https://sputnik.tj/20230206/rais-amonatbonk-khalosi-vobastagi-asori-khorij-1054700059.html
Раиси "Амонатбонк" роҳи халосӣ аз пойбандӣ ба асъори хориҷиро гуфт
Раиси "Амонатбонк" роҳи халосӣ аз пойбандӣ ба асъори хориҷиро гуфт
Sputnik Тоҷикистон
Раиси калонтарин бонки низомсози Тоҷикистон масъалаи болоравии қурби асъори хориҷиро шарҳ дода, роҳ устувории пули миллиро баён дошт
2023-02-06T10:24+0500
2023-02-06T10:24+0500
2023-02-06T10:26+0500
дар тоҷикистон
иқтисод
пул
сомонӣ
сармоя
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/07/15/1041056818_0:37:1280:757_1920x0_80_0_0_ed343219a0d2fb3ec0b11158e9acd568.jpg
ДУШАНБЕ, 6 фев – Sputnik. Барои устувории қурби пули миллии Тоҷикистон ва ҷилавгирӣ аз ҷаҳиши нархи асъори хориҷӣ бояд тавлидоти дохилӣ рушд кунад. Ин нуктаро раиси "Амонатбон", Сироҷиддин Икромӣ зимни нишасти матбуотӣ баён дошт. Ба гуфтаи ӯ, болоравии қурби доллару рубл аз бозори байналмилалии ҷаҳонӣ вобастагӣ дошта, ба як кишвари алоҳида рабт надорад. Икромӣ таъкид намуд, ки низоми бонкии кишвар пеш аз ҳама барои устувору тоза нигоҳ доштани қурби пули миллӣ муваззаф аст. Ӯ зикр намуд, ки қурби як доллари амрикоӣ то марти 2022 то 13 - 14 сомонӣ боло рафт, аммо дар натиҷаи чорабиниҳои Бонки миллию блоки иқтисодии ҳукумат поин оварда шуд. Вай чунин ҳолатро бори аввал тайи солҳои охир дар иқтисоди кишвар муаррифӣ карда, илова намуд, ки дар натиҷа сатҳи таваррум низ поин оварда шуд. Агар солҳои қаблӣ таваррум то 7 -8% боло мерафт, дар соли 2022 ҳудуди 4,2% шуд, гуфт Икромӣ. Раиси "Амонатбонк" таъкид намуд, ки роҳи устувор нигоҳ доштани қурби пулли миллӣ ва ҷилавгирӣ аз ҷаҳишҳои асъори хориҷӣ ин пеш аз ҳама рушди истеҳсолоти дохилӣ мебошад. Наход макаронру собун ба Тоҷикистон аз хориҷа ворид карда шаванду асъор аз дохил барои хариди он равона гардад, суол гузошт ӯ. Вай афзуд, мушкилоти марбути асъори хориҷӣ дар сурати саноатикунонии босуръати кишвар ва тавлиди маҳсулоти асосии ниёзи мардум дар дохил, аз байн хоҳад рафт.
https://sputnik.tj/20230206/amonatbonk-doroi-daromadi-sof-1054699412.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2023
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/07/15/1041056818_72:0:1209:853_1920x0_80_0_0_1c3406daa1e6bb6f21237b1eb662ff28.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
роҳ, устуворӣ, сомонӣ, асъор, хориҷӣ, қурб
роҳ, устуворӣ, сомонӣ, асъор, хориҷӣ, қурб
Раиси "Амонатбонк" роҳи халосӣ аз пойбандӣ ба асъори хориҷиро гуфт
10:24 06.02.2023 (Навсозишуда: 10:26 06.02.2023) Раиси калонтарин бонки низомсози Тоҷикистон масъалаи болоравии қурби асъори хориҷиро шарҳ дода, роҳ устувории пули миллиро баён дошт
ДУШАНБЕ, 6 фев – Sputnik. Барои устувории қурби пули миллии Тоҷикистон ва ҷилавгирӣ аз ҷаҳиши нархи асъори хориҷӣ бояд тавлидоти дохилӣ рушд кунад.
Ин нуктаро раиси "Амонатбон", Сироҷиддин Икромӣ зимни нишасти матбуотӣ баён дошт.
Ба гуфтаи ӯ, болоравии қурби доллару рубл аз бозори байналмилалии ҷаҳонӣ вобастагӣ дошта, ба як кишвари алоҳида рабт надорад.
Икромӣ таъкид намуд, ки низоми бонкии кишвар пеш аз ҳама барои устувору тоза нигоҳ доштани қурби пули миллӣ муваззаф аст.
Ӯ зикр намуд, ки қурби як доллари амрикоӣ то марти 2022 то 13 - 14 сомонӣ боло рафт, аммо дар натиҷаи чорабиниҳои Бонки миллию блоки иқтисодии ҳукумат поин оварда шуд.
Вай чунин ҳолатро бори аввал тайи солҳои охир дар иқтисоди кишвар муаррифӣ карда, илова намуд, ки дар натиҷа сатҳи таваррум низ поин оварда шуд. Агар солҳои қаблӣ таваррум то 7 -8% боло мерафт, дар соли 2022 ҳудуди 4,2% шуд, гуфт Икромӣ.
Раиси "Амонатбонк" таъкид намуд, ки роҳи устувор нигоҳ доштани қурби пулли миллӣ ва ҷилавгирӣ аз ҷаҳишҳои асъори хориҷӣ ин пеш аз ҳама рушди истеҳсолоти дохилӣ мебошад.
Наход макаронру собун ба Тоҷикистон аз хориҷа ворид карда шаванду асъор аз дохил барои хариди он равона гардад, суол гузошт ӯ.
Вай афзуд, мушкилоти марбути асъори хориҷӣ дар сурати саноатикунонии босуръати кишвар ва тавлиди маҳсулоти асосии ниёзи мардум дар дохил, аз байн хоҳад рафт.