https://sputnik.tj/20230214/ton-doru-zararnok-qochoqi-tojikiston-1054862423.html
Беш аз 84 тон доруи зарарноку қочоқӣ дар Тоҷикистон ошкор шудааст
Беш аз 84 тон доруи зарарноку қочоқӣ дар Тоҷикистон ошкор шудааст
Sputnik Тоҷикистон
Ҳаҷми доруе молҳои тиббие, ки ба талабот ҷавобгӯй нестанду аз муомилот дар Тоҷикистон гирифта шудаанд, дар соли гузашта коҳиш ёфтааст
2023-02-14T13:55+0500
2023-02-14T13:55+0500
2023-02-14T13:55+0500
дар тоҷикистон
тандурустӣ
дору
мусодира
вазорати тандурустӣ
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/02/03/1032750887_0:100:1921:1180_1920x0_80_0_0_8cce1fd1dc1779b45aa6af4dbadaff71.jpg
ДУШАНБЕ, 14 фев— Sputnik. Соли гузашта аз 154 муассисаи фармасевтӣ 537 номгӯи доруҳо ва аз 231 муассисаи тиббӣ 288 номгӯи доруҳое мусодира шудааст, ки ба талабот ҷавобгӯй набудаанд. Ба иттилои Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон, дорую молҳои тиббии ғайримеъёрӣ ва ба таври қочоқӣ воридгардида беш аз 84 тоннаро ташкил додаанд, ки аз муомилот гирифта шудаанд. Мақомоти тандурустӣ мегӯянд, молҳои мусодирашударо нобуд кардаанд. Ҳаҷми дорую молҳои тиббии мусоидирашуда дар соли 2021 ҳудуди 110 тонна арзёбӣ шуда буд. Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон гуфт, дар соли 2022 мутобиқи моддаи 121 ва 122-и Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ, ба шахсони воқеию ҳуқуқӣ ва мансабдор 200 протоколу қарор оид ба вайрон намудани қоидаҳои фаъолияти фармасевтӣ тартиб дода шудаст. Ҳаҷми ҷаримаи фурӯшандаҳои доруҳои зарарноку қочоқӣ дар маҷмуъ 624 ҳазор сомонӣ гуфта шуд, ки дар муқоиса бо ҳамин давраи соли пешӣ наздики 487 ҳазор сомонӣ камтар мебошад. Ахиран мақомоти Тоҷикистон эълон карданд, ки гарчанде ягон таъсири номатлуби доруи ҳиндии "Док-1"-ро ба қайд нагирифтаанд, онро аз муомилот барчида, вуруду фурӯшашро мамнуъ кардаанд. Маврид ба зикр аст, ки истифодаи ин дору дар Ӯзбекистон ба иттилои мақомоти ин кишвар боиси марги 19 кӯдак гардидаст.
https://sputnik.tj/20230210/vazir-yagon-orizae-az-dok-sabt-nashudaast-1054831760.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2023
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/02/03/1032750887_106:0:1813:1280_1920x0_80_0_0_2885e5396ba487878883c4170b247053.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
мусодира, даҳҳо, тон, қочоқӣ, зараровар, тоҷикистон
мусодира, даҳҳо, тон, қочоқӣ, зараровар, тоҷикистон
Беш аз 84 тон доруи зарарноку қочоқӣ дар Тоҷикистон ошкор шудааст
Ҳаҷми доруе молҳои тиббие, ки ба талабот ҷавобгӯй нестанду аз муомилот дар Тоҷикистон гирифта шудаанд, дар соли гузашта коҳиш ёфтааст
ДУШАНБЕ, 14 фев— Sputnik. Соли гузашта аз 154 муассисаи фармасевтӣ 537 номгӯи доруҳо ва аз 231 муассисаи тиббӣ 288 номгӯи доруҳое мусодира шудааст, ки ба талабот ҷавобгӯй набудаанд.
Ба иттилои Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон, дорую молҳои тиббии ғайримеъёрӣ ва ба таври қочоқӣ воридгардида беш аз 84 тоннаро ташкил додаанд, ки аз муомилот гирифта шудаанд.
Мақомоти тандурустӣ мегӯянд, молҳои мусодирашударо нобуд кардаанд. Ҳаҷми дорую молҳои тиббии мусоидирашуда дар соли 2021 ҳудуди 110 тонна арзёбӣ шуда буд.
Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон гуфт, дар соли 2022 мутобиқи моддаи 121 ва 122-и Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ, ба шахсони воқеию ҳуқуқӣ ва мансабдор 200 протоколу қарор оид ба вайрон намудани қоидаҳои фаъолияти фармасевтӣ тартиб дода шудаст.
Ҳаҷми ҷаримаи фурӯшандаҳои доруҳои зарарноку қочоқӣ дар маҷмуъ 624 ҳазор сомонӣ гуфта шуд, ки дар муқоиса бо ҳамин давраи соли пешӣ наздики 487 ҳазор сомонӣ камтар мебошад.
Ахиран мақомоти Тоҷикистон эълон карданд, ки гарчанде ягон таъсири номатлуби доруи ҳиндии "Док-1"-ро ба қайд нагирифтаанд, онро аз муомилот барчида, вуруду фурӯшашро мамнуъ кардаанд.
Маврид ба зикр аст, ки истифодаи ин дору дар Ӯзбекистон ба иттилои мақомоти ин кишвар боиси марги 19 кӯдак гардидаст.