоия. Таъкид шудааст, ки дар ин давра аз 10 намуди даромадҳои андозии ба нақша гирифташуда, 1 манбаъи воридоти буҷет таъмин нагардид, ки ин ҳам бошад аз ҳисоби андоз аз даромади шахсони воқеӣ мебошад. Шаҳрдорӣ тавзеҳ дод, ки аз ҳисоби андоз аз даромади шахсони воқеӣ ба маблағи 14,6 млн сомонӣ аз нақша камтар маблағ ҷамъоварӣ гардид. Бақияи қарзи андози андозсупорандагони шаҳр бо назардошти қарзи андози андозсупорандагони калон ба ҳолати декабри соли 2022 зиёда аз 17 млн сомонӣ арзёбӣ гардидааст. Мақомоти Хуҷанд мегӯянд, тайи ин муддат тавонистаанд, ки ҳаҷми қарздориҳо аз андозро ба маблағи беш аз 1,8 млн сомонӣ камтар кунанд. Дар мавриди маблағи барзиёдиҷрошуда зикр гардидаст, ки 30% ба Фонди стабилизатсионӣ оид ба рушди иқтисодиёт ва 5% барои барои маблағгузории сохтмони иншооти муҳими давлатӣ равона карда шуд.
https://sputnik.tj/20230122/gumrukchiyon-tojik-buja-somoni-barziyod-1054400245.html
хуҷанд
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2023
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/0c/11/1044218926_267:0:2998:2048_1920x0_80_0_0_c3a37f272f412dc9030bce998b461f6c.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
даромад, хуҷанд, млн, сомонӣ, хароҷот, афзоиш
даромад, хуҷанд, млн, сомонӣ, хароҷот, афзоиш
Даромади Хуҷанд аз як намуди андоз иҷро нашуд
Дар 12 моҳи соли гузашта аз 10 намуди даромадҳои андозии ба нақша гирифташуда, дар Хуҷанд даромадҳо аз як манбаи воридоти буҷет таъмин нагардид
ДУШАНБЕ, 23 янв — Sputnik. Даромади умумиӣ буҷети шаҳри Хуҷанд дар соли сипаришуда ба маблағи беш аз 574 млн сомонӣ таъмин гардид.
Дар ин бора шаҳрдории Хуҷанд иттилоъ дода, афзуд, ки ин нишондод дар муқоиса ба нақша беш аз 17 млн сомонӣ ё 3,2% зиёд мебошад.
"Воридоти даромадҳои андозӣ ва ғайриандозии буҷети умумӣ нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта маблағи 52 млн сомонӣ зиёд мебошад, ки ин 110%-ро ташкил медиҳад", - омадааст дар иттилоия.
Таъкид шудааст, ки дар ин давра аз 10 намуди даромадҳои андозии ба нақша гирифташуда, 1 манбаъи воридоти буҷет таъмин нагардид, ки ин ҳам бошад аз ҳисоби андоз аз даромади шахсони воқеӣ мебошад.
Шаҳрдорӣ тавзеҳ дод, ки аз ҳисоби андоз аз даромади шахсони воқеӣ ба маблағи 14,6 млн сомонӣ аз нақша камтар маблағ ҷамъоварӣ гардид.
Бақияи қарзи андози андозсупорандагони шаҳр бо назардошти қарзи андози андозсупорандагони калон ба ҳолати декабри соли 2022 зиёда аз 17 млн сомонӣ арзёбӣ гардидааст.
Мақомоти Хуҷанд мегӯянд, тайи ин муддат тавонистаанд, ки ҳаҷми қарздориҳо аз андозро ба маблағи беш аз 1,8 млн сомонӣ камтар кунанд.
Дар мавриди маблағи барзиёдиҷрошуда зикр гардидаст, ки 30% ба Фонди стабилизатсионӣ оид ба рушди иқтисодиёт ва 5% барои барои маблағгузории сохтмони иншооти муҳими давлатӣ равона карда шуд.