https://sputnik.tj/20230217/bunyodi-71-korgohu-korkhonai-nav-dar-poytakht-1055011669.html
Бунёди 71 коргоҳу корхонаи нав дар пойтахт
Бунёди 71 коргоҳу корхонаи нав дар пойтахт
Ба иттилои мақомот дар доираи солҳои рушди саноат бунёд дар пойтахти Тоҷикистон бунёди 71 коргоҳу корхона ба нақша гирифта шудааст
2023-02-17T15:35+0500
2023-02-17T15:35+0500
2023-02-17T15:35+0500
дар тоҷикистон
саноат
душанбе
коргоҳ
сохтмон
/html/head/meta[@name='og:title']/@content
/html/head/meta[@name='og:description']/@content
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e4/07/16/1031618782_0:159:3045:1872_1920x0_80_0_0_23b4b1c681daaf6d51470a01955af3e1.jpg
ДУШАНБЕ, 17 фев — Sputnik. Дар шаҳри Душанбе бунёди 71 коргоҳу корхонаҳои саноатӣ бо таъсиси беш аз 5 ҳазор ҷойи нави корӣ ба нақша гирифта шудааст, иттилоъ муовини якуми Раиси шаҳри Душанбе Ҷамшед Табарзода.Таъкид шудааст, ки бунёди коргоҳу корхонаҳои нав дар доираи солҳои рушди саноат бунёд мегарданд.Ҷамшед Табарзода гуфт, аз ин шумора ба ҳолати 1 январи соли равон 17 корхона ба истифода дода шуд.Зикр гардидааст, ки дар ин давра ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ аз ҳисоби зиёдшавии истеҳсоли маҳсулот дар соҳаи коркард, аз ҷумла, нассоҷӣ, дӯзандагӣ, чарм, маснуот аз чарм ва пойафзол 102,5 фоиз, коркарди чӯбу тахта ва истеҳсоли маҳсулоти фарматсевтӣ 2,6 маротиба, металлургӣ ва маснуоти тайёри филизӣ 1,8 маротиба, таҷҳизоти барқӣ 1,9 маротиба ва истеҳсоли воситаҳои нақлиёт 141,1 фоиз афзоиш ёфтааст.“Бо мақсади амалисозии ҳадафҳои миллӣ ва саноатикунонии босуръати мамлакат ба фаъолияти корхонаҳои муосири истеҳсоли маҳсулоти гӯштӣ, ҳасиб, асфалт, сангмайдакунӣ, бетон ва қолинбофӣ оғоз бахшида шуд” ,-иброз гардид дар нишаст.Ёдовар мешавем, ки чанде пеш раиси ноҳияи Синои Душанбе гуфт дар соли равон дар ин ноҳия бояд 5 корхона саноатӣ бо фарогирии беш аз 15 ҳазор ҷойи нави кор дар ҳамаи соҳаҳо ба нақша гирифта шудааст.
https://sputnik.tj/20230217/nohiyai-dushanbe-panj-korkhona-sanot-1054997120.html
душанбе
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rosiya Segodnya“
2023
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rosiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rosiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e4/07/16/1031618782_23:0:2752:2047_1920x0_80_0_0_9c8519a97bf3252cd02845907c33e183.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rosiya Segodnya“
тоҷикистон, душанбе, пойтахт, сохтмон, коргоҳ, корхона, бунёд
тоҷикистон, душанбе, пойтахт, сохтмон, коргоҳ, корхона, бунёд
Бунёди 71 коргоҳу корхонаи нав дар пойтахт
Ба иттилои мақомот дар доираи солҳои рушди саноат бунёд дар пойтахти Тоҷикистон бунёди 71 коргоҳу корхона ба нақша гирифта шудааст
ДУШАНБЕ, 17 фев — Sputnik. Дар шаҳри Душанбе бунёди 71 коргоҳу корхонаҳои саноатӣ бо таъсиси беш аз 5 ҳазор ҷойи нави корӣ ба нақша гирифта шудааст, иттилоъ муовини якуми Раиси шаҳри Душанбе Ҷамшед Табарзода.
Таъкид шудааст, ки бунёди коргоҳу корхонаҳои нав дар доираи солҳои рушди саноат бунёд мегарданд.
Ҷамшед Табарзода гуфт, аз ин шумора ба ҳолати 1 январи соли равон 17 корхона ба истифода дода шуд.
Зикр гардидааст, ки дар ин давра ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ аз ҳисоби зиёдшавии истеҳсоли маҳсулот дар соҳаи коркард, аз ҷумла, нассоҷӣ, дӯзандагӣ, чарм, маснуот аз чарм ва пойафзол 102,5 фоиз, коркарди чӯбу тахта ва истеҳсоли маҳсулоти фарматсевтӣ 2,6 маротиба, металлургӣ ва маснуоти тайёри филизӣ 1,8 маротиба, таҷҳизоти барқӣ 1,9 маротиба ва истеҳсоли воситаҳои нақлиёт 141,1 фоиз афзоиш ёфтааст.
“Бо мақсади амалисозии ҳадафҳои миллӣ ва саноатикунонии босуръати мамлакат ба фаъолияти корхонаҳои муосири истеҳсоли маҳсулоти гӯштӣ, ҳасиб, асфалт, сангмайдакунӣ, бетон ва қолинбофӣ оғоз бахшида шуд” ,-иброз гардид дар нишаст.
Ёдовар мешавем, ки чанде пеш раиси ноҳияи Синои Душанбе гуфт дар соли равон дар ин ноҳия бояд 5 корхона саноатӣ бо фарогирии беш аз 15 ҳазор ҷойи нави кор дар ҳамаи соҳаҳо ба нақша гирифта шудааст.