https://sputnik.tj/20230205/kafolati-putin-hifzi-zelenskiy-takhribkorii-gharb-1054696570.html
Аз кафолати Путин барои ҳифзи ҷони Зеленский то тахрибкории Ғарб: Ошкоргӯиҳои Беннет
Аз кафолати Путин барои ҳифзи ҷони Зеленский то тахрибкории Ғарб: Ошкоргӯиҳои Беннет
Sputnik Тоҷикистон
Собиқ сарвазири Исроил мегӯяд, президенти феълии Украина танҳо баъди он, ки кафолати амнияти ҷонашро аз сӯи президенти Русия шунид, бункерро тарк кард
2023-02-05T18:30+0500
2023-02-05T18:30+0500
2023-02-05T18:51+0500
дар ҷаҳон
сиёсат
има
исроил
украина
ғарб
владимир путин
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/0a/16/1043046185_0:191:3073:1919_1920x0_80_0_0_4b208285c7206da40cdad8eddf28c7cb.jpg
ДУШАНБЕ, 5 фев — Sputnik. Нахуствазири собиқи Исроил, Нафтали Беннет, аз аз музокирот дар марҳилаи аввали амалиёти низомии Русия дар Украина гуфт. Ӯ зимни суҳбат, ки наворашро дар саҳифааш дар шабакаҳои иҷтимоӣ нашр кард, аз хоҳиши президенти Украина, Владимир Зеленский барои тамос бо раисҷумҳури Русия, Владимир Путин гуфт. Беннет изҳор дошт, ки аз президенти Русия дар мавриди қасди ҷони Зеленский надоштани ҷониби Маскавро шунид ва ин маълумотро ба президенти Украина нарасонд. Ба гуфтаи ӯ, Зеленский баъди гирифтани ин маълумот ба утоқи корияш баргашту навор сабт кард, ки аз чизе наметарсад. Вай ҳамчунин афзуд, ки Ғарб музокироти Русия ва Украинаро халалдор кард. Ба гуфтаи Нафталӣ Беннетт дар оғози амалиёти вижа миёни Русия ва Украина миёнарав буд ва музокироти ду кишвар аз сӯи кишварҳои ғарбӣ халалдор шудааст. "Ҳамаи амалҳои ман то хурдтарин ҷузъиёт бо Амрико, Олмон ва Фаронса ҳамоҳанг карда шуданд... Онҳо гуфтушунидро қатъ карданд",- гуфт Беннетт дар мусоҳибааш, ки дар YouTube-каналаш нашр шуд. Ба гуфтаи нахуствазири собиқи Исроил, аммо Ғарб тасмим гирифт, ки "Путинро шикаста, музокира накунад". Ӯ гуфт, пеш аз он ки Ғарб ба музокироти Русия ва Украина халал ворид кунад, дастикам 17 тарҳи созиши оташбас омода шуда буд.Маврид ба зикр аст, ки аз моҳи феврали соли 2021 амалиёти вижаи Русия дар Украина идома дорад, ки ҳадафи он ҳимояи сокинони Донбасс гуфта мешавад.
https://sputnik.tj/20230205/volodin-khostor-mujozot-ima-jinoyot-bashariyat-1054694678.html
има
исроил
украина
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2023
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/0a/16/1043046185_0:0:2731:2048_1920x0_80_0_0_02905ac5756355703913ef45fc799183.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
собиқ, сарвазир, исроил, ҷузъият, музокирот, гуфтушунид
собиқ, сарвазир, исроил, ҷузъият, музокирот, гуфтушунид
Аз кафолати Путин барои ҳифзи ҷони Зеленский то тахрибкории Ғарб: Ошкоргӯиҳои Беннет
18:30 05.02.2023 (Навсозишуда: 18:51 05.02.2023) Собиқ сарвазири Исроил мегӯяд, президенти феълии Украина танҳо баъди он, ки кафолати амнияти ҷонашро аз сӯи президенти Русия шунид, бункерро тарк кард
ДУШАНБЕ, 5 фев — Sputnik. Нахуствазири собиқи Исроил, Нафтали Беннет, аз аз музокирот дар марҳилаи аввали амалиёти низомии Русия дар Украина гуфт.
Ӯ зимни суҳбат, ки наворашро дар саҳифааш дар шабакаҳои иҷтимоӣ нашр кард, аз хоҳиши президенти Украина, Владимир Зеленский барои тамос бо раисҷумҳури Русия, Владимир Путин гуфт.
Беннет изҳор дошт, ки аз президенти Русия дар мавриди қасди ҷони Зеленский надоштани ҷониби Маскавро шунид ва ин маълумотро ба президенти Украина нарасонд. Ба гуфтаи ӯ, Зеленский баъди гирифтани ин маълумот ба утоқи корияш баргашту навор сабт кард, ки аз чизе наметарсад.
Вай ҳамчунин афзуд, ки Ғарб музокироти Русия ва Украинаро халалдор кард. Ба гуфтаи Нафталӣ Беннетт дар оғози амалиёти вижа миёни Русия ва Украина миёнарав буд ва музокироти ду кишвар аз сӯи кишварҳои ғарбӣ халалдор шудааст.
"Ҳамаи амалҳои ман то хурдтарин ҷузъиёт бо Амрико, Олмон ва Фаронса ҳамоҳанг карда шуданд... Онҳо гуфтушунидро қатъ карданд",- гуфт Беннетт дар мусоҳибааш, ки дар YouTube-каналаш нашр шуд.
Ба гуфтаи нахуствазири собиқи Исроил, аммо Ғарб тасмим гирифт, ки "Путинро шикаста, музокира накунад".
Ӯ гуфт, пеш аз он ки Ғарб ба музокироти Русия ва Украина халал ворид кунад, дастикам 17 тарҳи созиши оташбас омода шуда буд.
Маврид ба зикр аст, ки аз моҳи феврали соли 2021 амалиёти вижаи Русия дар Украина идома дорад, ки ҳадафи он ҳимояи сокинони Донбасс гуфта мешавад.