Ташдиди гуруснагӣ дар Афғонистон: 7 миллион кӯдаку модар сӯитағзия доранд

© AFP 2023 / Noorullah ShirzadaАфганские дети держат тарелки в ожидании еды в городе Джелалабад
Афганские дети держат тарелки в ожидании еды в городе Джелалабад - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 27.01.2023
Обуна шудан
Намояндаи СММ дар Кобул гуфт, ки дар кишвари 40 миллион нафарии Афғонистон, 7 миллион кӯдак зери панҷ сол ва модаронашон мубтало ба сӯитағзия ҳастанд
ДУШАНБЕ, 27 янв — Sputnik. Нисфи мардуми Афғонистон бидуни тавваҷуҳ ба фасл, гуруснагии шадидро дар тӯли сол таҳаммул мекунанд ва мавориди сӯитағзия дар Афғонистон ба болотарин сатҳ расидааст, гуфт сухангуи Барномаи ҷаҳонии ғизо дар шаҳри Кобул Филип Кроуп.
“Афғонҳо аз гуруснагӣ намемеринд, аммо ҳеҷ манбае барои ҷилавгирӣ аз буҳрон инсонӣ надоранд”, - гуфт вай.
Сухангуи Барномаи ҷаҳонии ғизо дар Кобул ҳамчунин бо ишора ба мамнуъияти кор барои занон гуфт, ки ин мамнуъият дар бадтарин замони мумкин иттифоқ афтодааст.
Представитель движения Талибан - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 27.01.2023
Толибҳо аз ҳамкориҳои густардаи Эрон бо Афғонистон қадрдонӣ кард
Кроуп таъкид кард, ки ҳамакнун шароит дар Афғонистон ба гунаест, ки бисёре аз хониводаҳо намедонанд ваъдаи ғизои баъдиашон аз куҷо ба даст хоҳад омад.
Тасаллути толибон дар соҳи августи 2021 дар канори таваққуфи кумакҳои хориҷӣ, таҳримҳои мақомоти ин гурӯҳ, тавоққуфи интиқолоти банкӣ ва мунҷамид шудани миллиардҳо доллари захоири арзии Афғонистон, миллионҳо афғонистониро ба фақр ва гуруснагӣ кашонад.
Лентаи хабарҳо
0