https://sputnik.tj/20230117/garmiho-tojikiston-meoyad-sharh-korshinos-1054286492.html
Гармиҳо кай ба Тоҷикистон меояд? Шарҳи коршинос
Гармиҳо кай ба Тоҷикистон меояд? Шарҳи коршинос
Sputnik Тоҷикистон
Ҳавошиносони тоҷик муайян кардаанд, ки гармшавӣ дар минтақаҳо аз манотиқи кӯҳистонӣ зудтар оғоз мешавад, ки ҳавои гарм ва ҳарорати мусбӣ фаро мерасад.
2023-01-17T21:40+0500
2023-01-17T21:40+0500
2023-01-17T21:40+0500
дар тоҷикистон
суғд
сардиҳо
обу ҳаво
гарм
ҷанги сард
агентии ҳавосанҷӣ
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102726/81/1027268110_0:100:1921:1180_1920x0_80_0_0_03355d69d262c7e93a640b520b32eed4.jpg
ДУШАНБЕ, 17 янв – Sputnik. Дар шимоли Тоҷикистон, вилояти Суғд ҳаво тадриҷан тағйир меёбад ва аз сардиҳои сибирӣ изе боқӣ намемонад.Дар ин бора ба Sputnik Тоҷикистон аз Маркази ҳавошиносии Суғд хабар доданд. Ба гуфтаи Абдувалӣ Ҳамидов, раиси ин марказ, дар ин ҳафта рӯзҳои сардро ҳарорати мусбати деринтизораш иваз хоҳад кард.Бино ба арзёбии ин коршинос дараҷаи ҳарорати ҳаво дар ин санаҳо шабона аз 6 то 7 дараҷа сард хоҳад шуд.Аммо дар ҳамин ҳол, Ҳамидов тавзеҳ дод, ки сокинони водиҳои шимоли ҷумҳурӣ набояд ба гармшавии зиёд умед банданд. Ба гуфтаи вай, ҳаво рӯзона дар ин манотиқ аз 2 то 7 дараҷа ва шабона то 8 дараҷа сард хоҳад шуд. Бино ба иттилоъи ӯ, зимнан антисиклони сибирӣ то кунун дар фазои атмосферӣ дар водиҳо истод аст. Ин антисиклон баъди расидани антисиклони дигар, ки гармӣ дониста мешавад аз фазои атмосферӣ мо ба самти дигар ҳаракат мекунад. Ёдовар мешавем, ки сар аз 10 январ пас аз боридани барф дар Тоҷикистон сармои ғайриоддӣ кишварро фаро гирифт. Коршиносон қайд мекунанд, ки чунин сардиҳои моҳи январ дар 15 соли охир бори аввал аст.
https://sputnik.tj/20230117/yakhshusha-bomh-khona-dushanbe-video-1054268596.html
суғд
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2023
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102726/81/1027268110_106:0:1813:1280_1920x0_80_0_0_4423b3820a1639eacadbf6b866e0dcf0.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
гармиҳо тоҷикистон шарҳи коршинос
гармиҳо тоҷикистон шарҳи коршинос
Гармиҳо кай ба Тоҷикистон меояд? Шарҳи коршинос
Ҳавошиносони тоҷик муайян кардаанд, ки гармшавӣ дар минтақаҳо аз манотиқи кӯҳистонӣ зудтар оғоз мешавад, ки ҳавои гарм ва ҳарорати мусбӣ фаро мерасад.
ДУШАНБЕ, 17 янв – Sputnik. Дар шимоли Тоҷикистон, вилояти Суғд ҳаво тадриҷан тағйир меёбад ва аз сардиҳои сибирӣ изе боқӣ намемонад.
Дар ин бора ба Sputnik Тоҷикистон аз Маркази ҳавошиносии Суғд хабар доданд.
Ба гуфтаи Абдувалӣ Ҳамидов, раиси ин марказ, дар ин ҳафта рӯзҳои сардро ҳарорати мусбати деринтизораш иваз хоҳад кард.
“Тибқи иттилои ҳосилшуда ҳарорати ҳаво дар шароити доманакӯҳҳо тағйирёбанда хоҳад буд. Рӯзҳои 18 – 22 январ, рӯзона дараҷаи ҳарорати ҳаво аз – 4 дараҷа сардӣ то ба + 5 дараҷа гармӣ баробар хоҳад шуд”, – гуфт, Ҳомидов.
Бино ба арзёбии ин коршинос дараҷаи ҳарорати ҳаво дар ин санаҳо шабона аз 6 то 7 дараҷа сард хоҳад шуд.
Аммо дар ҳамин ҳол, Ҳамидов тавзеҳ дод, ки сокинони водиҳои шимоли ҷумҳурӣ набояд ба гармшавии зиёд умед банданд.
Ба гуфтаи вай, ҳаво рӯзона дар ин манотиқ аз 2 то 7 дараҷа ва шабона то 8 дараҷа сард хоҳад шуд.
Бино ба иттилоъи ӯ, зимнан антисиклони сибирӣ то кунун дар фазои атмосферӣ дар водиҳо истод аст.
Ин антисиклон баъди расидани антисиклони дигар, ки гармӣ дониста мешавад аз фазои атмосферӣ мо ба самти дигар ҳаракат мекунад.
Ёдовар мешавем, ки сар аз 10 январ пас аз боридани барф дар Тоҷикистон сармои ғайриоддӣ кишварро фаро гирифт.
Коршиносон қайд мекунанд, ки чунин сардиҳои моҳи январ дар 15 соли охир бори аввал аст.