Маълум шуд, ки блогерони тоҷик чӣ қадар андоз ба буҷаи Тоҷикистон пардохт карданд

© PixabayДевушка работает за компьютером
Девушка работает за компьютером - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 16.02.2023
Обуна шудан
Дар Тоҷикистон ба ҳолати аввали соли равон 60 блогер расман дар мақомоти андози кишвар ба қайд гирифта шудаанд, ки нисбати соли пешӣ 35 нафар зиёд аст
ДУШАНБЕ, 16 фев янв — Sputnik. Блогерони тоҷик давоми соли 2022 беш аз 1 миллион сомонӣ ба буҷаи кишвар андоз пардохт кардаанд.
Дар ин бора масъулини Кумита андоз зимни нишасти хабарияшон иттилоъ доданд.
Ба гузориши ин ниҳод, блогерони тоҷик дар 12 моҳи соли гузашта беш аз 30 млн сомонӣ даромади расмӣ доштаанд.
Зикр гардид, ки онҳо аслан тавассути шабакаҳои иҷтимоӣ ба фаъолияти соҳибкорӣ машғулданд ва аз ин рӯ дар як вақт ба қайд гирифтани онҳо мушкилӣ доранд.
"Бо блогерон корҳои фаҳмондадиҳӣ баргузор шуд ва ҳоло онҳо худ омада дар қайди мемонанд ва аз даромаде, ки мегиранд дар эъломияи андоз нишон медиҳанд", - изҳор доштанд намояндаи Кумита.
Таъкид шудааст, ки бо мақсади бақайдгирӣ ва ба андозбандӣ ҷалб намудани шахсони воқеие, ки тавассути шабакаҳои иҷтимоӣ ба блогерӣ машғул мебошанд, феҳристи онҳо тартиб дода шуда, бар гузаштан аз сабт ба 80 шахси воқеӣ огоҳинома ирсол шудааст.
Вывеска на здании Налогового комитета при правительстве РТ. Архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 16.02.2023
Дар Тоҷикистон алайҳи тиҷорати ғайриқонунии интернетӣ мубориза мебарад
"Дар натиҷа, то 1 январи соли ҷорӣ дар мақомоти андоз 60 субъекти соҳибкорӣ, ки тавассути шабакаҳои интернет ба блогерӣ машғул мебошанд, ба қайди давлатӣ гирифта шуд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 35 адад зиёд мебошад", - омадааст дар матлаб.
Мақомоти андоз тавзеҳ додаанд, ки блогерон ҳар семоҳа ҳаҷми даромадашонро ба кумита пешниҳод мекунанд ва дар умум 7% андоз месупоранд.
Лентаи хабарҳо
0