https://sputnik.tj/20230204/salibi-surkh-avzoi-insoni-afghoniston-fojeabor-1054681065.html
Салиби cурх: Авзои инсонӣ дар Афғонистон фоҷеабор аст
Салиби cурх: Авзои инсонӣ дар Афғонистон фоҷеабор аст
Sputnik Тоҷикистон
Салиби сурх эълон кардааст, ки барои ҷилавгирӣ аз вахомати бештари вазъ ба Афғонистон кумакҳои башардӯстонаи бештаре лозим аст
2023-02-04T09:33+0500
2023-02-04T09:33+0500
2023-02-04T09:33+0500
афғонистон
осиёи марказӣ
вазъ
фоҷеа
кӯмаки башардӯстона
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/0b/1a/1053091834_0:0:3145:1770_1920x0_80_0_0_cae41df8aeb8dae0c1aeab9ceed5cc03.jpg
ДУШАНБЕ, 4 фев — Sputnik. Салиби сурх бо баёни ин ки яхбандон дар Афғонистони ҷони миллионҳо нафарро дар хатар гузошт, гуфтааст, ки барои ҷилавгирӣ аз вахомати бештари авзоъ ба кумакҳои башардӯстона бештар ниёз аст.Кумитаи байналмилалии Салиби сурх эълом кард, ки ҳавои “бисёр сард” дар Афғонистон ҷони миллионҳо нафарро дар хатар гузоштааст.Ба гуфта ин кумита тавонои хониводаҳо барои гарм кардани хонаҳояшан дар зимистони сарди имсол ба далели чолишҳои иқтисодӣ ба мизони қобили таваҷҷӯҳе коҳиш ёфтааст.Кумитаи байналмилалии Салиби сурх дар саҳифаи твиттерии худ гуфтааст, ки барои ҷилавгирӣ аз вахомати бештари вазъият ба кумакҳои башардӯстонаи бештар ниёз аст.Раиси ҳайати кумитаи Салиби сурх дар Афғонистон Алви Филиун ҳам дар саҳифаи твиттерии худ навишта аст, ки бо коҳиши шадиди дамои ҳаво дар зимистони имсол ва афзоиши чолишҳои иқтисодӣ, миллионҳо афғон бо ду интихоби мувоҷеҳ шуда ки ё ғизо омода кунанд ё ҳам маводи сӯхти гармоишӣ.“Мо наметавонем чашми худро бар вазъияти асафноки онҳо (ниёзмандон) бебандем ва ба посухгӯӣ ба ниёзҳои онҳо идома хоҳем дод”, - гуфт ӯГуфта мешавад, ки дар ҳоли ҳозир беш аз 28 миллион нафар дар Афғонистон ба кумакҳои башардӯстона ниёз доранд.
https://sputnik.tj/20230127/tashdidi-gurusnagi-afghoniston-7-million-kudaku-modar-1054540117.html
афғонистон
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2023
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/0b/1a/1053091834_114:0:2845:2048_1920x0_80_0_0_2072483d75cdb34c41927073e9f3c4d0.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
афғонистон, осиёи марказӣ, авзои инсонӣ, фоҷеабор, салиби сурх, кумаки башардӯстона
афғонистон, осиёи марказӣ, авзои инсонӣ, фоҷеабор, салиби сурх, кумаки башардӯстона
Салиби cурх: Авзои инсонӣ дар Афғонистон фоҷеабор аст
Салиби сурх эълон кардааст, ки барои ҷилавгирӣ аз вахомати бештари вазъ ба Афғонистон кумакҳои башардӯстонаи бештаре лозим аст
ДУШАНБЕ, 4 фев — Sputnik. Салиби сурх бо баёни ин ки яхбандон дар Афғонистони ҷони миллионҳо нафарро дар хатар гузошт, гуфтааст, ки барои ҷилавгирӣ аз вахомати бештари авзоъ ба кумакҳои башардӯстона бештар ниёз аст.
Кумитаи байналмилалии Салиби сурх эълом кард, ки ҳавои “бисёр сард” дар Афғонистон ҷони миллионҳо нафарро дар хатар гузоштааст.
Ба гуфта ин кумита тавонои хониводаҳо барои гарм кардани хонаҳояшан дар зимистони сарди имсол ба далели чолишҳои иқтисодӣ ба мизони қобили таваҷҷӯҳе коҳиш ёфтааст.
Кумитаи байналмилалии Салиби сурх дар саҳифаи твиттерии худ гуфтааст, ки барои ҷилавгирӣ аз вахомати бештари вазъият ба кумакҳои башардӯстонаи бештар ниёз аст.
Раиси ҳайати кумитаи Салиби сурх дар Афғонистон Алви Филиун ҳам дар саҳифаи твиттерии худ навишта аст, ки бо коҳиши шадиди дамои ҳаво дар зимистони имсол ва афзоиши чолишҳои иқтисодӣ, миллионҳо афғон бо ду интихоби мувоҷеҳ шуда ки ё ғизо омода кунанд ё ҳам маводи сӯхти гармоишӣ.
“Мо наметавонем чашми худро бар вазъияти асафноки онҳо (ниёзмандон) бебандем ва ба посухгӯӣ ба ниёзҳои онҳо идома хоҳем дод”, - гуфт ӯ
Гуфта мешавад, ки дар ҳоли ҳозир беш аз 28 миллион нафар дар Афғонистон ба кумакҳои башардӯстона ниёз доранд.