Фармони президент барои боло бурдани маошу стипендия: Аз кӣ чӣ қадар зиёд мешавад?

© Пресс-служба Президента Республики ТаджикистанПрезидент Таджикистана Эмомали Рахмон
Президент Таджикистана Эмомали Рахмон - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 06.02.2023
Обуна шудан
Раисҷумҳури Тоҷикистон барои баланд бардоштани сатҳи накуаҳволии мардуми кишвар фармон додааст, ки маошу стипендия боло бурда шавад
ДУШАНБЕ, 6 фев — Sputnik. Аз 1 марти соли 2023 маоши хизматчиёни ҳарбӣ, кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ба андозаи 25% ва кормандони дигари ин мақомот ба андозаи 20% фоиз зиёд карда мешавад.
Фармон дар ин бораро раисҷумҳури Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон ба имзо расонд.
Бар асоси ин санад, маоши заминавӣ барои ҳисоб намудани коэффитсиентҳо барои рутбаҳои ҳарбии хизматчиёни ҳарбӣ ва махсуси кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ аз рутбаи қаторӣ то лейтенант 995 сомонӣ ва аз рутбаи лейтенанти калон то генерали артиш 895 сомонӣ муқаррар карда мешавад.
Андозаи маоши заминавӣ барои хизматчиёни давлатӣ, ки дар сохторҳои ҳарбӣ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқ фаъолият менамоянд, барои мансабҳои категорияҳои олӣ, якум, дуюм, сеюм, чоруми хизмати давлатӣ 895 сомонӣ ва барои мансабҳои маъмурии категорияҳои панҷум, шашум, ҳафтум 995 сомонӣ муқаррар гардид.
Таджикские сомони в кошельке - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 03.02.2023
Бекорӣ дар Суғд каму маош наздики 15% зиёд шудааст
Инчунин бар асоси фармон аз 1 июли соли 2023, маоши вазифавии кормандони ташкилотҳои соҳаи маориф, илм, тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоӣ 20% зиёд карда мешавад
Бар асоси фармон, маоши заминавӣ барои ҳисоб намудани маоши вазифавии кормандони ташкилотҳои соҳаи тандурустӣ 20% зиёд карда шуда, 440 сомонӣ муқаррар мегардад.
Стипендияҳои амалкунандаи донишҷӯён ва намудҳои дигари стипендия ба андозаи 20% зиёд карда шаванд, нафақаи заминавӣ 20% ба андозаи 250 сомонӣ муқаррар мегардад.
Нафақаҳои суғуртавӣ, ба андозаи сатҳи таварруми ду соли охир баробари 16% индексатсия мешаванд.
Нафақаҳои дигари амалкунанда, ки ба андозаи 20% аз меъёри нафақаи заминавӣ баробар ба 50 сомонӣ афзоиш меёбад.
Таъкид шудаст, ки ин иқдом аз ҳисоби маблағҳои пешбинишудаи буҷа, маблағҳои бақияи озод, иҷрои барзиёди даромади буҷетҳои ҷумҳуриявӣ, маҳаллӣ ва суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа, инчунин аз ҳисоби сарфаи моддаҳои ҳимояшавандаи буҷет таъмин карда шавад.
Лентаи хабарҳо
0