https://sputnik.tj/20230203/bekori-sughd-kam-maosh-ziyod-1054675148.html
Бекорӣ дар Суғд каму маош наздики 15% зиёд шудааст
Бекорӣ дар Суғд каму маош наздики 15% зиёд шудааст
Sputnik Тоҷикистон
Мақомоти иҷроияи вилояти Суғд сатҳи расмии сабтшудаи бекорӣ дар шимоли ҷумҳуриро дар сатҳи камтар аз 1% арзёбӣ карда, аз афзоиши маош хабар доданд
2023-02-03T16:50+0500
2023-02-03T16:50+0500
2023-02-03T16:50+0500
дар тоҷикистон
иқтисод
кор
фаъолият
бекорӣ
суғд
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/0c/11/1044219722_0:160:3073:1888_1920x0_80_0_0_a913786569dea5a08ee8383049b07a67.jpg
ДУШАНБЕ, 3 фев — Sputnik. Теъдоди кормандоне, ки дар бахшҳои гуногуни иқтисодиёти Суғд бо кор таъмин шудаанд, наздики 439 ҳазор нафарро ташкил медиҳад. Дар ин бора ҳукумати Суғд, зимни нишасти матбуотии ин ниҳод иттилоъ дод. Ба гуфтаи манбаъ аз наздики 439 ҳазоре, ки дар бахшҳои гуногун ба кор машғуланд, ҳудуди 287 ҳазорашон дар бахши воқеӣ кор мекунанд. Шумораи онҳое, ки дар бахши хизматрасонӣ фаъолият доранд, беш аз 151 ҳазор нафар ҳисоб шудаанд. Таъкид шудааст, ки ба ин омор онҳое, ки дар хоҷагиҳои ёрирасону деҳқонӣ фаъолияткунанда ва шахсони кори мустақилонаи касбӣ доранд, ворид нестанд. Мақомоти Суғд афзуданд, ба ҳолати 1 декабри соли 2022 шумораи онҳое, ки расман ҳамчун бекор ба қайд гирифта шудаанд, 7,4 ҳазор нафарро ташкил додааст. Таъкид шудааст, ки аз теъдоди умумии бекорон наздики 55%-ашонро занҳо ташкил медиҳанд. Сатҳи бекорони расмӣ ба қайдгирифташуда дар шимоли Тоҷикистон 0,8%-и шумораи умумии кориро ташкил кардаст. Дар зимн таъкид шудаст, ки музди миёнаи меҳнат дар Суғд афзоиш ёфтааст. Маоши ҳармоҳаи ҳисобшуда беш аз 1600 сомониро ташкил додааст, ки дар қиёс бо соли пешӣ наздики 15% зиёд шудаст. Ин дар ҳолест, ки дар маҷмуъ теъдоди бекорон дар ҷумҳурӣ зиёд арзёбӣ мешавад ва аксаран шаҳрвандони кишвар барои таъминоти рӯзгорашон ба муҳоҷирати меҳнатӣ ба Русия мераванд.
https://sputnik.tj/20221223/nafaqau-maosh-ziyod-meshavad-az-ki-chand-foiz-1053719244.html
суғд
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2023
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/0c/11/1044219722_170:0:2901:2048_1920x0_80_0_0_4d642e617d16e744d574f4fc141d0473.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
афзоиш, маош, корманд, суғд, зиёд
афзоиш, маош, корманд, суғд, зиёд
Бекорӣ дар Суғд каму маош наздики 15% зиёд шудааст
Мақомоти иҷроияи вилояти Суғд сатҳи расмии сабтшудаи бекорӣ дар шимоли ҷумҳуриро дар сатҳи камтар аз 1% арзёбӣ карда, аз афзоиши маош хабар доданд
ДУШАНБЕ, 3 фев — Sputnik. Теъдоди кормандоне, ки дар бахшҳои гуногуни иқтисодиёти Суғд бо кор таъмин шудаанд, наздики 439 ҳазор нафарро ташкил медиҳад.
Дар ин бора ҳукумати Суғд, зимни нишасти матбуотии ин ниҳод иттилоъ дод.
Ба гуфтаи манбаъ аз наздики 439 ҳазоре, ки дар бахшҳои гуногун ба кор машғуланд, ҳудуди 287 ҳазорашон дар бахши воқеӣ кор мекунанд. Шумораи онҳое, ки дар бахши хизматрасонӣ фаъолият доранд, беш аз 151 ҳазор нафар ҳисоб шудаанд.
Таъкид шудааст, ки ба ин омор онҳое, ки дар хоҷагиҳои ёрирасону деҳқонӣ фаъолияткунанда ва шахсони кори мустақилонаи касбӣ доранд, ворид нестанд.
Мақомоти Суғд афзуданд, ба ҳолати 1 декабри соли 2022 шумораи онҳое, ки расман ҳамчун бекор ба қайд гирифта шудаанд, 7,4 ҳазор нафарро ташкил додааст. Таъкид шудааст, ки аз теъдоди умумии бекорон наздики 55%-ашонро занҳо ташкил медиҳанд.
Сатҳи бекорони расмӣ ба қайдгирифташуда дар шимоли Тоҷикистон 0,8%-и шумораи умумии кориро ташкил кардаст.
Дар зимн таъкид шудаст, ки музди миёнаи меҳнат дар Суғд афзоиш ёфтааст. Маоши ҳармоҳаи ҳисобшуда беш аз 1600 сомониро ташкил додааст, ки дар қиёс бо соли пешӣ наздики 15% зиёд шудаст.
Ин дар ҳолест, ки дар маҷмуъ теъдоди бекорон дар ҷумҳурӣ зиёд арзёбӣ мешавад ва аксаран шаҳрвандони кишвар барои таъминоти рӯзгорашон ба муҳоҷирати меҳнатӣ ба Русия мераванд.