Уфти қурби рубл: дар бозори арзи Тоҷикистон чӣ мегузарад?

© Sputnik Таджикские сомони и рубли, архивное фото
Таджикские сомони и рубли, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 09.02.2023
Обуна шудан
Пули русӣ дар Тоҷикистон боз арзон шуда, ба поинтарин нишондиҳандаҳояш дар соли равон мерасад, аммо евро ва доллар тадриҷан гарон мешавад
ДУШАНБЕ, 9 фев — Sputnik. Бонки миллии Тоҷикистон арзиши сомониро нисбат ба асъор эълон кард. Рубли русӣ ба таври қобили мулоҳиза боз коҳиш ёфтааст.
Тибқи нишондоди ин ниҳод ҳоло 1000 рубл 143 сомонӣ арзиш дошта, нисбат ба як рӯзи қаблӣ ду сомонӣ поин рафтааст.
Дар ҳамин ҳол доллари амрикоӣ бомурур майли гароншавӣ дорад.
Тибқи иттилои БМТ дар бозори арз барои як доллар 10.3634 сомонӣ медиҳанд. Қаблан як доллар ба 10.3357 сомонӣ баробар буд.
Вазъи пули аврупоӣ низ дар ҳоли беҳтар шудан аст. Ҳоло дар кишвар бар ивази як евро 11.1199 сомонӣ медиҳанд. Ин дар ҳолест, ки як рӯз қабл бар ивази як евро 0582 сомонӣ медоданд.
Глава Амонатбанка Сироджиддин Икроми - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 06.02.2023
Раиси "Амонатбонк" роҳи халосӣ аз пойбандӣ ба асъори хориҷиро гуфт
Бонки миллии Тоҷикистон ҳамчунин нархи миёнаи харидуфурӯши пулҳои хориҷиро дар ташкилотҳои қарзии кишвар ироа намудаст.
Ба иттилои ин ниҳод, 1 доллари ИМА аз 10.3634 то 10.3500 сомонӣ, 1 евро аз 11.1190 то 11.2000 сомонӣ, 1 рубли русӣ аз 0.1430 то 0.1440 сомонӣ харидуфурӯш мешавад.
БМТ ҳушдор додаст, ки берун аз сарбонк, филиал, марказҳои хизматрасонии бонкӣ, нуқтаи интиқоли пул ва банкомату терминалҳо анҷом додани амалиёти мубодилавӣ қатъиян манъ аст.
Таъкид шудааст, ки риоя накардани талаботи мазкур аз ҷониби шахсони воқеӣ қонуншиканӣ ба ҳисоб рафта, сабаби ба ҷавобгарии маъмурӣ ва ҷиноятӣ кашидан мегардад.
Лентаи хабарҳо
0