Кӣ дар Хатлон маоши баландтарин мегирад?

© Sputnik Таджикские сомони
Таджикские сомони - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 08.02.2023
Обуна шудан
Мақомоти Хатлон эълон карданд, ки баландтарин маошро дар вилоят кормандони бахши молия, барқу газ ва бахши истихроҷ дастрас мекунанд
ДУШАНБЕ, 8 фев — Sputnik. Камтарин маошро дар вилояти Хатлон кишоварзон мегиранд, ки дар соли гузашта ба ҳисоби миёна ба 604 сомонӣ баробар шудааст.
Музди миёнаи моҳонаи кормандони кироя дар вилоят ба 1289 сомонӣ баробар шудааст, ки нисбати нишондоди соли пешӣ наздики 13% зиёдтар мебошад, хабар дод нашрияи расмии "Хатлон" бо такя ба омори расмӣ.
Манбаъ афзуд, ки бахши воқеӣ музди кории кормандони соҳаи саноати истихроҷи канданиҳои фоиданок 2363 сомониро ташкил додаст.
Кормандони соҳаи неруи барқ, газу буғ дар ҳаҷми 3582 сомонӣ маош мегирифтаанд, ки аз баландтарин нишондодҳо мебошад.
Таджикские сомони в кошельке - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 03.02.2023
Бекорӣ дар Суғд каму маош наздики 15% зиёд шудааст
Сохтмончиён дар ҷануби Тоҷикистон ба ҳисоби миёна 1948 сомонӣ ҳар моҳ мегираанд. Дар ҳоле, ки кишоварзон аз маоши миёна пасттар музд мегиранд, дар бахшҳои дигари бахши воқеӣ музди меҳнат аз нишондоди миёна аз ним то 2,8 баробар бештар мебошад.
Дар мавриди маош дар бахши хизматрасонӣ иттилоъ дода шуд, ки баландтарин музди миёнаро кормандони молия ва қарз мегиранд.
Тибқи омори расмӣ, соли 2022 музди миёнаи кории кормандони ташкилотҳои молиявӣ 3303 сомонӣ будааст, ки 2,6 маротиба аз сатҳи музди миёнаи корӣ дар вилоят бештар мебошад.
Лентаи хабарҳо
0