https://sputnik.tj/20230210/vazir-yagon-orizae-az-dok-sabt-nashudaast-1054831760.html
Доруи марговари ҳиндӣ аз дорухонаҳои Тоҷикистон барчида шуд
Доруи марговари ҳиндӣ аз дорухонаҳои Тоҷикистон барчида шуд
Sputnik Тоҷикистон
Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон фурӯши доруи "Док-1"-ро, ки боиси марги кӯдакон дар Ӯзбекистон шуда буд, мамнуъ кард
2023-02-10T17:30+0500
2023-02-10T17:30+0500
2023-02-10T17:30+0500
дар тоҷикистон
тандурустӣ
бемор
мамнуъ
дору
фурӯш
ҷамолиддин абдуллозода
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e4/0c/11/1032472927_0:160:3073:1888_1920x0_80_0_0_a0012ce0f25ae0048bbc717f86c759a3.jpg
ДУШАНБЕ, 10 фев — Sputnik. Дар Тоҷикистон ягон оризае аз истифодаи доруи "Док-1" ба қайд гирифта нашуд, аммо бо вуҷуди он фурӯшу вуруди он мамнуъ гардид. Дар ин бора вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон, Ҷамолиддин Абдуллозода зимни нишасти матбуотӣ иттилоъ дод. Ӯ гуфт, ҳолатҳои марговар будани ин доруро дар Ӯзбекистон пайгирӣ кардаанду бо масъулини тандурустии кишвари ҳамсоя низ масъаларо баррасӣ намудаанд. Муайян шудааст, доруи марговар ба Ӯзбекистон соли 2022 ворид шудааст, дар ҳоле, ки Тоҷикистон аз ин навъи дору моҳи марти соли 2021 дастрас карда буд.Вазир афзуд, дар Тоҷикистон ягон ҳолати паёмади номатлуби истифодаи доруи "Док-1" ба қайд гирифта нашудааст, аммо мақомот барои эҳтиёт фурӯши боқимондаи онро мамнуъ карданд. Ин дар ҳолест, ки идораи муҷаввиздиҳӣ ва назорати дорусозаии Ҳиндустон тавлиди ин доруро аз сӯи ширкати "Marion Biotech" мутаваққиф намуд. Бар асоси гузоришҳои нашршуда, маҳз ширкати мазкур доруи "Док-1 Макс"-ро тавлид кардааст, ки аз истифодаи он дар Ӯзбекистон 19 кӯдак фавтидаанд. Гуфта мешавад, ки дар кӯдакон пас аз истифодаи дору, норасоии шадиди кори гурда сабт шудааст.Фурӯши "Док-1 Макс" феълан дар Ӯзбекистон мамнуъ буда, дар пайи ҳолатҳои марговар дар бархе кишварҳои дигар, аз ҷумла Қирғизистон низ истифодаи дору манъ гардид.
https://sputnik.tj/20230112/afzoish-sebarobari-istekhsol-doru-tojikiston-1054158348.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2023
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e4/0c/11/1032472927_170:0:2901:2048_1920x0_80_0_0_d0837264472605744297be03ec996398.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
манъ, фурӯш, дору, марговар, тоҷикистон
манъ, фурӯш, дору, марговар, тоҷикистон
Доруи марговари ҳиндӣ аз дорухонаҳои Тоҷикистон барчида шуд
Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон фурӯши доруи "Док-1"-ро, ки боиси марги кӯдакон дар Ӯзбекистон шуда буд, мамнуъ кард
ДУШАНБЕ, 10 фев — Sputnik. Дар Тоҷикистон ягон оризае аз истифодаи доруи "Док-1" ба қайд гирифта нашуд, аммо бо вуҷуди он фурӯшу вуруди он мамнуъ гардид.
Дар ин бора вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон, Ҷамолиддин Абдуллозода зимни нишасти матбуотӣ иттилоъ дод.
Ӯ гуфт, ҳолатҳои марговар будани ин доруро дар Ӯзбекистон пайгирӣ кардаанду бо масъулини тандурустии кишвари ҳамсоя низ масъаларо баррасӣ намудаанд.
Муайян шудааст, доруи марговар ба Ӯзбекистон соли 2022 ворид шудааст, дар ҳоле, ки Тоҷикистон аз ин навъи дору моҳи марти соли 2021 дастрас карда буд.
Вазир афзуд, дар Тоҷикистон ягон ҳолати паёмади номатлуби истифодаи доруи "Док-1" ба қайд гирифта нашудааст, аммо мақомот барои эҳтиёт фурӯши боқимондаи онро мамнуъ карданд.
Ин дар ҳолест, ки идораи муҷаввиздиҳӣ ва назорати дорусозаии Ҳиндустон тавлиди ин доруро аз сӯи ширкати "Marion Biotech" мутаваққиф намуд.
Бар асоси гузоришҳои нашршуда, маҳз ширкати мазкур доруи "Док-1 Макс"-ро тавлид кардааст, ки аз истифодаи он дар Ӯзбекистон 19 кӯдак фавтидаанд. Гуфта мешавад, ки дар кӯдакон пас аз истифодаи дору, норасоии шадиди кори гурда сабт шудааст.
Фурӯши "Док-1 Макс" феълан дар Ӯзбекистон мамнуъ буда, дар пайи ҳолатҳои марговар дар бархе кишварҳои дигар, аз ҷумла Қирғизистон низ истифодаи дору манъ гардид.