Дастури Эмомалӣ Раҳмон ба КДАМ-у гумрук дар мавриди пиёз, картошка ва сабзӣ

© Sputnik / Алексей Куденко / Гузариш ба медиабонкЗеленый рынок в Душанбе. Архивное фото
Зеленый рынок в Душанбе. Архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 30.01.2023
Обуна шудан
Дар пайи иқдоми бархе аз ҳукуматҳои кишварҳои Осиёи Марказӣ барои манъи содироти бархе аз навъҳои маҳсулот, аз ҷумла пиёз, Тоҷикистон низ тасмимашро гирифт
ДУШАНБЕ, 30 янв – Sputnik. Раисҷумҳури Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон дастур додааст, ки содироти пиёз, картошка ва сабзӣ аз кишвар мутваққиф карда шавад.
Вазири кишоварзии Тоҷикистон, Қурбон Ҳакимзода зимни нишасти матбуотии ниҳодаш бо таъйиди ин хабар гуфт, дар маҷлиси ахири ҳукуматӣ аз сӯи президенти кишвар ба ҳама мақомоти дастур шуд, ки то муътадил шудани вазъи бозор, содироти ин маҳсулот қатъиян манъ карда шавад.
Ӯ изҳор дошт, ки қарори алоҳида содир нашудааст, аммо дар маҷлиси васеъи ҳукумат, ки 24 январ баргузор шуд, ин нукта таъкид гардид.
"Мақомоти зидахл, аз қабили Хадамоти гумрук ва Кумитаи давлатии амнияти миллӣ вазифа гирифтанд, ки то муътадил шудани вазъи бозор ва шуруъи вуруди маҳсулоти нав ба бозор содироти пиёз, сабзӣ ва картошка муваққатан мутаваққиф шавад”, - гуфт Ҳакимзода.
Урожай лука в Раштском районе - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 29.01.2023
Пиёз дар Осиёи Марказӣ камёфт шуд: Чаро?
Ин қарор дар ҳолест, ки қимати ин маҳсулоти кишоварзӣ дар бозорҳои Тоҷикистон ба таври бесобиқа боло рафта, камбуди онҳо низ ба назар мерасад.
Ба қавли вазири кишоварзии Тоҷикистон, эътидоли вазъ дар бозорҳо дар даҳаи сеюми моҳи март ва аввали моҳи апрел иттифоқ хоҳад афтод, вақте аввалин ҳосил дар навоҳии ҷанубии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон ҷамъоварӣ мешавад.
Дар ҳоли ҳозир, қимати пиёз, сабзӣ ва картошка дар бозорҳои Тоҷикистон ба таври миёна 5 сомониро ташкил медиҳад, ки дар қиёс бо ҳамин давраи соли гузашта то 20% фарқият дорад.
Тибқи иттилои Вазорати кишварзии Тоҷикистон, дар ҳоли ҳозир тамоми кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Покистону Афғонистон низ ба камбуди ин анвои маҳсулот дучор омадаанд. Ин кишварҳо низ тасмим гирифтаанд, ки аз содироти маҳсулоти кишоварзӣ худдорӣ кунанд.
Лентаи хабарҳо
0