https://sputnik.tj/20230206/rahmon-hamkori-bonki-islomii-rushd-qanoatmandi-1054725384.html
Раҳмон аз ҳамкорӣ бо Бонки исломии рушд изҳори қаноатмандӣ кард
Раҳмон аз ҳамкорӣ бо Бонки исломии рушд изҳори қаноатмандӣ кард
Sputnik Тоҷикистон
Раисҷумҳури Тоҷикистон саҳми Бонки исломии рушд дар татбиқи лоиҳаҳое, ки ба рушди иҷтимоию иқтисодии кишвар равона шудаанд, баланд арзёбӣ кард
2023-02-06T21:40+0500
2023-02-06T21:40+0500
2023-02-06T21:40+0500
дар тоҷикистон
бонк
исломӣ
мулоқот
ҳамкорӣ
эмомалӣ раҳмон
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e7/02/06/1054725068_0:0:3077:1731_1920x0_80_0_0_3a5a5d3e8d39a9f0c6af440068a2c902.jpg
ДУШАНБЕ, 6 фев — Sputnik. Дар Душанбе мулоқоти Эмомалӣ Раҳмон раисҷумҳури Тоҷикистон бо ноиби Президенти Гурӯҳи Бонки исломии рушд оид ба амалиёт доктор Мансур Мухтар сурат гирифт, иттилоъ додааст дафтари матбуоти раисҷумҳур.Тибқи иттилои манбаъ, дар мулоқот ҷанбаҳои мухталифи ҳамкории Тоҷикистон бо Бонки исломии рушд баррасӣ гардид.Эмомалӣ Раҳмон дар ин вохурӣ аз сатҳи ҳамкории судманд бо Бонки исломии рушд изҳори қаноатмандӣ карда, саҳми Бонкро дар татбиқи лоиҳаҳое, ки ба рушди иҷтимоию иқтисодии кишвар равона шудаанд, баланд арзёбӣ кард.Ҳамзамон таъкид гардид, ки тайи давраи соҳибистиқлолии Тоҷикистон Бонки исломии рушд дар Тоҷикистон силсилаи лоиҳаҳои муҳимро амалӣ гардонидааст, ки маблағи умумии онҳо зиёда аз 620 миллион долларро ташкил медиҳанд.Инчунин дар ҷараёни мулоқот ҷонибҳо масъалаҳои ҳамкорӣ дар самти таҳияву татбиқи Стратегияи шарикии байни Тоҷикистон ва Бонки исломии рушд, зарурати маблағгузории чорабиниҳои барқарорсозӣ пас аз буҳрони пандемия, коҳиш додани таъсири омилҳои беруна ба иқтисодиёти мо, пешгирӣ ва бартарафсозии офатҳои табииро, ки дар аксар маврид боиси хисороти зиёди иқтисодиву молӣ ва ҳатто талафоти ҷонӣ мегарданд, муҳокима шудаант.“Мусоидат ба рушди инфрасохтор, татбиқи лоиҳаҳо оид ба бунёду таҷдиди роҳҳо, иншооти соҳаи энергетика, барқарорсозии низоми обёрӣ ва содироти маҳсулоти кишоварзӣ аз самтҳои дигари ҳамкории судманди ду ҷониб номида шуданд”,- илова кардааст манбаъ.
https://sputnik.tj/20230130/khorij-nafurushed-khudamon-zarur-rahmon-sodiroti-kadom-mahsulot-1054582908.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2023
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e7/02/06/1054725068_58:0:2789:2048_1920x0_80_0_0_ca3c8c9f862e8f90cae4400d53342c6c.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоҷикистон, эмомалӣ рамҳион, ҳамкорӣ, бонки исломии рушд изҳори қаноатмандӣ кард, мулоқт, қаноатмандӣ
тоҷикистон, эмомалӣ рамҳион, ҳамкорӣ, бонки исломии рушд изҳори қаноатмандӣ кард, мулоқт, қаноатмандӣ
Раҳмон аз ҳамкорӣ бо Бонки исломии рушд изҳори қаноатмандӣ кард
Раисҷумҳури Тоҷикистон саҳми Бонки исломии рушд дар татбиқи лоиҳаҳое, ки ба рушди иҷтимоию иқтисодии кишвар равона шудаанд, баланд арзёбӣ кард
ДУШАНБЕ, 6 фев — Sputnik. Дар Душанбе мулоқоти Эмомалӣ Раҳмон раисҷумҳури Тоҷикистон бо ноиби Президенти Гурӯҳи Бонки исломии рушд оид ба амалиёт доктор Мансур Мухтар сурат гирифт, иттилоъ додааст дафтари матбуоти раисҷумҳур.
Тибқи иттилои манбаъ, дар мулоқот ҷанбаҳои мухталифи ҳамкории Тоҷикистон бо Бонки исломии рушд баррасӣ гардид.
Эмомалӣ Раҳмон дар ин вохурӣ аз сатҳи ҳамкории судманд бо Бонки исломии рушд изҳори қаноатмандӣ карда, саҳми Бонкро дар татбиқи лоиҳаҳое, ки ба рушди иҷтимоию иқтисодии кишвар равона шудаанд, баланд арзёбӣ кард.
“Тарафҳо дар вохӯрӣ рафти татбиқи лоиҳаҳои сармоягузорӣ дар соҳаҳои маориф, тандурустӣ, энергетика, нақлиёт, обёрӣ ва дигар бахшҳои афзалиятноки иҷтимоиву иқтисодии Тоҷикистонро баррасӣ карданд”,- таъкил кардааст дафтари матбуоти раисҷумҳур.
Ҳамзамон таъкид гардид, ки тайи давраи соҳибистиқлолии Тоҷикистон Бонки исломии рушд дар Тоҷикистон силсилаи лоиҳаҳои муҳимро амалӣ гардонидааст, ки маблағи умумии онҳо зиёда аз 620 миллион долларро ташкил медиҳанд.
Инчунин дар ҷараёни мулоқот ҷонибҳо масъалаҳои ҳамкорӣ дар самти таҳияву татбиқи Стратегияи шарикии байни Тоҷикистон ва Бонки исломии рушд, зарурати маблағгузории чорабиниҳои барқарорсозӣ пас аз буҳрони пандемия, коҳиш додани таъсири омилҳои беруна ба иқтисодиёти мо, пешгирӣ ва бартарафсозии офатҳои табииро, ки дар аксар маврид боиси хисороти зиёди иқтисодиву молӣ ва ҳатто талафоти ҷонӣ мегарданд, муҳокима шудаант.
“Мусоидат ба рушди инфрасохтор, татбиқи лоиҳаҳо оид ба бунёду таҷдиди роҳҳо, иншооти соҳаи энергетика, барқарорсозии низоми обёрӣ ва содироти маҳсулоти кишоварзӣ аз самтҳои дигари ҳамкории судманди ду ҷониб номида шуданд”,- илова кардааст манбаъ.