Кумитаи телевизион ва радио ба кормандонаш бинои истиқоматӣ месозад

© Pixabay/skorchanovСтроительство
Строительство - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 08.02.2023
Обуна шудан
Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Тоҷикистон гуфт дар маҳалаи Зарафшони шаҳри Душанбе барои кормандонаш бинои истиқоматӣ месозад
ДУШАНБЕ, 8 фев — Sputnik. Барои кормандони Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Тоҷикистон бинои истиқоматии 12-ошёна бунёд карда мешавад, иттилоъ додааст раиси ин Кумита Нуриддин Саид зимни нишасти матбуотӣ дар Душанбе.
"Барои бунёди ин бино дар маҳаллаи Зарафшони шаҳри Душанбе 35 садяк замин ҷудо шуда, лоиҳаи он барои тасдиқ ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ирсол гардидааст",-гуфт Раиси Кумита.
Нуриддин Саид илова кард, ки бино аз 144 ҳуҷра иборат буда, давоми 1,5-2 соли оянда бунёд карда мешавад.
Ёдовар мешавем, ки тибқи иттилои Кумитаи меъморӣ ва сохтмони Тоҷикистон дар давоми соли гузашта дар ҳудуди кишвар 1 миллиону 750 хазор метри мураббаъ бинои истиқоматӣ ба истифода дода шуд.
Строительство русской школы в Таджикистане, махалли (микрорайон) Зарафшон - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 08.02.2023
Дар Душанбе назорати мустаҳкам сохтани биноҳои бунёдшударо пурзур мекунанд
Илова бар ин, дар соли 2022 дар манотиқи мухталифи кишвар иншооти сершумори иҷтимоӣ ба истифода дода шуданд.
Раёсат гуфт, ки ҳукумат инчунин 65 нақшаи генералиро барои тамоми шаҳру ноҳияҳо тасдиқ кардааст.
Планхои генералии Норак, Леваканд, Вахш, Балчувон ислох карда шуданд.
Лентаи хабарҳо
0