https://sputnik.tj/20230204/tojikiston-barf-meborad-1054682096.html
Дар Тоҷикистон барф меборад
Дар Тоҷикистон барф меборад
Sputnik Тоҷикистон
Дар аксар минтақаҳои кӯҳии ВМКБ, Хатлону Суғд, ноҳияҳои тобеи марказ боришоти барф пуршиддат мешавад. Зимнан, дамои ҳаво чандон хунук нахоҳад шуд 04.02.2023, Sputnik Тоҷикистон
2023-02-04T11:21+0500
2023-02-04T11:21+0500
2023-02-04T11:22+0500
дар тоҷикистон
обу ҳаво
барф
иҷтимоъ
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e7/01/0b/1054126019_0:1483:2047:2634_1920x0_80_0_0_6fd852a76e2516f72acbfcd04a4a9514.jpg
ДУШАНБЕ, 4 фев – Sputnik. Оҷонсии обуҳавошиносӣ аз ҳавои тағйирёбанда дар Тоҷикистон хабар дода, пешгӯӣ намудааст, ки дар аксар минтақаҳои кӯҳӣ боришоти шадиди барф ба амал меояд.Ба иттилои манбаъ, дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон шабона ва саҳаргоҳон борон ва барфи бошиддат меборад. Ҳаво дар ғарби вилоят шабона 1-6 дараҷа хунук, рӯзона 0-5 дараҷа гарм мешавад. Дар қисмати шарқӣ шабона 14-19 ва рӯзона 5-10 дараҷа хунук хоҳад шуд.Дар ноҳияҳои алоҳидаи вилояти Суғд боришоти борон ва барф ба амал омада, рӯзона дар водиҳо асосан бебориш мешавад. Шамол аз самти ғарб бо суръати 7-12 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона аз як дараҷа хунук то 4 дараҷа гарм ва рӯзона 5-10 дараҷа гарм мешавад.Дар вилояти Хатлон низ чунин вазъи ҳаво дар назар буда, дар ноҳияҳои алоҳида туман мефарояд. Шамол аз самти ғарб бо суръати 7-12 метр дар як сония мевазад. Шабона ҳаво 5-10 ва рӯзона 11-16 дараҷа гарм мешавад.Дар баъзе шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ саҳаргоҳон борони бошиддат ба амал омада, дар ноҳияҳои алоҳида туман мефарояд. Вазиши шамол бар ноҳияҳои алоҳида ба 10-15 метр дар як сония мерасад. Ҳаво дар водиҳо шабона 2-7 рӯзона 8-13 дараҷа гарм хоҳад шуд.Дар Душанбе ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар баъзе ҳолатҳо ҳаво боронӣ аст. Ҳаво шабона 3-5, рӯзона 11-13 дараҷа гарм мешавад.
https://sputnik.tj/20230117/garmiho-tojikiston-meoyad-sharh-korshinos-1054286492.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2023
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e7/01/0b/1054126019_0:1291:2047:2826_1920x0_80_0_0_74393c19e98d0e9424ed94522a561760.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
дар тоҷикистон, обу ҳаво, барф, иҷтимоъ
дар тоҷикистон, обу ҳаво, барф, иҷтимоъ
Дар Тоҷикистон барф меборад
11:21 04.02.2023 (Навсозишуда: 11:22 04.02.2023) Дар аксар минтақаҳои кӯҳии ВМКБ, Хатлону Суғд, ноҳияҳои тобеи марказ боришоти барф пуршиддат мешавад. Зимнан, дамои ҳаво чандон хунук нахоҳад шуд
ДУШАНБЕ, 4 фев – Sputnik. Оҷонсии обуҳавошиносӣ аз ҳавои тағйирёбанда дар Тоҷикистон хабар дода, пешгӯӣ намудааст, ки дар аксар минтақаҳои кӯҳӣ боришоти шадиди барф ба амал меояд.
Ба иттилои манбаъ, дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон шабона ва саҳаргоҳон борон ва барфи бошиддат меборад. Ҳаво дар ғарби вилоят шабона 1-6 дараҷа хунук, рӯзона 0-5 дараҷа гарм мешавад. Дар қисмати шарқӣ шабона 14-19 ва рӯзона 5-10 дараҷа хунук хоҳад шуд.
Дар ноҳияҳои алоҳидаи вилояти Суғд боришоти борон ва барф ба амал омада, рӯзона дар водиҳо асосан бебориш мешавад. Шамол аз самти ғарб бо суръати 7-12 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона аз як дараҷа хунук то 4 дараҷа гарм ва рӯзона 5-10 дараҷа гарм мешавад.
Дар вилояти Хатлон низ чунин вазъи ҳаво дар назар буда, дар ноҳияҳои алоҳида туман мефарояд. Шамол аз самти ғарб бо суръати 7-12 метр дар як сония мевазад. Шабона ҳаво 5-10 ва рӯзона 11-16 дараҷа гарм мешавад.
Дар баъзе шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ саҳаргоҳон борони бошиддат ба амал омада, дар ноҳияҳои алоҳида туман мефарояд. Вазиши шамол бар ноҳияҳои алоҳида ба 10-15 метр дар як сония мерасад. Ҳаво дар водиҳо шабона 2-7 рӯзона 8-13 дараҷа гарм хоҳад шуд.
Дар Душанбе ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар баъзе ҳолатҳо ҳаво боронӣ аст. Ҳаво шабона 3-5, рӯзона 11-13 дараҷа гарм мешавад.