https://sputnik.tj/20230202/tojikiston-kambud-mavod-ghizo-posukhi-fayzulloev-1054643266.html
Тоҷикистон ба камбуди маводи ғизоӣ мувоҷеҳ мешавад ё на? Посухи Файзуллоев
Тоҷикистон ба камбуди маводи ғизоӣ мувоҷеҳ мешавад ё на? Посухи Файзуллоев
Sputnik Тоҷикистон
Ҷумҳурӣ бо амалӣ кардани барномаҳо ва стратегияҳои зиддибуҳронӣ тавонист буҳрони озуқавориро пешгирӣ намуда, рушди иқтисодро таъмин намояд
2023-02-02T14:18+0500
2023-02-02T14:18+0500
2023-02-02T20:05+0500
дар тоҷикистон
маводи ғизоӣ
буҳрон
захира
иқтисод
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/101339/23/1013392322_180:309:1527:1067_1920x0_80_0_0_51a9a281a2347100e0127101b0492d5a.jpg
ДУШАНБЕ, 2 фев — Sputnik. Тоҷикистон имконоти кофии захираи маводи ғизоиро дорад ва ба камбуди он мувоҷеҳ намешавад.Чунин посух дод Муҳаммадсаид Файзуллоев, раиси Кумитаи амнияти озуқаворӣ ба суоли хабарнигори Sputnik Тоҷикистон дар мавриди омодагии кишвар ба буҳрони ғизоӣ. Ба таъкиди ӯ, соли 2022 дар Тоҷикистон норасоии маводи ғизоӣ мушоҳида нашуд ва имсол низ чунин мушкилӣ сурат нахоҳад гирифт. Файзуллоев таъкид кард, ки мушкили озуқаворӣ дар ҷаҳон бо фарорасии пандемияи коронавирус сар зада, ҳаводиси Украина, он боз шиддат гирифт. Бо ин нигоҳ накарда, ба гуфти ӯ бо дастури раисҷумҳури кишвар нақшаҳо оид ба таъмину танзими бозори дохилӣ ҳаст, ки амали мешавад.Эмомалӣ Раҳмон низ дар паёми ахираш ба парлумон гуфт, ки солҳои охир вазъи сиёсиву иқтисодии ҷаҳон хеле мураккаб гардида, ҳоло инсоният дар давраи ниҳоят ҳассос ва душвортарини таърихи қариб сад соли охири худ қарор дорад.Ӯ гуфт, ҳаводиси сиёсиву низомӣ, яроқнокшавии бошитоб ва оғози марҳалаи "ҷанги сард" боиси халалдор шудани низоми муносибатҳои иқтисодиву тиҷоратии байни давлатҳо ва ба вуқӯъ омадани буҳрони ҷаҳонии иқтисодӣ гардид.Ба гуфтаи ӯ, бо ташдиди таҳримот занҷираҳои мавҷудаи таъминоти молу маҳсулот канда шуданд, истеҳсоли маҳсулот коҳиш ёфт ва нархҳо, махсусан, нархи маводи ғизоӣ ба таври бесобиқа боло рафтанд, вале Тоҷикистон тавонист бо амалӣ намудани стратегияву барномаҳо ва тадбирҳои зиддибуҳронӣ вазъро рафъ намояд.
https://sputnik.tj/20230201/sabadi-osebpazir-buhron-mavodi-ghizoi-1054618912.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2023
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/101339/23/1013392322_253:172:1446:1067_1920x0_80_0_0_963b46e304c9c654fee74e8f92c7b7cd.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоҷикистон камбуд мавод ғизо мувоҷеҳ
тоҷикистон камбуд мавод ғизо мувоҷеҳ
Тоҷикистон ба камбуди маводи ғизоӣ мувоҷеҳ мешавад ё на? Посухи Файзуллоев
14:18 02.02.2023 (Навсозишуда: 20:05 02.02.2023) Ҷумҳурӣ бо амалӣ кардани барномаҳо ва стратегияҳои зиддибуҳронӣ тавонист буҳрони озуқавориро пешгирӣ намуда, рушди иқтисодро таъмин намояд
ДУШАНБЕ, 2 фев — Sputnik. Тоҷикистон имконоти кофии захираи маводи ғизоиро дорад ва ба камбуди он мувоҷеҳ намешавад.
Чунин посух дод Муҳаммадсаид Файзуллоев, раиси Кумитаи амнияти озуқаворӣ ба суоли хабарнигори Sputnik Тоҷикистон дар мавриди омодагии кишвар ба буҳрони ғизоӣ.
Ба таъкиди ӯ, соли 2022 дар Тоҷикистон норасоии маводи ғизоӣ мушоҳида нашуд ва имсол низ чунин мушкилӣ сурат нахоҳад гирифт.
"Феълан маҳсулоти ғизоӣ, аз қабили орд ва ғалла дар муқоиса бо моҳи январи соли 2022 бештар ба Тоҷикистон ворид шудааст", - афзуд ӯ.
Файзуллоев таъкид кард, ки мушкили озуқаворӣ дар ҷаҳон бо фарорасии пандемияи коронавирус сар зада, ҳаводиси Украина, он боз шиддат гирифт.
Бо ин нигоҳ накарда, ба гуфти ӯ бо дастури раисҷумҳури кишвар нақшаҳо оид ба таъмину танзими бозори дохилӣ ҳаст, ки амали мешавад.
Эмомалӣ Раҳмон низ дар паёми ахираш ба парлумон гуфт, ки солҳои охир вазъи сиёсиву иқтисодии ҷаҳон хеле мураккаб гардида, ҳоло инсоният дар давраи ниҳоят ҳассос ва душвортарини таърихи қариб сад соли охири худ қарор дорад.
Ӯ гуфт, ҳаводиси сиёсиву низомӣ, яроқнокшавии бошитоб ва оғози марҳалаи "ҷанги сард" боиси халалдор шудани низоми муносибатҳои иқтисодиву тиҷоратии байни давлатҳо ва ба вуқӯъ омадани буҳрони ҷаҳонии иқтисодӣ гардид.
Ба гуфтаи ӯ, бо ташдиди таҳримот занҷираҳои мавҷудаи таъминоти молу маҳсулот канда шуданд, истеҳсоли маҳсулот коҳиш ёфт ва нархҳо, махсусан, нархи маводи ғизоӣ ба таври бесобиқа боло рафтанд, вале Тоҷикистон тавонист бо амалӣ намудани стратегияву барномаҳо ва тадбирҳои зиддибуҳронӣ вазъро рафъ намояд.