Вазир ҳаҷми маоши миёна дар Тоҷикистонро эълон кард

© Sputnik / Стас ЭтвешЭкономический рост , архивное фото
Экономический рост , архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 13.02.2023
Обуна шудан
Вазири меҳнат муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон эълом дошт, ки ҳаҷми маоши миёна дар ҷумҳурӣ дар қиёс бо нишондиҳандаҳои як соли қабл беш аз 13% зиёд шудаст
ДУШАНБЕ, 13 фев – Sputnik. Маоши миёна дар Тоҷикистон ба ҳолати моҳи декабри соли 2022 беш аз 1 ҳазору 730 сомониро ташкил медиҳад.
Дар ин бора вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон, Гулнора Ҳасанзода зимни нишасти матбуотӣ иттилоъ дода, афзуд, ки ҳаҷми маоши миёна дар кишвар дар муқоиса бо ҳамин давраи соли гузашта наздики 205 сомонӣ ё беш аз 13% афзоиш ёфтааст.
Қаблан мақомоти Хатлон эълон дошта буданд, ки камтарин маошро дар вилоят кишоварзон мегиранд, ки дар соли гузашта ба ҳисоби миёна ба 604 сомонӣ баробар шудааст.
Таджикские сомони в кошельке - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 03.02.2023
Бекорӣ дар Суғд каму маош наздики 15% зиёд шудааст
Музди миёнаи моҳонаи кормандони кироя дар вилоят ба 1289 сомонӣ баробар шудааст, ки нисбати нишондоди соли пешӣ наздики 13% зиёдтар мебошад.
Манбаъ афзуд, ки бахши воқеӣ музди кории кормандони соҳаи саноати истихроҷи канданиҳои фоиданок 2363 сомониро ташкил додаст. Кормандони соҳаи неруи барқ, газу буғ дар ҳаҷми 3582 сомонӣ маош мегирифтаанд, ки аз баландтарин нишондодҳо мебошад.
Сохтмончиён дар ҷануби Тоҷикистон ба ҳисоби миёна 1948 сомонӣ ҳар моҳ мегираанд. Дар ҳоле, ки кишоварзон аз маоши миёна пасттар музд мегиранд, дар бахшҳои дигари бахши воқеӣ музди меҳнат аз нишондоди миёна аз ним то 2,8 баробар бештар мебошад.
Дар мавриди маош дар бахши хизматрасонӣ иттилоъ дода шуд, ки баландтарин музди миёнаро кормандони молия ва қарз мегиранд.
Тибқи омори расмӣ, соли 2022 музди миёнаи кории кормандони ташкилотҳои молиявӣ 3303 сомонӣ будааст, ки 2,6 маротиба аз сатҳи музди миёнаи корӣ дар вилоят бештар мебошад.
Лентаи хабарҳо
0