“Тоҷикматлубот” талафи захира ва болоравии нарх дар бозорҳоро шарҳ дод

© Фото : МИД РТЯрмарка в Душанбе
Ярмарка в Душанбе - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 06.02.2023
Обуна шудан
Масъулини “Тоҷикматлубот” эълон карданд, ки барои муайян кардани ҳаҷми хисорот ситоди вижа ташкил намуданд, ки дар рӯзҳои наздик ба кори худ оғоз хоҳад кард
ДУШАНБЕ, 6 фев — Sputnik. Талафоти захираи маҳсулоти кишоварзӣ, ки дар бозорҳо ва яхдонҳо нигоҳ дошта мешаванд, ҳудуди 20 дарсадро ташкил додааст, гуфт муовини раиси ҷамъияти “Тоҷикматлубот” Хуршед Раҳмонализода зимни нишасти матбуотӣ дар Душанбе.
Ба гуфтаи вай, ҷамъияти “Тоҷикматлубот” барои муайян кардани ҳаҷми хисорот ситоди вижа ташкил кардааст, ки аз ҳамин ҳафта ба ҳисоб кардани зарару талафоти захираҳоро шурӯъ мекунад.
“Дар ҳамкори бо соҳибкорон дар анборҳои корхона 1625 тонна пиёз, 680 тонна картошка, 100 тонна сабзӣ, 300 тонна мева ва 180 тонна ангишт захира карда шудааст”, - гуфт Хуршед Раҳмонализода.
Масъулини "Тоҷикматлубот" яке аз сабабҳои якбора боло рафтани қимати пиёз дар бозорҳои кишварро, ба коҳиши ҳосили ин маҳсулоти кишоварзӣ ва кам ворид шудани он рабт дод.
Торговля на рынке Истарвашана - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 31.01.2023
Маълум шуд, чаро нархи пиёз дар Тоҷикистон гарон шуд - видео
Ба гуфтаи Хуршед Раҳмонализода, дар ҳоли ҳозир дар бозорҳо нуқтаҳои фурӯши маҳсулоти кишоварзии ҷамъияти “Тоҷикматлубот” мавҷуд аст, ки дар он як кило пиёз ба арзиши 3,5 сомонӣ фурӯхта мешавад.
“Ҳоло ба кишвар воридоти пиёз нест, картошкаи Покистон ба ҷумҳурӣ ворид мешавад”, - таъкид кард Хуршед Раҳмонализода.
Лентаи хабарҳо
0