Дар як ноҳияи Душанбе панҷ корхонаи саноатӣ бунёд мешавад

© Foto / Пресс-служба Президента Республики ТаджикистанОткрытие таджикского предприятия по производству труб и профилей в городе Гиссар
Открытие таджикского предприятия по производству труб и профилей в городе Гиссар - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 17.02.2023
Обуна шудан
Мақомоти ноҳияи Синои пойтахт гуфт дар соли 2023 дар ноҳия 5 корхонаи саноатӣ бо фарогирии беш аз 15 ҳазор ҷойи нави кор таъсис дода мешавад
ДУШАНБЕ, 17 фев — Sputnik. Дар соли равон дар ноҳияи Синои шаҳри Душанбе бунёди 5 корхонаи саноатӣ бо фарогирии беш аз 15 ҳазор ҷойи нави кор дар ҳамаи соҳаҳо ба нақша гирифта шудааст, иттилоъ додааст зимни нишасти матбуотии мақомоти ноҳияи Сино.
“Соли сипаришуда 130 адад ё 53 фоизи корхонаҳои саноатии ҳудуди ноҳия нисбат ба соли 2021 ба маблағи 369 миллион сомонӣ ҳаҷми истеҳсоли маҳсулотро зиёд намудаанд”, - гуфт манбаъ.
Вай гуфт, соли 2022 дар кишвар корхона ва коргоҳҳои нави саноатӣ бо таъсиси беш аз 6 ҳазор ҷойҳои нави корӣ мавриди истифода қарор дода шуда, нисбат ба соли қаблӣ ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ 15,4 фоиз афзоиш ёфт.
Подпись документов - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 08.02.2023
Ирсоли дархости ҳамкорӣ ба 200 корхона барои истифодаи дастовардҳо дар истеҳсолот
Ҳамзамон қайд гардид, ки дар соли ҳисоботӣ дар кишвар 487 корхонаи нави саноатӣ ба истифода дода шуда, рушди истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ таъмин гардид.
Дар ин маҷлис зикр гардидааст, ки дар 25 форуму ҳамоишҳои соҳибкорию сармоягузорӣ, аз ҷумла дар шаҳри Душанбе, ВМКБ, минтақаҳои Суғд, Хатлон ва Кӯлоб бо иштироки сармоягузорону соҳибкорони дохилию хориҷӣ ташкил ва баргузор гардиданд, ки дар доираи онҳо беш аз 100 санаду созишномаҳои нави ҳамкорӣ ба маблағи умумии зиёда аз 32 миллиард сомонӣ, аз ҷумла барои бунёди корхонаҳои нави саноатӣ ба имзо расонида шуд.
Лентаи хабарҳо
0