https://sputnik.tj/20230214/sodirot-kam-daromad-ziyod-1054908351.html
“Ин тур ҳам мешавад”: содирот кам, даромад зиёд шуд
“Ин тур ҳам мешавад”: содирот кам, даромад зиёд шуд
Sputnik Тоҷикистон
Агентии содироти назди ҳукумати Тоҷикистон аз коҳиши содироти маҳсулоти кишоварзӣ хабар дода, афзуд ки аммо даромад аз он афзоиш ёфтааст
2023-02-14T15:30+0500
2023-02-14T15:30+0500
2023-02-14T16:41+0500
дар тоҷикистон
кишоварзӣ
истеҳсол
доллар
содирот
маҳсулот
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/04/07/1047433457_0:320:3072:2048_1920x0_80_0_0_e8cfb408a05bac6c9f8f21c05109fce5.jpg
ДУШАНБЕ, 14 фев – Sputnik. Маҳсулоти кишоварзӣ соли гузашта дар қиёс бо соли 2021 дар маҷмуъ ба 8,5% кам содир шуда, аммо ба маблағи 48% дарсад бештар ба фурӯш рафтааст.Директори Агентии содирот, Баҳриддин Сироҷиддинзода, дар шарҳи ин матлаб гуфт, далели афзойиши тақозои хориҷӣ ба маҳсулоти кишоварзии Тоҷикистон қабл аз ҳама ба тағйироти куллӣ дар бозори маводи ғизоӣ бастагӣ дорад. “Бахусус, пас аз ҳамагирии коронавирус ва ҳаводисе, ки дар Аврупо ва Осиёи Ҷанубӣ иттифоқ афтоданд, бозори маводи ғизоӣ гарм шуд. Азбаски маҳсулоти кишоварзии Тоҷикистон аз лиҳози экологӣ тоза ва ҳам хуштамъу босифат аст, муштариёни зиёд пайдо кард”, - гуфт Сироҷиддинзода. Тибқи маълумоте, ки Агентӣ дар ихтиёри Sputnik Тоҷикистон қарор дод, соли гузашта дар қиёс бо соли 2021 маҳсулоти кишоварзӣ дар ҳаҷми 191 ҳазор тон ё 8,5% дарсад камтар, аммо ба маблағи 54 млн доллар ё 48% зиёдтар содир шудааст. Коҳиши содирот, аммо афзоиши маблағи фурӯш қабл аз ҳама дар қисмати сабзавот дида мешавад, ки соли гузашта дар қиёс бо соли 2021 ҳамагӣ 76 ҳазор, ё 21 ҳазор тон (21,8%) камтар содир шуда, аммо маблағи аз он ба даст омада 7,8 млн доллар, ё 37% бештар будааст. Масалан, пиёз, сабзавоти содиротии №1- и Тоҷикистон, дар қиёс бо соли 2021 дар ҳаҷми 66,6 ҳазор, ё 30% кам содир шуда, аммо маблағи он 6,7 млн доллар, ё 24% зиёд аст. Ҳамчунин таҳаввулот дар меваҷоти тару тоза низ дида мешавад, ки соли гузашта 54,5 ё 8,1 ҳазор тон (13,1%) кам ба бозорҳои хориҷ рафта, аммо маблағи аз он ба дастомада 15 млн долларро ташкил додааст, ки дар қиёс бо соли 2021 ҳудуди 15% зиёд аст. Аз миёни меваҷот содироти олуву зардолу ва лимӯ ба ҳадди рекордии худ расида, маблағи даромад аз онҳо низ беш аз ним ва наздик ба як баробар афзудааст. Масалан, зардолу 3,5 ҳазор тон ё 65% зиёд ё ба маблағи 1 млну 81 ҳазор доллар, ё 160% ба хориҷ фурӯхта шудааст.Лимӯ низ соли гузашта 1,3 ҳазор тон ё 98% зиёд содир шуда, маблағи аз он ба даст омада 480 ҳазор сомонӣ ё 136% зиёд шудааст, ки ба навъи худ низ рекордӣ ба ҳисоб меравад. Тибқи иттилои Агентии содироти Тоҷикистон, тақозои хориҷии лимӯ дар парвариши он низ тағйирот овардааст, аз ҷумла агар то соли 2021 дар кишвар 4,5 ҳазор тон тавлид ва 150 тон содир мешуд, ҳоло рақами тавлидот марзи беш аз 10 ҳазор ва содирот 1 ҳазор тонро убур кардааст.Ин нукта низ ҷолиб аст, ки Тоҷикистон то чанд соли пеш солона ҳамагӣ ба маблағи 4 млн доллар маҳсулоти кишоварзӣ содир мекард.
https://sputnik.tj/20230206/tojikmatlubot-zakhira-boloravii-narkh-bozor-1054711115.html
https://sputnik.tj/20230202/tojikiston-kambud-mavod-ghizo-posukhi-fayzulloev-1054643266.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2023
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/04/07/1047433457_341:0:3072:2048_1920x0_80_0_0_ed1e53bf1bcba70faacb655005cea349.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
афзоиш, даромад, содирот, маҳсулот, тоҷикистон
афзоиш, даромад, содирот, маҳсулот, тоҷикистон
“Ин тур ҳам мешавад”: содирот кам, даромад зиёд шуд
15:30 14.02.2023 (Навсозишуда: 16:41 14.02.2023) Агентии содироти назди ҳукумати Тоҷикистон аз коҳиши содироти маҳсулоти кишоварзӣ хабар дода, афзуд ки аммо даромад аз он афзоиш ёфтааст
ДУШАНБЕ, 14 фев – Sputnik. Маҳсулоти кишоварзӣ соли гузашта дар қиёс бо соли 2021 дар маҷмуъ ба 8,5% кам содир шуда, аммо ба маблағи 48% дарсад бештар ба фурӯш рафтааст.
Директори Агентии содирот, Баҳриддин Сироҷиддинзода, дар шарҳи ин матлаб гуфт, далели афзойиши тақозои хориҷӣ ба маҳсулоти кишоварзии Тоҷикистон қабл аз ҳама ба тағйироти куллӣ дар бозори маводи ғизоӣ бастагӣ дорад.
“Бахусус, пас аз ҳамагирии коронавирус ва ҳаводисе, ки дар Аврупо ва Осиёи Ҷанубӣ иттифоқ афтоданд, бозори маводи ғизоӣ гарм шуд. Азбаски маҳсулоти кишоварзии Тоҷикистон аз лиҳози экологӣ тоза ва ҳам хуштамъу босифат аст, муштариёни зиёд пайдо кард”, - гуфт Сироҷиддинзода.
Тибқи маълумоте, ки Агентӣ дар ихтиёри Sputnik Тоҷикистон қарор дод, соли гузашта дар қиёс бо соли 2021 маҳсулоти кишоварзӣ дар ҳаҷми 191 ҳазор тон ё 8,5% дарсад камтар, аммо ба маблағи 54 млн доллар ё 48% зиёдтар содир шудааст.
Коҳиши содирот, аммо афзоиши маблағи фурӯш қабл аз ҳама дар қисмати сабзавот дида мешавад, ки соли гузашта дар қиёс бо соли 2021 ҳамагӣ 76 ҳазор, ё 21 ҳазор тон (21,8%) камтар содир шуда, аммо маблағи аз он ба даст омада 7,8 млн доллар, ё 37% бештар будааст.
Масалан, пиёз, сабзавоти содиротии №1- и Тоҷикистон, дар қиёс бо соли 2021 дар ҳаҷми 66,6 ҳазор, ё 30% кам содир шуда, аммо маблағи он 6,7 млн доллар, ё 24% зиёд аст.
Ҳамчунин таҳаввулот дар меваҷоти тару тоза низ дида мешавад, ки соли гузашта 54,5 ё 8,1 ҳазор тон (13,1%) кам ба бозорҳои хориҷ рафта, аммо маблағи аз он ба дастомада 15 млн долларро ташкил додааст, ки дар қиёс бо соли 2021 ҳудуди 15% зиёд аст.
Аз миёни меваҷот содироти олуву зардолу ва лимӯ ба ҳадди рекордии худ расида, маблағи даромад аз онҳо низ беш аз ним ва наздик ба як баробар афзудааст. Масалан, зардолу 3,5 ҳазор тон ё 65% зиёд ё ба маблағи 1 млну 81 ҳазор доллар, ё 160% ба хориҷ фурӯхта шудааст.
Лимӯ низ соли гузашта 1,3 ҳазор тон ё 98% зиёд содир шуда, маблағи аз он ба даст омада 480 ҳазор сомонӣ ё 136% зиёд шудааст, ки ба навъи худ низ рекордӣ ба ҳисоб меравад.
Тибқи иттилои Агентии содироти Тоҷикистон, тақозои хориҷии лимӯ дар парвариши он низ тағйирот овардааст, аз ҷумла агар то соли 2021 дар кишвар 4,5 ҳазор тон тавлид ва 150 тон содир мешуд, ҳоло рақами тавлидот марзи беш аз 10 ҳазор ва содирот 1 ҳазор тонро убур кардааст.
Ин нукта низ ҷолиб аст, ки Тоҷикистон то чанд соли пеш солона ҳамагӣ ба маблағи 4 млн доллар маҳсулоти кишоварзӣ содир мекард.