https://sputnik.tj/20230206/khavfi-siyosi-amonat-shuravi-nochiz-1054722608.html
“Хавфи сиёсӣ”: амонатҳои замони Шӯравӣ чаро ночиз шуданд?
“Хавфи сиёсӣ”: амонатҳои замони Шӯравӣ чаро ночиз шуданд?
Sputnik Тоҷикистон
Бонки давлатии амонатгузории “Амонатбонк” далоили ночиз шудани амонатҳои ҳазорон муштарии боқимонда аз замони Шӯравиро шарҳ дод
2023-02-06T22:00+0500
2023-02-06T22:00+0500
2023-02-06T22:00+0500
амонатбонк
дар тоҷикистон
иҷтимоъ
бонк
молия
пул
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/04/1a/1039046383_0:0:1000:563_1920x0_80_0_0_3f513bbc51e26ed994e1e029870c9a03.jpg
ДУШАНБЕ, 06 февр – Sputnik. Ин бонк, ки вориси “Сбербанк”, бонки асосии Иттиҳоди Шӯравии собиқ, ба шумор меравад, ҷуброни маболиғи барбодрафтаи амонатгузорони худро имконпазир медонад.Сироҷиддин Икромӣ, раиси “Амонатбонк”, зимни нишасти матбуотӣ ба хабарнигорон гуфт, ҳисоби пасандозҳои ашхоси воқеъӣ дар давраи Шӯравӣ дар ихтиёри бонк қарор дорад, аммо вобаста ба деноминатсия, ё аз байн бурдани сифрҳое, ки баъди рақами мушаххас ҳастанд, ин маболиғ ниҳоят ночиз шудаанд.“Вақте истиқлолият ба даст омад ва ҳатто дар хазинаи бонк пули пуччак ҳам набуд, ин маболиғ ба сифр баробар шуда буданд. Мардум, ки зиёд шикоят кард, як ҳукумат як Комиссияи вижа барои ислоҳоти пулӣ таъсис дод ва то соли 1995, вақте ки “рубл” бо “ь” буд, аллакай 100 рубл як рубл шуда буд. Баъд рубли бе аломати “ь” дар Тоҷикистон ба муомила даромад, то ин ки 30 октябри 2000 пули миллии Тоҷикистон -сомонӣ ба майдон омад. То ин замон ҳазор ба як, яъне хеле ночиз шуд”, - гуфт Сироҷиддин Икромӣ.Раиси “Амонатбонк” афзуд, агар дар оянда имконият ба вуҷуд ояд, замина барои барои ҷуброн кардани ин маболиғ фарҳам шавад, ҳар нафаре, ки аз ин пасандоз дар “Амонатбонк” дорад, метавонад ҳисобашро назорат кунад.“Дар баробари хавфҳое, ки бозорӣ, асъорӣ, қарзиву фоизӣ ва ғайра ҳастанд, ин гуна ҳолатҳоро дар бонкдорӣ, ба истилоҳ, хавфи сиёсӣ меноманд. Хавфи сиёсӣ вобастагӣ дорад ба таҳаввулоти сиёсӣ, на фаъолияти бонк ё амонатгузор. Иттиҳоди Шӯравӣ буд, имрӯз нест. Дар ҳамаи давлатҳои собиқ Шӯравӣ тақдири ин пулҳо чунин буд, яъне ночиз шуда рафтанд”, - гуфт Сироҷиддин Икромӣ.Бино ба иттилоъи манобеъи гуногун, “Амонатбонк” аз “Сбербанк” – и Шӯравӣ то таърихи 1 январи соли 1992 пасандозҳои ба теъдоди 1 миллиону 623.6 ҳазор амонатгузорро ба маблағи 3 миллиарду 629.8 миллион рубли Шӯравиро ба мерос гирифта буд.
https://sputnik.tj/20230206/tojikiston-tajriba-rusiya-qarz-ipoteki-1054704032.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2023
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/04/1a/1039046383_0:0:800:600_1920x0_80_0_0_eee033a5fb761bf409db59318913e738.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоҷикистон, амонатбонк, хавфи сиёсӣ, замон шӯравӣ, муштарӣ, амонат
тоҷикистон, амонатбонк, хавфи сиёсӣ, замон шӯравӣ, муштарӣ, амонат
“Хавфи сиёсӣ”: амонатҳои замони Шӯравӣ чаро ночиз шуданд?
Бонки давлатии амонатгузории “Амонатбонк” далоили ночиз шудани амонатҳои ҳазорон муштарии боқимонда аз замони Шӯравиро шарҳ дод
ДУШАНБЕ, 06 февр – Sputnik. Ин бонк, ки вориси “Сбербанк”, бонки асосии Иттиҳоди Шӯравии собиқ, ба шумор меравад, ҷуброни маболиғи барбодрафтаи амонатгузорони худро имконпазир медонад.
Сироҷиддин Икромӣ, раиси “Амонатбонк”, зимни нишасти матбуотӣ ба хабарнигорон гуфт, ҳисоби пасандозҳои ашхоси воқеъӣ дар давраи Шӯравӣ дар ихтиёри бонк қарор дорад, аммо вобаста ба деноминатсия, ё аз байн бурдани сифрҳое, ки баъди рақами мушаххас ҳастанд, ин маболиғ ниҳоят ночиз шудаанд.
“Вақте истиқлолият ба даст омад ва ҳатто дар хазинаи бонк пули пуччак ҳам набуд, ин маболиғ ба сифр баробар шуда буданд. Мардум, ки зиёд шикоят кард, як ҳукумат як Комиссияи вижа барои ислоҳоти пулӣ таъсис дод ва то соли 1995, вақте ки “рубл” бо “ь” буд, аллакай 100 рубл як рубл шуда буд. Баъд рубли бе аломати “ь” дар Тоҷикистон ба муомила даромад, то ин ки 30 октябри 2000 пули миллии Тоҷикистон -сомонӣ ба майдон омад. То ин замон ҳазор ба як, яъне хеле ночиз шуд”, - гуфт Сироҷиддин Икромӣ.
Раиси “Амонатбонк” афзуд, агар дар оянда имконият ба вуҷуд ояд, замина барои барои ҷуброн кардани ин маболиғ фарҳам шавад, ҳар нафаре, ки аз ин пасандоз дар “Амонатбонк” дорад, метавонад ҳисобашро назорат кунад.
“Дар баробари хавфҳое, ки бозорӣ, асъорӣ, қарзиву фоизӣ ва ғайра ҳастанд, ин гуна ҳолатҳоро дар бонкдорӣ, ба истилоҳ, хавфи сиёсӣ меноманд. Хавфи сиёсӣ вобастагӣ дорад ба таҳаввулоти сиёсӣ, на фаъолияти бонк ё амонатгузор. Иттиҳоди Шӯравӣ буд, имрӯз нест. Дар ҳамаи давлатҳои собиқ Шӯравӣ тақдири ин пулҳо чунин буд, яъне ночиз шуда рафтанд”, - гуфт Сироҷиддин Икромӣ.
Бино ба иттилоъи манобеъи гуногун, “Амонатбонк” аз “Сбербанк” – и Шӯравӣ то таърихи 1 январи соли 1992 пасандозҳои ба теъдоди 1 миллиону 623.6 ҳазор амонатгузорро ба маблағи 3 миллиарду 629.8 миллион рубли Шӯравиро ба мерос гирифта буд.